Ҳуҷуми малахи марокашӣ ба майдонҳои кишт ва чарогоҳҳо, кишоварзони вилояти Суғдро нигарон кардааст. Ин намуди ҳашарот то имрӯз дар майдони 9 ҳазору 869 гектар паҳн шудааст. Дар ин бора Холиқ Бобоҷонов, сардори муасссиаи “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”-и вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, барои пешгирӣ паҳншавии малах дар вилоят ситоди корӣ ташкил шуда, дар шаҳру ноҳияҳое, ки аллакай, малах паҳн гардидааст, корҳои базараргардонӣ идома дорад.
“Имсол, безараргардонии малах дар майдони 29 ҳазору 875 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 564 гектар зиёд аст. Соли 2024 дар майдони 29311 гектар коркарди кимиёӣ гузаронида шуда буд”, - зикр кард Холиқ Бобоҷонов.
Ӯ гуфт, корҳои безараргардонӣ то моҳҳои июли соли равон идома мекунад.
Ба иттилои номбурда, ҳоло дар 8 шаҳру ноҳияи шимоли кишвар паҳшавии малах ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳама бештар ноҳияи Деваштич осебпазир аст.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Деваштич дар майдони 2500 гектар, Спитамен дар 2000 гектар, дар Мастчоҳ 1540 гектар замин, Бобоҷон Ғафуров дар 1450 замин ва дар Зафаробод дар майдони 1305 гектар замин малах паҳн шуда, ба киштӣ аҳолӣ зарар расонидааст.
Ҳаҷми умумии хисороти малах то ҳол маълум нест.
Барои нобуд кардани малах дар вилоят дар умум 285 дастгоҳ, аз ҷумла 14 адад трактори дорупошӣ ва дастгоҳи аэрозолӣ, 4 дона автомашинаи дорупошӣ ва 267 дорупошаки дастӣ бо ҷалби 293 нафар кор карда истодаанд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола бо фаро раисдани фасли баҳор селаи малах “меҳмон”-и нохондаи заминҳои Тоҷикистон, махсусан Суғду Хатлон мешавад. Мақомот барои мубориза ба он ҳар сол дасту панҷа нарм мекунанд, вале тавре дида мешавад, сол аз сол селаи малахҳо зиёд мегардаду кам не.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста