Мақомоти Русия дар 11 моҳи соли гузашта 54 ҳазору 400 муҳоҷири корӣ ё шаҳрванди хориҷиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 наздики 25 ҳазор нафар (соли 2024 –ум 79 ҳазор) камтар будааст.
Дар ин бора хабаргузории русии “Интерфакс” бо такя ба сомонаи долдгоҳҳои Русия иттилоъ дода, навиштааст, ки “дар 11 моҳи соли 2025 теъдоди хориҷиҳо ва шахсони бешаҳрванд, ки аз кишвар ихроҷ шудаанд, ба таври назаррас коҳиш ёфт”.
Ба навиштаи ин расона, ба коҳиши ихроҷи муҳоҷирон фармони раисҷумҳури Русия дар хусуси тамдиди муҳлати қонунӣ кардани ҳузури хориҷиён, ки 10-уми сентябри соли гузашта ба анҷом расид, сабаб шудааст.
Маълум нест аз ин теъдод чанд нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Ҳарсол даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Аз ҷумла, тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста