Имсол дар шаҳри Душанбе 100 иншооти дигар ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд, ки дар маҷмуъ, 3 ҳазору 300 иншоотро ташкил медиҳад.
Ҳамза Ҳакимов, сармуҳандиси “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” ба “Азия-Плюс” гуфт, дар ноҳияи Фирдавсӣ 79 иншоот, ноҳияи Сино 31 иншоот, ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ 21 иншооти нав бори аввал ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд. Дар ноҳияи Шоҳмансур бошад дар пайи тахриби биноҳо, имсол 31 иншоот кам шудааст.
Аз ин ҳисоб, имсол дар пойтахт 62 бинои истиқоматӣ, 31 идораву ташкилот ва 8 мактабу кӯдакистон бори аввал ба гармӣ пайваст мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар мавсими сармои соли гузашта 150 бинои нав дар баъзе маҳаллаҳо бори аввал ба гармӣ пайваст шуданд. Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар мавсими нав дар қисме аз маҳалла ва кӯчаҳои пойтахт шумори мушаххаси биноҳо бори аввал бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд.
“Масалан дар маҳаллаи 46-ум танҳо дар 3-4 бинои нав бори аввал қубурҳои оби гарм насб шуданд ва имсол бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар баробари ин бояд гуфт, ки аз ҳисоби тахриби хонаҳо шумори биноҳои истиқоматӣ кам шуданд”,-гуфтанд аз ин ниҳод.
Ҳоло Марказҳои барқу гармидиҳии (МБГ) №1 ва №2 ва дегхонаҳои ғарбиву шарқӣ дар шаҳри Душанбе, корҳои омодагӣ ба мавсими гармидиҳиро оғоз кардаанд. Ҳоло танҳо барои санҷишу корҳои техникӣ дар бархе ноҳияҳои пойтахт оби гарми қубуриро сар додаанд.
Аммо санаи дақиқи ба кор оғоз кардани марказҳои гармидиҳӣ маълум нест. Масъулин мегӯянд ин вобаста ба вазъи ҳаво буда, дар асоси тасмими ба кор оғоз кардани МБГ гирифта мешавад.
Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, Марказҳои барқу гармидиҳии №1 ва №2-и шаҳри Душанбе, ба мавсими нави гармидиҳӣ пурра омода мебошанд.
Ҳамасола бо оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе сокинони бархе аз маҳаллаҳои пойтахт шикоят мекунанд, ки хонаҳояшон ба таври зарурӣ гарм нест. Махсусан ду соли охир ин мушкил ҷиддитар шуааст. Масъулин баъзан сабаби мушкилро ба норасоии маводи сӯхт ва қубурҳои обгузари худи сокинон рабт медоданд.
Бояд гуфт дар Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Душанбе нерӯи гармӣ интиқол дода мешавад. Мавсими гармидиҳӣ ҳамасола аз охири моҳи октябр шурӯъ шуда, нерӯи гармӣ асосан дар ду корхона - Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 1” ва “Душанбе-2” истеҳсол карда мешавад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста