Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули қароре барои додани нафақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз онҳо пардохти андози иҷтимоиро талаб намудааст. Дар ин бора қарори дахлдор аз 28 феврали соли ҷорӣ дар пойгоҳи Вазорати адлия замима гардидааст.
Дар ин ҳуҷҷат ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ на камтар аз як нишондиҳанда ишора шудааст, ки соли ҷорӣ ба 75 сомонӣ баробар аст ва метавонад барои солҳои минбаъда тағйир ёбад.
Гуфта мешавад, тартиби пардохти андози иҷтимоӣ тариқи барномаи мобилии “Андози ман” сурат мегирад. Дар ин барномаи мобилӣ муҳоҷири меҳнатӣ дар бораи ихтиёран супоридани андози иҷтимоӣ дархост мегузорад ва ба ӯ ҳамчун андозсупорандаи иҷтимоии ихтиёрӣ рақами суғуртавӣ дода мешавад.
Дар қарор омадааст, “нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз маблағи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии ба мақомоти ваколатдор ба таври ихтиёрӣ пардохтнамуда ҳисоб карда мешавад”.
Муҳоҷироне, ки мехоҳанд бо нафақаи хуб таъмин шаванд, ҳар семоҳа, шашмоҳа ва ё солона андози иҷтимоиро ба таври ғайринақдӣ бояд пардохт кунанд.
Бояд гуфт, бо нафақа таъмин шудани муҳоҷирони корӣ дар Русия солҳо инҷониб мавриди баҳс қарор дорад. Ахиран соли 2022 баъди баррасии беш аз 7 сола ва 7 даври гуфутушунидҳо Созишнома бо Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа қабул шуда, баъди тасвиби порлумони Русия ҳукми қонунӣ гирифт ва муҳоҷирон ҳақ пайдо карданд, ки аз ин кишвар нафақа гиранд. Аммо талаботи асосӣ доштани таҷрибаи корӣ ва пардохти андози иҷтимоӣ гуфта мешуд.
Бо ин ҳама баҳси нафақа гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ то ҳол идома дошта, ҳамчунин дар бораи нагирифтани нафақа баъди супоридани андози иҷтимоӣ низ шикоятҳо буданд.





В Узбекистане осудили преступную группу, торговавшую человеческими органами
Когда виртуальное становится реальным: в Таджикистане обсудили вопрос защиты девочек от гендерного насилия в Интернете
Леса уходят, и природные катастрофы в Таджикистане становятся ближе
«Эсхата Банк» стал лауреатом награды Европейского банка реконструкции и развития (ЕБРР)
В Душанбе открыта таджикско-китайская экологическая лаборатория
Здание знаменитой чайханы «Харбуза» снова выставлено на продажу
В Таджикистане операторов обязали платить утильсбор за базовые станции
Зеленский допустил решение территориального вопроса Украины на выборах или референдуме
Переговоры лидеров Таджикистана и Туркменистана состоялись на полях Форума мира и доверия
Кубок Азии U-17: определены все 16 участников - Таджикистан среди лучших
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста