Мақомоти Русия давоми чор моҳи охир беш аз 19 ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро аз ҳудуди ин кишвар ихроҷ кардаанд. Дар миёни хориҷшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, аммо теъдоди дақиқи онҳо маълум нест.
Хабаргузории “Интерфакс” рӯзи 24-уми май навишт, ки аз аввали соли ҷорӣ то кунун додгоҳҳои Русия 19,1 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ва шахсони бешаҳрвандиро ихроҷ кардаанд. Манбаъ гуфтааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 600 нафар камтар будааст.
Дар чор моҳи соли 2024-ум ин рақам 21,7 ҳазор нафарро ташкил кардааст.
Тибқи маълумоти дафтари матбуоти идораи додгоҳҳои Русия, сабаби камтар шудани ихроҷ тамдиди муҳлати қонуни кардани будубош ва кори муҳоҷирон дар Русияро то 10-уми сентябр аст.
Ёдрас мешавем, ки охири моҳи декабр раисҷумҳури Русия фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он муҳоҷироне, ки дар ҳудуди ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, уҳдадор гардиданд, то 30-юми апрели соли 2025 ҳузуру кори худро дар ин кишвар қонунӣ гардонанд.
Охири моҳи апрел бо судури фармони дигар муҳлати қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави Русия, то 10-уми сентябр дароз кард.

Бояд гуфт, ки касоне, ки то ин муҳлат мақоми ҳузури худро қонунӣ намесозанд, бояд кишварро тарк кунанд. “Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?” дар матлаби зерин мутолиа кунед.
Тибқи маълумоти расмӣ, мақомоти Русия давоми соли 2024-ум дар маҷмӯъ 88 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ иқомат доштаанд, ихроҷ кардаанд.
Ин теъдод қариб як баробар бештар аз соли 2023-юм аст. Дар ин сол беш аз 44,2 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз Русия ихроҷ карда буданд.
Мақомоти Тоҷикистон омори расмии ихроҷшудагонро ба расонаҳои кишвар дастрас намекунанд ва аз додани ҳар гуна маълумоти расмӣ дар ин бобат худдорӣ мекунанд. Танҳо Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 14-уми феврали имсол изҳор дошт, ки теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта аз Русия ихроҷ шудаанд, то 30 ҳазор нафар расид.
Бояд гуфт, пас аз ҳодисаи “Крокус” дар соли гузашта фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд ва қоидаву қарорҳои нав кор ва будубоши муҳоҷиронро дар Русия душвор кард. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад, дар ин пайванд мутолиа кунед.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста