Роҳбари ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" гуфт, кишвараш нахуст тасмим дошт, ки ин дархостро соли 2024 бикунад, аммо "бо назардошти вазъи сиёсӣ" онро тезонид.

Президенти Молдова Майя Санду ҳам гуфт, барои тезонидани раванди шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ариза супурдааст.

Ин дар ҳолест, ки Украина рӯзи 28 феврал чунин дархостро аз Иттиҳоди Аврупо кард. Рӯзи 1 март дар Брюссел баррасии дархости Украина шуруъ шуд. Дар таърихи Иттиҳоди Аврупо баррасии дархостҳо ба таври фаврӣ сурат нагирифта буд. Тибқи маъмул, дархости кишварҳои барои шомил шудан ба Иттиҳод солҳо давом мекунад.

Талоши Украина барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо дар конститутсияи он кишвар зикр шудааст.

Ҳамлаи низомии Русия ба Украина рӯзи 24 феврал шуруъ шуд. Ҷангҳо дар чанд минтақаи он кишвар идома дорад. Ҳазорон украин хонаҳои худро тарк кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.