Субҳи имрӯз, 18-уми сентябр, Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и Русия ба як хобгоҳи муҳоҷирон дар Маскав ворид шуда, “қариб 500 муҳоҷир”, аз ҷумла, тоҷиконро боздошт ва санадҳои онҳоро тафтиш кардааст.
Муҳоҷирони тоҷик бо ирсоли аксу навор ба “Азия-Плюс” гуфтанд, мақомоти ин кишвар соати 5 ба хобгоҳ даромада, “ҳамаро зада-зада” ба берун бароварданд.
Як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, онҳоро дар саҳни ин хобгоҳ, ки дар метро Строгино, кӯчаи Маршала Прошлякова 24 воқеъ аст, сандаҳояшонро тафтиш кардаанд. Ба қавли ӯ, дар хобгоҳ ҳудуди 200 муҳоҷири тоҷик ҳам ҳастанд.
Муҳоҷироне, ки дар ин макон мезистаанд, кормандони як ширкати сохтмонӣ буда, ба қавли манбаи мо, аксарият ҳуҷҷат доранд.
“Аввал занонро санҷиш ва бозпурсӣ карданд. Онҳоеро, ки дар ҳуҷҷатҳояшон мушкил вуҷуд доранд, боздошт карда, ба мошин медароранд. Аммо ҳангоми суҳбат дағал рафтор карда, баъзҳоро бо мушту лагад ҳам мезананд. Махсусан маро дар миёнам заданд, лат бардоштам, аз ин рӯ, имрӯз кор набаромадам”, - мегӯяд манбаи мо.
Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, умедворанд, ки мақомоти Тоҷикистон чорае мебинанд, то фишору таъқиб нисбати муҳоҷирон дар Русия кам шавад.
“Азия-Плюс” ин гуфтаҳои муҳоҷиронро мустақилона тасдиқ карда наметавонад. Мақомоти Русия расман дар ин маврид чизе нагуфтаанд.
Дар ин гуна мавридҳо мақомоти Тоҷикистон бештар вақт хомӯширо ихтиёрмекунанд ва хеле кам ҳолате мешавад, ки ба фишору таъқиби мақомоти рус расман вокуниш нишон диҳанд.
Дар беш аз як соли охир махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, муҳоҷирситезӣ ва санҷишу амалиёт зидди муҳоҷирон дар Русия авҷ гирифтааст. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.
Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Аммо, тавре мушоҳида мешавад, то ба ҳол муваффақ нашудаанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста