Телефони боварӣ барои сайёҳон нахустин ва ягона хидматрасонии чунин сатҳ дар Осиёи Марказӣ аст. Телефон моҳи феврали соли 2025 бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо сохторҳои гуногуни давлатӣ, ки ҳамеша барои кумак ба сайёҳон омодаанд, роҳандозӣ шуд.
Дар як рақам мутахассисони якчанд хадамот, аз ҷумла додситонӣ, милитсия, марзбонӣ ва гумрук, инчунин намояндагиҳои консулгарӣ муттаҳид шудаанд.
Сайёҳон вобаста ба ҳама гуна масоил, ки дар роҳ дучор мешаванд, аз ҷумла убури марз, анҷоми расмиёти раводид, мушкилоти марбут ба нақлиёт ё дарёфти маълумот дар маҳал ройгон ва зуд кумак мегиранд.
Метавон ба рақами +992 118-200-200 занг зад ё навишт. Ин рақам аз рӯзи душанбе то ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00 дастрас аст. Дар вақти ғайрикорӣ хабарҳо тариқи WhatsApp ё Telegram қабул шуда, мутахассисон ҳатман ҷавоб медиҳанд.
Аз замони роҳандозӣ шудани он аллакай даҳҳо сайёҳон ба телефони боварӣ муроҷиат карда, дар ҳолатҳои гуногун кумак дастрас карданд. Дар бораи чанде аз чунин ҳолатҳо маълумот манзуратон мекунем.
Вақте ки кумак саривақт мерасад
Яке аз чунин ҳолатҳо ахиран дар ВМКБ рух дод. Сайёҳ аз Туркия бо дучарха (мотосикл) танҳо як худаш ба минтақаҳои зебои Помир ба сафар баромад. Аммо чанде дуртар аз ағбаи Харгӯш садама рух дода, пойи сайёҳ зери дучархаи вазнин монд. Гирду атроф ҳеҷ касе набуд. Ӯ маҷрӯҳ зери дучархаи вазнин монда, аз дард азият мекашид.
Ягона роҳи наҷот занг задан ба телефони боварӣ монд. Сайёҳ дар бораи ҷойи садама ва макони будубоши худ паём фиристод:
“Ман поямро аз зери дучарха берун гирифта наметавонам. Бо дучарха ба садама дучор шуда, худам танҳоям ва аз дард азият мекашам. 10 км дуртар аз ҳамин ҷо бошишгоҳ (казарма)-и ҳарбӣ буд. Ҷароҳатам на он қадр вазнин аст, лекин хоҳиш мекунам, ки ҳарчи зудтар ба ёрии ман шитобед”.
Кормандони КҲФ ва милитсияи сайёҳӣ дарҳол барои кумак шитофта, баъди чанд соат мардро ёфтанд ва кумаки аввалия расониданд. Сипас ӯро то нуқтаи сарҳадӣ ҳамроҳӣ карда, барои идомаи саёҳаташ ба Қирғизистон ёрӣ расониданд.
Сарфи назар аз ҳодисаи ногувор, сайёҳ қаноатманд ва аз сафар хушнуд буд. Ӯ бахусус хеле зуд барои кумак расидан ва муносибати бодиққату ғамхоронаи мутахассисонро зикр кард.
Дастгирӣ ҳанӯз то сафар ба кишвар оғоз мегардад
Телефони боварӣ на танҳо дар ҳолатҳои таъҷилӣ, балки дар тарҳрезии нақшаи сафар низ ёрӣ мерасонад. Масалан, се сайёҳ аз Британияи Кабир ҳанӯз пеш аз омадан ба кишвар бо душвориҳо, аз ҷумла анҷоми расмиёти раводид (виза) ва дуруст кардани ҳуҷҷатҳо дучор шудаанд.
Кормандони милитсияи сайёҳӣ дар иҷрои ҳамаи ин корҳо ба онҳо кумак карда, сайёҳон ба Тоҷикистон омаданд. Баъдтар онҳо як наворе сабт карданд, ки дар он аз чунин пазироӣ ва ғамхорӣ нисбати сайёҳон изҳори хушнудӣ ва миннатдорӣ карданд.

Телефони боварӣ на танҳо ба саёҳони инфиродӣ ё худ ҷудогона, балки ба гурӯҳҳои созмонёфтаи сайёҳон низ ёрӣ мерасонад. Шикатҳои сайёҳие чун Silkway Adventure, Orient Adventure, Javohir Sair, Marko Polo ва Wild Frontiers Adventure Travel барои ёрӣ ба мизоҷони худ дар ҳолатҳои ғайримунтазира, аз ин хидматрасонӣ фаъолона истифода мебаранд.
Тоҷикистон кишварест, ки дар он ҳама вақт ба шумо кумак мекунанд
Телефони боварӣ кафолати амният ва бароҳатӣ барои ҳар як сайёҳ аст. Ҳатто дар дурдасттарин нуқтаи кишвар шумо мутмаин буда метавонед, ки кумак ҳамеша паҳлӯятон аст.
Агар шумо нияти сафар ба Тоҷикистонро дошта бошед, рақами +992 118-200-200 аз хотир набароред ва ҳамеша бо худ доред.
Дар ҳама гуна ҳолатҳои ғайриинтизор ҳатман ба шумо ёрӣ мерасонанд.



