Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба таҳаввулоти амиқ дар арсаи ҷаҳон, оқибатҳои пандемияи КОВИД-19, таъсири он ба иқтисод ва амнияти кишварҳо, буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи амнияти байналмиллалию минтақавӣ, афзоиши терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ андешаронӣ карда, талошҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо, инчунин ҳамоҳангсозии корҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният зарур шуморид.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иштирокчии фаъоли муколамаи глобалии амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар самти мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи нави мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои давраи то соли 2025 таҳия ва қабул намуд.
Таъкид гардид, ки чанд рӯз пас дар пойтахти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ Конфронси сатҳи баланд дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм доир мегардад, ки мавзӯъҳои муҳими ҷаҳонро дар бар мегирад.
Тазаккур дода шуд, ки пас аз шомил шудан ба Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Тоҷикистон дар ноил шудан ба ҳадафҳо дар доираи Машварат саҳми арзанда мегузорад.
Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи вазифаҳои умумии Декларатсияи дар ҳамоиши Душанбе қабулшуда, андешаҳои худро доир ба рушди сайёҳӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими амнияту ҳамкорӣ дар Осиё, аз ҷумла вазъи Афғонистон баён намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои машваратро ба ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳо ҷалб сохт.
Ҳамчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалии норасоии оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим зикр гардида, сарони кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим даъват карда шуданд.
Бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва обшавии пиряхҳо қаблан пешниҳод карда буд, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.
Изҳори умед карда шуд, ки талошҳои Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Соли 2023 аз нигоҳи баррасии миёнамуҳлати Ҳадафҳои рушди устувор ва арзёбии иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” соли муҳим мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид, ки соли оянда дар Ню-Йорк баргузор мешавад, натиҷаҳои назаррасро интизор аст. Тоҷикистон яке аз ҳамраисҳои ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ хоҳад буд.
Изҳори имтинон карда шуд, ки дурнамои фаъолияти муштараки кишварҳо дар самти таҳкими эътимоду амният, инчунин ҳамкории васеи бисёрҷониба дар ҳалли масъалаҳои мубрам, муайян карда шавад.
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Правоохранители Таджикистана задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста