Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор додааст, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.
Ин ниҳод бо нашри як огоҳинома гуфтааст, ки аз моҳи феврали соли 2024 ҳазориспанд дар қаламрави Русия ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид шудааст ва бар асоси моддаи 231 Кодекси ҷиноии Русия барои гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи он (шахсӣ ва тиббӣ) ҷарима ва ё ба ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст
ВКД гуфтааст, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷиро барои истифодаи ҳазориспанд ба Русия ва ё бурдани он ба ин кишвар метавонанд аз Русия ихроҷ ё “депортатсия” кунанд.
“Дар сурати аз меъёри пешбинишуда зиёд будани растании «ҳазориспанд» нисбати интиқолдиҳанда ҷарима ба маблағи 1 миллион рубли русӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст”, - гуфтааст ин ниҳод.
Вале ишора накардааст, ки меъёри пешбинишудаи интиқоли ҳазориспанд чӣ қадар аст.
Қаблан, як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Челябинск, ки мехост 317 грамм ҳазориспандро ба Русия ворид кунад, боздошт шуд. Ин мард гуфт, аз воридот ва манъи истифодаи ин ин растанӣ дар Русия бехабар буд ва мехост онро ҳамчун даво истифода барад.
Хотиррасон мекунем, ки моҳи феврали соли 2024 ҳазориспанд ба рӯйхати растаниҳои мамнӯи дорои маводи мухаддир дар Русия ворид карда шуд. Ҳадафи ворид намудани онҳо ба рӯйхат – пешгирии кишт ва гардиши ғайриқонунии ин растаниҳо гуфта мешавад.
Ҳазориспанд зиёда аз 10 ном дорад. Сокинони Тоҷикистон бар он боваранд, ки ин растании нодир на танҳо барои табобати бемориҳои гуногун муфид аст, инчунин аз чашми бад муҳофизат мекунад.
Аксар вақт ин гиёҳро барои тоза кардани ҳавои хона истифода мебаранд ва аз он ҷӯшобаҳои гуногун омода мекунанд.
Дар таркиби ҳазориспанд стероидҳо, равғанҳои эфирӣ, протеинҳо, алкалоидҳо, кислотаҳои органикӣ, сапонинҳо ва каротиноидҳо мавҷуданд.
Тухми ин гиёҳро барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва кирми меъда истифода мебаранд.
Дар бозору ва кӯчаҳои Тоҷикистон аксар вақт мардон ё занон бо зарфҳои дуддиҳанда дар даст бар ивази маблағ мошинҳо, хонаҳо ва одамонро бо ин гиёҳ дуд мекунанд. Бисёриҳо бар он боваранд, ки ин дуд барои онҳо хушбахӣтӣ меорад ва аз чашми бад дур нигоҳ медорад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста