Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ дар гуфтугӯ бо Мулло Муҳаммад Ҳусайн Охунд, нахуствазири ҳукумати Толибон ваъда додааст, ки ба Толибон 5 млрд рупияи Покистонӣ мусовӣ ба 29 млн $ кӯмак хоҳад кард. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар ин бора хабар додааст.
"Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ имрӯз дар Кобул дар дидор бо масъулони Имороти исломӣ ваъдаи кӯмаки 5 млрд рупия ба Афғонистон кард".- навиштааст сухангӯи Толибон дар Твиттераш.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон бо вазири корҳои хориҷии Покистон дар робита ба тиҷорат, мушкилоти транзитӣ, чолишҳои муҳоҷирон ва густариши робитаи хуб низ сӯҳбат кардаанд.
Кумакҳои Покистон дар ҳолест, ки то кунун ин давлат ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.
Қобили зикр аст, ки Ин дуюмин сафари ҳайати Покистон ба Афғонистон пас аз ба қудрат расидани Толибон аст.
Ёдовар мешавем, ки Шоҳ Муҳаммад Қурайшӣ вазири корҳои хориҷии Покистон дирӯз бо як ҳайати баландпояи Покистон вориди Афғонистон шуд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста