Доналд Трамп раисҷумҳури пешини ИМА дар чаҳор соли раҳбарияш 30573 бор дурӯғ гуфтааст ё изҳороте додааст, кт мардумро ба гумроҳӣ бурдааст. Ниме аз ин дурӯғҳоро Трамп дар як соли ахири раҳбарияш гуфтааст. Ин дурӯғҳои Трампро нашрияи The Washington Post ҳисоб кардааст.
Ба навиштаи рӯзнома, Трамп тақрибан дар бораи ҳама чиз изҳороти дурӯғе кардааст. Ва бештари ин дурӯғҳоро ӯ дар саҳфаи Твиттераш гуфтааст.
Ниме аз дурӯғҳои Трамп ба давраи дувуми корзори пешазинтихоботияш рост меомадаанд. Яке аз бахшҳое, ки Трамп дар бораи он дурӯғи бисёр гуфтааст, бахши муҳоҷират ё ғайриқонунӣ ворид шудани муҳоҷирон будааст.
"Трамп талош кардааст, ки бо изҳороти болохонадораш дар мавриди омадани "корвони муҳоҷирон"-и беҳуҷҷат ба марзҳо Палатаи намояндагонро дар дасти Ҳизби ҷумҳурихоҳон нигаҳ дорад, ки бидуни натиҷа анҷомидааст".
Яке аз мавзӯъҳои дигаре, ки дар мавриди он Трамп дурӯғи бисёр гуфтааст, изҳори назарҳояш дар мавриди даъваташ аз раисҷумҳури Укроин барои эълони тафтишот дар бораи парвандаи муовини пешини президент ва раисҷумҳури кунунии ИМА Ҷо Байден аст. Ба ҳисоби манбаъ, Трамп дар ин бора беш аз 1000 бор дурӯғ гуфтааст.
Ҳамчунин ба навиштаи нашрия, Трамп дар мавриди коронавирус дурӯғҳояшро ба сатҳи рекорд расонида, 2500 бор изҳороти дурӯғ додааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Шерали Кабир провел переговоры с главой OpenAI Сэмом Альтманом на саммите по ИИ в Нью-Дели
В Душанбе задержали мужчину по подозрению в нанесении ножевых ранений супруге
Какое будущее ждет Таджикистан: станет ли он центральным караван-сараем или же горной периферией Евразии?
Лига ACA назвала лучших таджикских бойцов: кто вошел в этот список?
В Таджикистане за уклонение от военной службы в 2025 году осуждены 27 юношей, еще 69 получили штрафы
TAJMMAF признана лучшей спортивной федерацией 2025 года
В первый день Рамазана милиция задержала двоих торговцев за завышение цены на мясо
Как таджикский инженер попал в одну из самых влиятельных технологических компаний мира?
Первый пилотный контейнерный поезд отправлен из Китая в Таджикистан
Работа в Таджикистане: Somon.tj назвал самые востребованные профессии и тренды рынка
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста