Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар қонун дар бораи мақоми омӯзгорро қабул карданд, ки дар асоси он шаъну шарафи омӯзгор, дахлнопазирии касбии фаъолияти ӯ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои касбии муаллим ҳимоя карда мешавад.

Қонуни мазкурро имрӯз, 15-уми октябр, вакилон дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул кардаанд. Маълум нест, ки вакилони парлумон дар тарҳи қонун тағйиру иловаҳо ворид кардаанд ё не.

Ҳамакнун, ин қонунро бояд палатаи болои парлумони кишвар ва раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кунанд. Он баъди имзои президент ва як моҳи нашр дар расонаҳо ба ҳукми амал медарояд.

Охири моҳи июли соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қоунн “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро маъқул дониста, онро барои баррасӣ ба парлумони кишвар фиристода буд. 

Ёдрас мешавем, ки таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли гузашта, шуруъ шуд. Раисҷумҳур зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз паст будани шаъну шараф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронӣ кард ва дастури таҳияи қонунро дод.

Ин қонун шаъну шараф ва ҳуқуқи омӯзгорро ҳифз карда, ҷалби онҳоро ба “шанбегӣ” ва пулҷамъкунӣ дар мактабҳо манъ мекунад. Ҳамзамон омӯзгорон аз таҳқир ва фишор ҳифз карда мешаванд. Инчунин дар асоси он ба омӯзгорон кафолатҳо аз ҷумла бенавбат додани замин ва таъмин кардан бо манзили зист пешбинӣ мегардад.

Бо муҳтавои лоиҳаи қонуни мазкур ва муҳимтарин нуктаҳои он дар маводи “Манъи пулҷамъкунӣ, иштирок дар шанбегӣ ва таъмири мактаб. Дар лоиҳаи қонуни мақоми омӯзгор сухан аз чӣ меравад?” маълумоти бештар бигиред.

Дар ҷаласаи имрӯзаи парлумони кишвар ҳамчунин, лоиҳаи чанд қонун ва қарорҳои дигар низ баррасӣ ва қабул гардидаанд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ва “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2025” ва Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ “Асим” дар бораи барқарорсозӣ ва васеъ кардани иқтидори истеҳсолии ҶСК “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”. Ҷузъиёти ин тағйиру иловаҳо ҳоло маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.