Ноҳия ё вулусволии Моймай ё Дарвози Пойини Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ба дасти гуруҳи "Толибон" суқут кардааст. Дар ин бораи Радиои Озодӣ бо такя ба ҳукумати маҳалии ин ноҳия хабар медиҳад.
Моймай яке аз панҷ вулусволи водии Дарвози Афғонистон, ки бо номи Дарвозҳо ҳам шинохта мешаванд, аст, ки бо ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Рӯшони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Латиф Пидром сиёсатмадор ва шоири маъруфи Авғонистон, раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон зодаи ҳамин ноҳия аст.
Комбиз Қурбонӣ, раиси ноҳияи Моймайи Бадахшони Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, "ки соатҳои панҷи субҳи рӯзи панҷшанбеи 19-уми ноябр гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ин ноҳия юриш бурда, пас аз чанд соат даргирӣ онро тасарруф карданд".
Раҳбари ин ноҳия далели суқути вулусволиро кам будани неруҳои амниятиву пулис ва камтаваҷҷуҳи ҳукумати марказӣ гуфтааст.
Як соли ахир ҳузури гуруҳи "Толибон" дар Бадахшони Афғонистон, хусусан вулусволиҳои Дарвозҳо хеле фаъол шудааст ва даргириҳои пурқурбоние дар ин минтақа сурат мегирад.
Моймай 22 ҳазор ҷамъият ва 81 деҳа дорад, ки аҳолии он саросар тоҷиконанд. Мардуми ин вулусволи аксаран суннӣ ва қисме ҳам пайравони тариқати исмоилияи аҳли ташайю мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста