Дар Русия аз 1-уми сентябри соли равон барои муҳоҷирони корӣ дар Русия боҷи нав ҷорӣ мешавад ва ҳамчунин, арзиши бархе хидматрасонӣ, мисли тамдид патент ва ё азнавбақадгирии он гарон мегардад.
Хабаргузории “РИА Новости” менависад, ки аз ҷумла, барои баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан муҳоҷирон дар маҳалли будубош 500 рубл ситонида мешавад. Ҳоло ин хидматрасонӣ ройгон аст.
Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия барои тамдиди муҳлати иқомати муваққат аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ 1000 рубл пардохт мекунанд.
Манбаъ менависад, ки барои тамдиди иҷозатнома барои кор (патент) ё азнавбақайдгирии он акнун 4200 рубл ситонида мешавад. Вале агар хоҳед, ки нусхаи иҷозатномаи патентро ба даст биёред ва ягон тағйирот ба он ворид кунед, 2100 рубли дигар пардохт мекунед.
Ҳамчунин, барои сабти ном дар макони зист 1000 рубл пардохт крада мешавда. Ҳоло он 420 рубл аст.
Думаи давлатии Русия қарор барои ситонидани боҷҳои нав аз муҳоҷиронро аввали моҳи июл қабул кард.
Вазорати молияи ин кишвар мегӯяд, таъйини боҷи нав барои муҳоҷирони корӣ ба буҷети давлат 17 млрд рубл даромади изофӣ меорад.
Русия ҳамасола аз ҳисоби муҳоҷирон, махсусан пардохти пули патентмиллионҳо рубл даромад ба даст меорад. Аз ҷумла, дар 5 моҳи соли 2025 муҳоҷирон барои гирифтани патент ба буҷаи Русия 63 миллиард рубл (беш аз 7 миллиард сомонӣ) пардохт кардаанд, ки ин маблағ 35% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Бо ин вуҷуд, муҳоҷирон дар ин кишвар солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дучор мешаванд.
Ин фишорҳо махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.
Аз ҷумла, ки дар чор моҳи аввали соли 2025, 19 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ шудаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.
Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Вале тавре дида мешавад, ҳоло муваффақ нашудаанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста