Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик даъват кардааст, ки қоидаҳои ин кишварро риоят кунанд, бештар омӯзанд ва кишвари худро мусбат муаррифӣ кунанд. Ин дастур, ки дар сомонаи намояндагӣ нашр шудааст.
амчунин намояндагӣ хостааст муҳоҷирон муйлаб ва риши худро тарзе тозаву озода нигоҳ доранд, ки атрофиён аз онҳо тарс надошта бошанд ва аз адо намудани намоз дар дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки қонунгузории Россия муайян намудааст, даъват мекунад.
Аз муҳоҷирон хостаанд, ки дар кӯчаву хиёбонҳо, нақлиётҳои ҷамъиятӣ, метро, боғу гулгаштҳо, осорхонаву театру кинотеатру марказҳои савдо ва бозорҳо бо садои баланд суҳбат накарда, нисбати калонсолон ва атрофиён эҳтироми хоса намоянд.
"Берун аз соатҳои корӣ, ки майли дилхушӣ доред ва мехоҳед ба сайёҳати мавзеҳҳои тамошобоб биравед, пас бояд нисбати атрофиён боэҳтиром бошед, ба сару либос, муйлаб, риш, муносибат ва рафтори худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Агар дар марказҳои дилхӯшӣ шароб нӯшидед ва ё хоҳиши тамоку кашидан доред пас бояд донед, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидан ва истифода бурдани онҳо манъ мебошад. Ҳамзамон, пас аз шаробнӯшӣ бояд нисбати атрофиён соҳибэҳтиром бошеду ба ҳайёти орому осудаи сокинони маҳаллӣ халал ворид накунед", - омадааст дар изҳороти намонядагии Тоҷикистон дар Русия.
Дар идома тавсия дода мешавад, ки муҳоҷирон шабакаҳои иҷтимоиро самарнок истифода намуда, аз тамошои ролику барномаҳои характери ифротиву иртиҷоидошта ва ғайриманфиатнок худдорӣ намоянд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста