Толибон нашри барномаҳои телевизиони BBC-ро дар Афғонистон манъ карданд. Дар ин бораи BBC-форсӣ хабар медиҳад. Телевизиони BBC дар чанд соли ахир бар асоси қарордод барномаҳояи форсиву пашту ва ӯзбекияяшро дар бархе аз шабакаҳои телевизионии Афғонистон нашр мекард.
Ин барномаҳои BBC аз сӯйи телевизиони BBC-форсӣ таҳия мешуданд.
Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, "Толибон" ба телевизионҳои маҳаллӣ дастур додаанд, ки аз нашри барномаҳои телевизионҳои байналмилалӣ, аз ҷумла BBC худдорӣ кунанд. Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз BBC ҳамчунин телевизиони "Ошно"-и "Садои Амрико" ҳам барномаҳояшро дар бархе аз телевизионҳои маҳалии Афғонистон бознашр менамояд.
BBC мегӯяд, ки пас аз ин дастури Толибон нашри барномаҳои хабарии телевизионҳои форсӣ, пашту ва ӯзбекии ин телевизион дар ин кишвар қатъ шудааст.
Ториқ Кафола, раиси бахши барномаҳои ғайриинглисии BBC гуфтааст, ки ин як таҳаввули нигаронкунанда аст ва дар ҳоле рух медиҳад, ки мардуми Афғонистон дар вазъияти нобасомону номушаххасе умр ба сар мебаранд.
Ин масъули BBC аз Толибон хостааст, ки ин тасмимашонро бознигарӣ кунанд ва иҷоза диҳанд, ки расонаҳои ҳамкори BBC дар Афғонистон фавран ба пахши барномаҳои BBC оғоз кунанд.
Толибон то кунун дар ин бора изҳори назаре накардаанд.
Барномаҳои хабарии форсӣ, ӯзбекӣ ва паштуи BBC-ро шабакаҳои "Орзу", "Ориёнонеюс", "Шамшод" нашр мешуданд.
Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон дар робита ба ин тасмими Толибон изҳори нигаронӣ намуда, онро "як таҳаввули дилхароши дигар" номидааст.
Бино ба гузориши расонаҳои Афғонист пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ниме аз расонаҳо аз миён рафтаанд. Толибон барои расонаҳои Афғонистон ҳам шартҳои сахтгиронае пеш гузоштаанд. Аз ҷумла ҳузури занони хонандаи хабарро дар телевизионҳои маҳаллӣ манъ карданд ва дастур додаанд, ки шабакаҳои Афғонистон аз нашри серёлҳои хориҷӣ даст бикашанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста