Бритониёи Кабир ва Канада бархе чеҳраҳоеро, ки дар Белорус ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам дониста мешаванд таҳрим карданд, ки дар садри ҷадвал раисҷумҳури ин кишвар Александр Лукашенко қарор дорад. Рӯйхати Канада 11 нафарро дар бар мегирад ва рӯйхати Бритониё 8 нафарро, аммо дар миёни касоне, ки ба рӯйхати Бритониё афтодаанд, номи як тоҷик низ ҳаст.
Атобеков Ҳазалбек Бахтибекович тоҷике ҳаст, ки дар баробари Лукашенко дар рӯйхати шахсони мавриди таҳрими Бритониё афтодааст. Бино ба маълумоте, ки саҳфаи Атобеков дар Википедиё дорад, ӯ сарҳанг (полковник) ва аз соли 2018 муовини фармондеҳи неруҳои дохилии Белорус аст. Тибқи маълумоти донишномаи озод, Атобековро соли 2012 Иттиҳодияи Аврупо низ таҳрим кардааст.
Бино ба иттилое, ки "Азия-Плюс" ба даст овард Ҳазалбек Атобеков зодаи деҳаи Хуфи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон аст, ки дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб бузург шудааст.
Дар шарҳи ҳоли Бахтибеков омадааст, ки ӯ тоҷик аст ва соли 1990 Омӯзишгоҳи олии ҳарбиву сиёсии Минскро хатм кардааст. То соли 2009 дар симатҳои гуногуни неруҳои дохилии Белорус хидмат кардааст. Аз соли 2009 то 2012 фармондеҳи яке аз зербахшҳои муҳим – Бригадаи 3-юми таъиноти вижаи неруҳои дохилии ВКД ва баъдан муовини сардори раёсати омодагии низомӣ ва фаврии Сарраёсати фармондеҳии неруҳои дохилии ВКД Белорус кор кардааст.
Соли 2012 Иттиҳоди Аврупо Атобековро вориди рӯйхате, кард, ки декабри соли 2010 барои пароканда кардани эътирозгарон дар Минск “бо истифода аз неруҳои аз ҳад зиёд” фармон додааст ва наметавонад ба қаламрави ин иттиҳодия сафар кунад. .
Аз 22 майи 2018 Атобеков Ҳазалбек муовини фармондеҳи неруҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Белорус аст.
13 августи имсол аз сӯйи Александр Лукашенко дар пасманзари муқовиматҳои шаҳрвандӣ ба медали дараҷаи 5 “Барои хидмати бенуқсон” тақдир шуд.
Дар бархе расонаҳои белорусӣ навиштаанд, ки Атобеков ҳамсари белорусӣ ва се фарзанд дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста