Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз манбаъҳои даромад барои сокинони Тоҷикистон аст. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳар сол тақрибан 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷи кишвар мераванд. Дар аксар ҳолат, ҳадафи асосии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷамъ кардани пул барои хариди хона, мошин ё баргузории тӯй мебошад.
"Азия-Плюс" ҳисоб кард, ки як муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳисоби миёна чӣ қадар бояд кор кунад, то барои хариди хона дар Душанбе пул ҷамъ кунад. Бояд гуфт, ки ин ҳисоботи миёна ва аст ва вобаста ба шароит ва маоши муҳоҷир метавонад, ки фарқ кунад.
Агар қаблан аксари тоҷикон бештар бар Русия ба кор мерафтанд, ҳоло "харитаи муҳоҷират"-и онҳо васеътар шудааст: имрӯз муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрико низ кор мекунанд. Барои хариди хона бошад, муҳоҷири меҳнатӣ дар кишварҳои гуногун бояд аз 1 то 13 сол кор кунад.
Барои ҳисоб мо нархҳои миёнаи хонаҳои 1-ҳуҷрагӣ, 2-ҳуҷрагӣ ва 3-ҳуҷрагиро дар Душанбе ва даромади миёнаи муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия, Англия, ИМА, Олмон, Туркия в Корея истифода бурдем. Андоз ва хароҷоти рӯзгор ба инобат гирифта нашудаанд.
Барои муайян кардани арзиши хона дар пойтахт аз сомонаи Somon.tj истифода бурдем. Ҳамин тавр, арзиши миёнаи 1-ҳуҷрагӣ наздики 52 ҳазор, 2-ҳуҷрагӣ - 82 ҳазор ва 3-ҳуҷрагӣ 99 ҳазор доллари ИМА ҳисоб шудааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста