15 августи соли ҷорӣ аз суқути давлати Афғонистон ва ғасби ҳокимият аз ҷониби Толибон як сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании мардуми Афғонистон куллан тағйир ёфт ва онҳо бори дуюм шоҳиди ҳукумати хушуматомези Толибон дар се даҳсолаи охир шуданд. Дар ин замина, “Азия-Плюс” бахшида ба солгарди суқут ва ғасби ҳокимият дар Афғонистон силсилаи маводҳои иттилотӣ ва таҳлилиро нашр менамояд. Матлаби “Нигини Хуросон: суқут, тарсу парешонӣ” дар рӯзномаи “8-и субҳ”, ки баргардон ва нашр мешавад рӯзҳои аввали суқути шаҳри Ҳирот ва вазъи он давоми як соли ҳукмронии Толибонро инъикос мекунад.

Дар остонаи нахустин солгарди суқути шаҳри Ҳирот қарор дорем. Суқути ҳайратовар, ки зиндагии ҳамаро дигаргун сохт. Барои низомёни Толибон ин дигаргунӣ пирӯзӣ ном дошт, аммо барои дигарон шикаст. Яке корашро аз даст дода буд, дигаре тиҷораташ ва иддае ҳам дар канори аз даст доданҳо, нигарони обрӯ ва ҷони худ низ буданд. Шаҳр дар сукут ва мардум ҳаросон. Иддае, ки тавонистанд рафтанд ва барои иддае дигар на роҳе барои рафтан вуҷуд дошт ва на ҷое барои мондан.

Бо суқути сареъ ва пайиҳами 17 вулсуволӣ аз 19 вулусволии Ҳирот, ин шаҳр амалан дар муҳосираи танги Толибон қарор гирифта буд, фақат марокизи ду вулусволӣ, Инҷил ва Гузара, ки дар масири хиёбони умумии майдони ҳавои олии маркази Ҳирот қарор доранд, таҳти назорати низомён ва қувваҳои мардумӣ боқӣ монда буд. Сукути аҷиб дар шаҳр ҳукмфармо шуда буд. Теъдоди андаке мардум, ки дар кӯча ва хиёбонҳо дида мешуданд, ҳаросон саъй доштанд, ки сареътар ба хонаҳояшон баргарданд. Сокинони Ҳирот, ки пеш аз ин фақат аз наҳваи ҳокимияти хашини Толибон дар атроф шунида буданд, акнун хатари ҳоким шудани Толибон бар вилоятшонро аз наздик ҳис мекарданд.


Исмоилхон, фармондеҳи пешини ҷиҳодӣ, рӯзи ҷумъа, 18 саратони соли гузашта (10 июли соли 2021), ҳаракате ба номи муқовамати мардуми ҳавзаи ҷанубу ғарбро ба унвони нерӯи боздоранда алайҳи пешравии Толибон шакл дод ва аз тамоми ҳиротиён хост то бо басиҷи умумӣ, пеши ҳамлаҳои афзояндаи Толибон ба Ҳиротро бигиранд. Вай дар як нишасти мардумӣ дар манзилаш хитоб ба мардум гуфт: «Мо ҳаракати муқовамати мардуми ҳавзаи ҷанубу ғарбро аз сокинони вилоятҳои Бодғис, Фароҳ, Ғур, Нимрӯз, Форёб, Ҳилманд ва Ҳирот шакл додаем. Фардо ҳамагӣ камари худро бандед. Мо бояд ҳавзаи ҷанубу ғарбро аз ин вазъият наҷот бидиҳем». Ӯ муддаӣ шуд, ки шумори зиёде аз афрод силоҳ ба даст гирифтаанд ва аз Ҳирот дифоъ мекунанд.

Абдусабур Қонеъ, волии вақти Ҳирот низ аз мизони баланди алоқамандии мардум барои қиём алайҳи Толибон хабар дод. Ӯ гуфт: «нерӯҳои мо дар ҳоли басиҷ шудан ҳастанд ва нерӯҳои мардумӣ дар канори нерӯҳои амниятӣ қарор дорад. Мардум муроҷиат кардаанд ва хоҳони саҳм гирифтан дар саркӯбии Толибон ҳастанд. Мо рӯйи як барнома кор мекунем, ки нерӯҳои амниятӣ ва дифоъӣ ба ҳолати тааррузӣ қарор бигиранд. Ба ҳиротиён итминон медиҳем, ки вазъият дар ҳоли беҳбудии комил аст».

Аммо ҳаракати муқовимати мардуми ҳавзаи ҷанубу ғарб, ки бо меҳварияти Исмоилхон сохта шуда буд ва мардум ба он умед баста буданд, кам-кам ранг мебохт. Ҷанг аз чандин тараф ба маркази шаҳр наздик мешуд то ин ки саранҷом баъд аз зуҳри 21 асад (13 августи соли 2021) Толибон вориди сохтмони вилоят ва фармондеҳии амнияти Ҳирот шуданд. Исмоилхон, Абдусабур Қонеъ, раиси амнияти миллӣ ва соири аркони баландрутбаи низомӣ ва малики Ҳирот, ки ба қулурдуи 207 зафар мустақар дар Ҳирот паноҳ бурда буданд, фардои он рӯз, 22 асад (14 август) бидуни кадом даргирӣ ба Толибон таслим шуданд.

Таслимшудагон шомили афроди барҷастае чун Абдурраҳмон Раҳмон, муовини аршади амнияти вазорати дохила, ки дар он вақт барои раҳбарии ҷанг ба Ҳирот омада буд, Хаёлнбӣ Аҳмадзӣ, фармондеҳи қулурдуи 207 зафар, Муҳаммад Исмоъилхон, раҳбари ҷиҳодӣ ва раҳбари ҳаракати муқовамати мардумӣ, Абдусабур Қонеъ, волии Ҳирот, генерал Ҳасибуллоҳ Садиқӣ, раиси амнияти миллӣ ва Сайид Меъроҷуддин Содот, фармондеҳи пулиси Ҳирот мешуданд. Ингуна ояндаи номаълуми ҷанг дар Ҳирот равшан шуд ва Ҳирот зери ҳокимияти Толибон даромад.


Ҳарчанд суқути низоми ҷумҳурӣ таъсироти амиқ ба ҳама вилоятҳои Афғонистон гузошт, аммо дар Ҳирот, ин калоншаҳри кишвар, ки ба шаҳри илм ва ирфон машҳур аст ва тайи ду даҳа пешрафтҳои чашмгир дар заминаҳои озодии баён, рушди ҷомеаи маданӣ, густариши марокизи омӯзишӣ ва ҳоказо дошт, бештар аз ҳама ин асарот намоён буд. Сароби Ҳирот таҳти ҳокимияти Толибон акнун ба як воқеият мубаддал шуда буд.

Мардуми ин шаҳр бо ҳокимони ҷадид рӯ ба рӯ буданд: Ҳокимони бегона бо забон ва ноошно бо фарҳанги мардум. Ҳазми ин тафовутҳо то расидан ба шароити одӣ ва нурмол замонгир аст. Зиндагии сокинони Ҳирот дигаргун шуд ва ин шаҳр дигар шаҳри илм ва ирфон набуд.

Бо вуруди Толибон ба Ҳирот шароити зиндагии сокинони ин вилоят маҳдуд шуд. Озодии баён, ҳаққи таҳсили занон, ҳаққи фаъолияти маданӣ ва ҳаққи эътироз аз мардум гирифта шуд. Ноумедӣ ва тарси мардум аз оянда амиқтар шуд, фақр густариш ёфт ва Толибон, ки то дирӯз як гурӯҳи шӯришӣ буданд, акнун масъулияти таъмини амният ва ироаи хадамоти давлатӣ ва расидагӣ ба ин ҳама нобасомониҳоро ӯҳдадор шуда буданд. Саволи асосӣ аммо инҷо аст, ки оё Толибон бо зарфияти мавҷуд, тавоноии расидагӣ ба ин ҳама нобасомониҳоро доранд?

Густариши оворагӣ

Ҳамзамон бо суқути вулусволиҳо ва ташдиди ҷанг дар ҳамаи шаҳри Ҳирот, тоифаҳои мухталифи мардум тарки шаҳри Ҳиротро оғоз карданд. Ин раванд бо суқути шаҳри Ҳирот идома ёфт ва бо суқути Кобул ва оғози раванди тахлияи шаҳрвандони Афғонистон тавассути низомёни хориҷӣ аз майдони ҳавоии Кобул шиддати бештар пайдо кард. Аркони баландрутбаи давлатӣ, фаъолони сиёсӣ, расонаӣ ва маданӣ, кормандони афғони муассисаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба сурати гурӯҳӣ ва инфиродӣ Ҳиротро ба мақсади Кобул ва дар ниҳоят кишварҳои берунӣ тарк гуфтанд. Дар канори рафтан ба Кобул, теъдоди зиёде аз мардум, ки низомёни ҳукумати пешин дар он шомил буданд, роҳи Эронро ба унвони манзили ниҳоӣ ва баъзан ҳам муваққатӣ пеш гирифтанд.


Рафтани ин теъдод аз мардум он ҳам афроди барҷаста ва кордон, таъсири амиқ ба рӯҳ ва равони сокинони Ҳирот гузошт. Нафрини ҳамагонӣ ба Ашраф Ғанӣ, ба унвони омили аслӣ ва соири омилони суқут ва таслимдиҳии низоми ҷумҳурӣ вирди забони мардум шуда буд. Ноумедӣ ва тарс дар чеҳраи мардум ҳувайдо буд. Акнун, ки ҳаққи эътироз дар фазои ҳақиқӣ ва маҷозӣ аз мардум гирифта шуда буд, ин маҷолиси хусусӣ буд, ки мардум метавонистанд хашми худро бар омилони суқут ва ҳокимони мавҷуд иброз намоянд.

Низоми шаҳре аз навъи Толибонӣ

Бо ҳокимияти Толибон ба Ҳирот афроди мусаллаҳи ин гурӯҳ дар нуқоти мухталифи шаҳр ба унвони таъминкунандагони амният ҳузур ёфтанд, афроде, ки то дирӯз ҳарос аз онҳо бузургтарин чолиши амнияти шаҳрвандон буданд. Дигар аз либоси умумии низомӣ хабаре набуд. Афроди ин гурӯҳ бо либоси номуназзам ва мӯйҳои жӯлида бо афрози нуқтаҳои бозрасӣ дар ҳама ҷодаҳои шаҳр ҳузур доштанд. Дар бархӯрд бо мардум ҳар толиб тибқи салиқаи шахсии худ рафтор мекард. Аксаран хашин ва теъдоде ҳам рафтори нарм доштанд.

Шаҳрвандоне, ки то дирӯз бо нозирони роҳ ва пулиси шаҳрии ҷумҳурият дар истҳои бозрасӣ мушоҷира ва ҳатто дастбагиребон мешуданд, акнун худашонро бо вазъияти мавҷуд мувофиқ карда буданд. Ҳеҷ кас бидуни иҷозаи толиб аз исти бозрасӣ убур намекард. Акнун низ вақте дар як таксии шаҳрӣ савор мешавед, ҳангоми наздик шудан ба исти бозрасии Толибон, илова бар эҳтиёти ронанда, сарнишинон низ тазаккур медиҳанд, ки исти бозрасӣ наздик аст, лутфан бо эҳтиёт биравед. Чаро ин ҳама тарс? Чун Толибон дар нахустин рӯзҳои вурудашон як пизишки мотосиклсаворро дар чаҳорроҳии синамои ин шаҳр, ки садои исташонро нашунида буд, ба гулӯла заданд ва ҷон дод. Ҳама аз сарнавишти мушобеҳ ҳарос доранд.


Додани салоҳияти тасмимгирӣ барои афроди Толибон мӯҷиб шудааст, ки афроди ин гурӯҳ ҳангоми иҷрои вазифа бидуни риояти силсила маротиб, даст ба иҷроот бизананд. Зайнулобидин, ронандаи сечархи мусофирбарӣ мегӯяд: «Рӯзе дар истгоҳи сечарх бо яке аз мусофироне, ки зоҳиран аз вилоятҳои ҷанубӣ буд ва ба забони пашту сӯҳбат мекард, мушоҷираи лафзи доштам, ки ногаҳон мошини короллаи шахсӣ истод ва як толиб берун шуд ва бидуни пурсон дар ҳузури мардум бо силӣ (шаппотӣ) ва лагад манро латукӯб кард ва дар мошин андохт ва бо лаҳни тунд гуфт: Он вақт гузашта, ки ҳаркас пашту сӯҳбат мекарду шумо тамасхур мекардед. То туро тавба надиҳам роҳи наҷот надорӣ».

Вай меафзояд, ки дар ин ҳангом фарде, ки ман бо ӯ мушоҷира доштам мудохила кард ва ба толиб гуфт: «Бародар, ин одам ҳеҷ беэҳтиромӣ ба ман накардааст. Фақат рӯйи миқдори кироя як сӯйитафоҳум шуда буд ва мо рӯйи он баҳс доштем. Хоҳиш мекунам бо мардум ингуна бархӯрд накунед».

Ин гуна амалкарди афроди Толибон ба унвони тасмимгиранда, бидуни тайи мароҳил дар мавориди зиёде гузориш шудааст.

Додгоҳи саҳроӣ ва намоиши хушунат

Тайи ду даҳаи ҳокимияти низоми ҷумҳурӣ хотираи додгоҳҳои саҳроӣ дар маркази шаҳр ва намоиш ҷасадҳо дар назари умум аз ҳофизаи шаҳрвандони Ҳирот пок шуда буд, аммо бо ҳокимияти дубораи Толибон дере нагузашт, ки афроди ин гурӯҳ дар чандин маврид муттаҳамонро бидуни барпои додгоҳ, дар маҳалли рӯйдод муҷозот карда, ҷасадҳои бархе аз ин афродро таҳти ном дузд ва дузди мусаллаҳ дар маркази шаҳри Ҳирот ба намоиш гузоштанд. Ин мавзӯъ паҳлӯҳои пинҳон низ дошт. Шуморе аз бошандагони Ҳирот дар мавриди бархе аз ин афрод гуфтанд, ки Толибон ба номи сориқи мусаллаҳ, низомёни ҳукумати пешин ва мухолифоншонро ба қатл мерасонанд.

Ин амали Толибон ба шак ва тардидҳо дар фармони афви умуми раҳбари ин гурӯҳ, ки дар оғоз сабаби дилгармии шаҳрвандони хаста аз ҷанг шуда буд, афзуд. Намоиши ҷасадҳо тавассути Толибон ҷавононеро, ки шоҳиди ҳукуматдории давраи гузаштаи Толибон набудаанд, ба ҳайрат оварда буд.


Аҳмад Самир, донишомӯзи 18 сола, мегӯяд: «Аз чаҳорроҳи Муставфит мегузаштам. Дидам ҷамъияти анбӯҳ аз мардум ҷамъ шудаанд. Ман ҳам дучархаамро гӯшае истод кардам ва тарафи ҷамъият рафтам. Наздик, ки шудам ҷасади ду мардро дидам, ки тавассути Толибон овезон шуда буд. Бароям ваҳшатовар буд. Зуд баргаштам, ба тарафи манзил ҳаракат кардам, аммо дар масира роҳ то манзил, ҳолати аҷибе ба ман даст дода буд. То расидан ба манзил фикр мекардам, ки дар канори хиёбон, ҷасадҳо овезон аст». Таъсири намоиши ҷасадҳо ба Аҳмад Самир ба ҳадде будааст, ки ба гуфтаи ӯ то чанд шаб пайиҳам натавонистааст ба танҳоӣ дар утоқи худ бихобад ва маҷбур будааст дар даҳлези хона ҳамроҳ бо бародар ва хоҳари кӯчакаш бихобад.

Гурӯҳи Толибон ба рағми интиқоди Созмони афви байналмилал ва Созмони милали муттаҳид, чандин бор ҷасадҳои афроди муттаҳамро, ки тавассути ин гурӯҳ кушта шуда буданд, дар маҳзари ом ба дор овехтанд. Бархӯрдҳои таҳқиромез бо асир ва ҷасад, нақзи ошкори ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ аст ва таъсироти манфӣ ба ҷо мегузорад. Мавзӯе, ки гурӯҳи Толибон ҳамвора онро нақз карда ва мекунанд.

Бекорӣ, фақр ва рукуди иқтисодӣ

Ҳирот, ки аз он ба унвони қутби иқтисоди Афғонистон ёд мешавад, бо омадани Толибон рукуди шадиди иқтисодиро таҷриба кард. Ба далели доштани ташкилоти идории давлатии калон ва фурсатҳои шуғлӣ дар бахши хусусӣ, ҷамъи зиёде аз мардум машғули кор буданд. Ҳатто занон ва духтарони тиҷоратпеша барои тавсеаи корашон як бозори доимиро дар шаҳри Ҳирот эҷод карда буданд.

Бо омадани Толибон, аммо аксар кормандони давлатӣ шуғлҳояшонро аз даст доданд, ба вежа низомён. Фаъолияти бахши хусусӣ камранг шуд ва теъдоди зиёде аз нерӯи корӣ кишварро тарк гуфтанд. Бештари сармоягузорон ва санъатгарон аз тарси Толибон дар кишварҳои дигар, умдатан Эрон ва Туркия зиндагӣ ихтиёр карданд. Рафтани табақаи сарватманд аз Ҳирот таъсири фаровон бар зиндагии иқтисодии мардуми оддӣ ва иқтисоди куллӣ ин вилоят дошт ва дорад.


Шаҳри Ҳирот, ки пеш аз ин шоҳиди тараддуди мошинҳои гаронқимат ва зиреҳии сарватмандон буд, акнун ба нудрат метавон касеро дид, ки бо мошини гаронқимати шахсӣ дар шаҳр гаштугузор кунад. Шаҳр фаъолияти муназзамашро аз даст додааст. Аз издиҳоми васоити нақлиёт дар хиёбонҳои Ҳирот хабаре нест. Сарватмандоне, ки аз тарси Толибон ба кишварҳои дигар фирор кардаанд, аксари онҳо дар ин кишварҳо сармоягузорӣ кардаанд ва то мусоид шудани заминаи фаъолиятҳои иқтисодӣ дар кишвар, дар онҷо боқӣ хоҳанд монд.

Азиз Раҳмон, санъатгари аҳли Ҳирот, ки акнун фаъолитҳои худро дар Машҳади Эрон оғоз кардааст, мегӯяд, ки маҷбур шудааст корхонаашро дар шаҳраки санъатии Ҳирот тарк кунад ва ба Эрон зиндагӣ ихтиёр кунад. Ӯ, ки дар остонаи суқути Ҳирот ба дасти Толибон ба Эрон рафтааст мегӯяд, ки мутмаин набудааст, ки бо вуруди Толибон дар шаҳри Ҳирот чӣ иттифоқоте рух медиҳад. Аз ин рӯ, Ҳиротро тарк гуфтааст. Вай меафзояд, ки феълан ба далели рукуди иқтисодӣ дар Афғонистон ҳатто агар корхонаи худро ҳам фаъол кунад ва тавлид ҳам дошта бошад, бозори фурӯш вуҷуд надорад, чун мардум қудрати харид надоранд.

Боздошти фаъолони расонаӣ ва маданӣ

Озодии баён аз ҷумла ҳуқуқи асосии инсонҳо ва зербинои тамоми ҳуқуқи маданӣ ва сиёсии шаҳрвандон ба шумор меравад. Рушди озодии баён ва фаъолиятҳои маданӣ аз барҷастатарин дастовардҳои ду даҳаи пасин дар Афғонистон ба ҳисоб меояд, аммо бо ҳокимияти дубораи Толибон, маҳдудиятҳои густурдае ба озодиҳои мардум, аз ҷумла озодии баён вазъ шуд. Вилояти Ҳирот дар заминаи фаъолиятҳои расонаӣ ва маданӣ дасти баланд дошт. Чандин шабакаи телевизионӣ бо нашароти ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ, даҳҳо истгоҳи радиоӣ ва анвоъи мухталифи расонаҳои чопӣ бо мӯҳтавоҳои гуногун бидуни ҳеҷ гуна маҳдудият ба шаҳрвандони ин вилоят иттилоърасонӣ мекарданд.


Фаъолиятҳои ниҳодҳои маданӣ дар ин вилоят аз равнақи хос бархӯрдор буд. Теъдоди зиёде аз табақаи равшанфикр, занону  мардон дар қолаби ин ниҳодҳо масруф ба кор буданд. Коркарди идороти давлатӣ зери заррабини ин ниҳодҳо қарор дошт ва дар баробари иҷрооти нодурусти масъулон ва ниҳодҳои ҳукуматӣ мавзеъгирӣ, додхоҳӣ ва эътироз мекарданд. Бо пӯшиши расонаҳо назорат ба ниҳодҳо тақвият мешуд ва идорот ва масулин мавриди эътирози ногузир ба посухгӯӣ буданд, аммо бо ҳоким шудани Толибон бар ин шаҳр ниҳодҳои маданӣ таътил ва теъдоди зиёде аз фаъолон дар ин арса кишварро тарк гуфтанд ва теъдоде дигар бо дарки шароит ва фазои ҳоким аз фаъолият даст кашиданд.

Расонаҳо низ вазъи беҳтар аз ниҳодҳои маданӣ надоранд. Худсонсурӣ, тағйири мӯҳтавои нашаротӣ ва ҳазфи интиқод аз мӯҳтавои нашаротӣ нисбат ба амалкарди масъулон ва идороти Толибон дар нашароти тамоми расонаҳо ба миён омад. Боздошти хабарнигорон ва фаъолони маданӣ тавассути идораи истихбороти Толибон ба баҳонаи мухолифат бо ин гурӯҳ дар чанд маврид иттифоқ афтод. Холид Қодирӣ, хабарнигори радиои Наврӯз, тавассути маҳкамаи Толибон, муҳокима шуд ва то акнун дар банди ин гурӯҳ ба сар мебарад.

Бозори пурравнақ, аммо камқимати гурдафурӯшӣ

Дар синфҳои ибтидоии мактаб дар мазмуни дарӣ, ҷумлаи маъруфи «бобо об дод, бобо нон дод» тадрис мешавад. Баъзе аз кӯдакон гоҳе ба ҷой он иштибоҳан «бобо ҷон дод» замзама мекунанд. Ин замзамаи иштибоҳи кӯдакона, бо суқути Ҳирот ба дасти Толибон, ҳақиқати талхи сарнавишти хеле аз бобоҳои фақири ин шаҳр шуд. Фақр ва тангдастӣ бобоҳои зиёдеро водор ба фурӯши гурдаҳояшон кардааст. Фурӯши узве аз бадан, тазмини боқии аъзои фомил. Гарчи мутахассисон, идомаи зиндагиро бо як куллия/гурдаи солим, мумкин медонанд, вале дар дарозмуддат эҳтимолан ба иқдомот ё дармонҳои хосе ниёз пайдо кунад. Дар ин сурат бобо, бо кадом пул ин дармонҳои хосро анҷом диҳад?


Ҳарчанд харидуфурӯши гурда аз чанд сол ба ин сӯй дар Афғонистон ҷараён дорад, аммо бо тасаллути Толибон, ин тиҷорати ғайриқонунӣ бештар шуда, вале қимати гурда коҳиш ёфтааст. Қимати як гурда, ки замоне ба се то чаҳор лак афғонӣ мерасид, акнун ба камтар аз якуним лак афғонӣ коҳиш ёфтааст. Гарчи фурӯши гурда умдатан тавассути мардони хонаводаҳои фақир сурат гирифтааст, аммо дар ин миён заноне низ ҳастанд, ки даст ба фурӯши гурдаҳояшон задаанд. Ҳузури Толибон дар Ҳирот ҳарчанд бозори тиҷорат ва иқтисодро ба рукуд мувоҷеҳ карда, аммо бозори фурӯши гурдаро бисёр афзоиш додааст ва ҳоло кӯдакон ба гунаи худогоҳ низ ба ҷойи “бобо об дод”, “бобо ҷон дод” мегӯянд. Танзи талхе, ки ҳузури Толибон онро ба воқеияти айнӣ табдил кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.