Қариб ба ҳар як дуюм шаҳрванди Тоҷикистон додани раводиди сайёҳӣ ва корӣ ба ИМА дар соли 2024 рад шудааст. Дар ин бора дар ҳисоботи нави Департаменти давлатии ИМА зикр мешавад.
Мувофиқи ин санад, сатҳи рад шуданҳо аз рӯйи раводиди категорияи В1/В2 - 45,24-ро ташкил додааст. Ин навъи раводид барои сафарҳои кӯтоҳмуҳлат бо мақсади сайёҳӣ, табобат, гуфтушунидҳои корӣ ва иштирок дар конфронсҳо пешбинӣ шудааст. Аризадиҳанда бояд хусусияти муваққатӣ доштани сафар ва мавҷудияти дигар алоқаҳо бо ватанро исбот намояд.
Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз лиҳози шумораи рад шудан мақоми 4-умро касб кардааст.
Дар зинаи аввал дар минтақа бо нишондиҳандаи 64,41% Ӯзбекистон, мақоми дуюм Туркманистон - 58,80%, ҷойи сеюм Қазоқистон - 46,29% ва зинаи панҷум Қирғизистон - 39,14% қарор доранд.
Бино ба иттилои Департаменти давлатӣ, сатҳи баланди радшавиҳо ба сахт шудани назорати раводид, аз ҷумла санҷиши шабакаҳои иҷтимоии аризадиҳанда маънидод мешавад.
Аз соли 2025 кормандони консулгарӣ пешниҳоди номгӯйи аккаунтҳои фаъоли шахсро дар "Facebook", "Instagram", "TikTok", "X" ("Twitter"), "Telegram" ва дигар платформаҳо тайи панҷ соли ахир дархост мекунанд.
Ба матлаб, бознашр ва шарҳу тавзеҳҳое, ки метавонанд ба сифати зиддиамрикоӣ, ифротгароӣ ё аз лиҳози сиёсӣ ҳассос баррасӣ шаванд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Дар ҳолатҳои ҷудогона радшавӣ метавонад бидуни шарҳи сабабҳо сурат гирад.
Қаблан сафоратхонаҳои ИМА дар саросари ҷаҳон баргузор намудани суҳбатҳо ҷиҳати дарёфти раводид барои донишҷӯёнро муваққатан боздоштанд. Ин тадбир дар доираи васеъ намудани низоми санҷиши амнияту бехатарӣ, аз ҷумла таҳлили фаъолмандии рақамии аризадиҳандагон ҷорӣ шуд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста