Толибон* дар пайи манъи омӯзиш ва таҳсили занон, дастур таваққуфи кори занон дар созмонҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар Афғонистонро содир кардаанд. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ" бо такя ба манобеъи худ дар Вазорати иқтисоди Толибон* хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мактуби Вазорат иқтисоди Толибон*, ки дастраси рӯзномаи "8 субҳ" ҳам гардид, ин гурӯҳ дирӯз, шанбе, 24-уми декабр, ба тамом муассисаҳои дохилӣ ва хориҷии фаъол дар Афғонистон дастур додаанд, ки фаъолияти кормандони занро то "амр сонӣ" мутаваққиф кунанд.
Далели ин иқдоми Вазорати иқтисоди Толибон*, адами риояти нашудани пушидани ҳиҷоб ва қавонини маврид назари ин гурӯҳ унвон шудааст.
«Вазорати иқтисод бар асоси масъулияте, ки дорад, ба тамом муассисот ҳидоят медиҳад, ки то амри сонӣ кори тамоми кормандони унос (зан), ки дар бахшҳои марбутаашон ифои вазифа мекунандро таваққуф диҳанд”, - омадааст дар ин мактуб.
Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, вазири иқтисоди Толибон*, ҳушдор додааст, ки дар сурати иҷро накардан ва баҳонаҷӯи аз мӯҳтавои мундариҷа дар ин мактуб, иҷозаи кори муассисаи аҳдшикананда лағв хоҳад шуд.
Ин тасмими Толибон бо вокуниши бархе аз ниҳодҳо ва шаҳрвандони Афғонистон рӯбарӯ гардид.
Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон дар як баёния дар робита ба ин дастури Толибон* гуфтааст, ин мактуб охирин мех бар маҳви занон аз зиндагии умумӣ аст.
Созмон афви байналмилал низ дар “Твиттер” аз ин тасмими Толибон* интиқод карда, онро иқдоме барои ҳазфи занон аз саҳнаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хондааст.
Дар ҳамин ҳол, ниҳоди ҳамоҳангкунандаи кӯмакҳои башардӯстонаи Созмони милал (UN Office for Coordination of Humanitarian Affairs) дар хабарномае гуфтааст, ки ниҳодҳои Созмони милал ва ширикони ин созмон дар Афғонистон, ин тасмимро накӯҳиш мекунанд.
“Яунин дастур ҳуқуқи бунёди занонро нақз мекунад ва дар тазодд бо усули инсонӣ аст”, - гуфта шудааст дар хабарномаи ин созмон.
Дастури қатъи кор дар муасисаҳои дохиливу хориҷӣ барои занон дар ҳолест, ки Толибон* ҳафтаи гузашта бо судури фармоне эълом карданд, ки ҳузури донишҷуёни духтар дар донишгоҳҳо ва муассисоти таҳсилоти олӣ мамнуъ аст.
Ин фармони Толибон вокунишҳои бисёре дар пай дошт ва ҳазорон тан алайҳи ин дастур эътироз карданд. Аммо эътирозҳо бо латукӯб ва шиллики гулӯла посух дода шуд.
Толибон аз баъд аз тасаллут бар Афғонистон, маҳдудитҳои зиёдеро бар зиндаагии занон вазъ кардаанд ва тозатарини он мамнуъияти таҳсил ва таълим ва ҳамчунон мамнуъияти кор занон дар муассисоти дохилӣ ва хориҷии Афғонистон аст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.






Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 декабря 2025 года
Хозяин гор. Как тяньшанский бурый медведь выживает в Таджикистане?
Легионер сборной Таджикистана Абдулмажид Кудиев стал чемпионом Ирана
«На аукцион никто не пришел». Известная чайхана «Харбуза» в Гиссаре снова не нашла покупателя
На лошади и с биноклем. Как Сафарби – единственная женщина-лесник в Таджикистане – охраняет «Даштиджум»
По инициативе Таджикистана Генассамблея ООН объявила 2027-й Международным годом правовой грамотности
Huawei представляет Mate X7 и линейку новых инновационных устройств
Погранслужба КР: 80% госграницы между Баткенской областью и Таджикистаном обнесены заграждениями
Памир и Тянь-Шань тают: сможет ли программа АБР спасти воду региона?
Баходур Усмонов стал официальным претендентом на титул чемпиона мира WBA
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста