Шаҳрдории толибон дар Кобул дар ҳама 22 ноҳияи шаҳри Кобул тамоми аксҳои занону духтаронро аз дару девори ороишгоҳҳо, мағозаҳо ва ресторану овезаҳои таблиғотӣ канда ва поксозӣ мекунад. Толибон гуфтаанд, ки ин аксҳо мухолифи шариати исломиянд.
Неъматулло Борикзай, сухангӯйи шаҳрдории Кобул ба шабакаи “Тулуънеюс” гуфтааст, ки ин корро онҳо бар асоси ҳидояти кобинаи ҳукумати Толибон мекунанд.
“Тамоми тасовири ғайришаръӣ, ки дар дару деворҳо, баннерҳо ва ҷойҳои дигаре, ки вуҷуд доранд, бояд аз байн бурда шаванд”, - гуфтааст Борикзай.
Шоиста Сафӣ, яке занҳоеи Кобул, ки зиндагии хонаводаии 10-нафарияшро аз ҳисоби кор дар ороишгоҳ таъмин мекунад гуфтааст, чанд рӯз пеш намояндаи толибон омада гуфтанд, ки ин аксҳоро биканед, аммо худашон ранг (спрей) доштанд, ки аксҳоро сиёҳ карданду рафтанд.

«Ин иқдоми ҳукумат маҳдудият бар кори занон аст. Мо ҳарос дорем, ки фардо биёянд ва дӯконро ҳам қуфл кунанд», - гуфтааст Шоиста.
Баъзе аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонистон поксозии ин аксҳоро маҳдудиятҳои нав дар фаъолиятҳои занон дар ҷомеа унвон кардаанд ва аз ин амалкарди толибон интиқод мекунанд.
Ин дастури тозаи толибон дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин гурӯҳро ба нақзи густардаи ҳуқуқи занон дар Афғонистон муттаҳам мекунанд, аммо сарони ҳукумати сарпарасти толибон борҳо гуфтаанд, ки ба ҳуқуқи занон дар чаҳорчӯбаи ислом пойбанданд.
Шаҳрдории Кобул гуфтааст, ки “аз диди аморати исломӣ, вуҷуди тасвирҳои бонувон дар маҳзари ом мухолиф бо усули исломӣ аст”.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста