Шаҳрдории Душанбе ваъда кард, ки то охири моҳи июли соли равон мушкили қатъи оби ошомиданӣ ва фишори пасти он дар баъзе минтақаҳои пойтахт бартараф мешавад. Дар ин бора Баҳром Саидзода, роҳбари КВД “Обу корези Душанбе” имрӯз, 25-уми июл дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба қавли ӯ, сабаби қатъ ва фишори пасти об дар пойтахт корҳои васл ва пайвасткунии қубурҳои нави обгузар мебошад.
“Мумкин ин мушкил то охири моҳ (моҳи июл дар назар аст-з муаллиф) ҳалли худро ёбад”, - таъкид намуд ӯ.
Баҳром Саидзода гуфт, бо маблағгузории Бонки рушди Осиё аз соли 2021 инҷониб ҳамаи қубурҳои обгузари ноҳияи Шоҳмансур нав мешаванд ва корҳо қариб ба анҷом расидааст.
Сабаби қатъи об ва фишори пасти он дар пойтахт чист?
Бояд гуфт, қаблан, ба "Азия-Плюс" низ сокинони бархе минтақаи пойтахт, аз ҷумла минтақаи Док ва кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур аз набудани оби нӯшокӣ ва паст будани фишори он шикоят карда буданд.
Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе низ ин ҳолатро тасдиқ карда гуфт, сокинони маҳалҳое, ки дар боло ишора шуданд, ба шаҳрдорӣ низ аз танқисии оби ошомиданӣ шикоят кардаанд.

Ӯ иддао кард, ки гурӯҳи корӣ аз ин маҳалҳо боздид кард ва мушоҳида шуд, ки сокинон оби ошомиданиро барои ниёзҳои дигари худ истифода мебаранд.
“Шаҳрвандон дар ҳавлиашон бо оби ошомиданӣ қолин ва ё нақлиёти худро мешӯянд. Аз ин сабаб дар қисмати болоии маҳал сокинон об надоранд”, - гуфт ӯ.
Ба қавли Бахтиёр Шарифӣ, дар назар аст, ки ба таври таҷрибавӣ дар ҳудуди пойтахт низоми биллингии об ҷорӣ карда мешавад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста