Шиддатёбии даргириҳо дар Украина, ташаббусҳои нави Думаи давлатии Русия, лағви машқҳои СПАД ва боз шудани марзҳои Чин - ин ва дигар хабарҳо дар шарҳи ҳаводиси байналмилалии ҳафтаи гузашта.
Афзоиши амалиёти ҳарбӣ дар Украина
Ҳафтаи қаблӣ амалиёти ҷангӣ дар Украина боз ҳам бештар авҷ гирифт. Рӯзи ҷумъа Русия расман аз ишғоли шаҳри Соледар ва муҳосираи воҳидҳои украинӣ, ки ҳанӯз дар ин шаҳр қарор доранд, хабар дод.
Украина тасарруфи Соледарро пайваста рад мекунад, ҳарчанд аз даст додани қисми зиёди қаламрави шаҳрро эътироф кард. Ҳамзамон, ҳамлаҳои мушакӣ ба шаҳрҳои Украина, аз ҷумла ба Киев ва Днепр идома ёфтанд.
Дар нимаи ҳафта Маскав дар ҳайати фармондеҳии нерӯҳои худ дар Украина тағйироти кадрӣ кард.
Генерали артиш Валерий Герасимов, сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ, фармондеҳи нави гурӯҳи муштараки нерӯҳои Русия дар Украина таъйин шуд. Генерал Сергей Суровикин, ки қаблан дар ин вазифа буд, муовини Герасимов таъин гардид.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи коршиносон, фармондеҳии нерӯҳои Русия дар Украина ба дасти генералҳои ситодӣ бармегардад, ки қаблан аз ҷониби расонаҳо ва бархе сиёсатмадорон, аз қабили Рамзан Қодиров ва молики ШҲХ “Вагнер” Евгений Пригожин мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.
Ин метавонад норозигии раҳбарияти Русияро аз суръат ва ҷараёни ҳуҷум, таҷдиди эҳтимолии стратегияи ҳамла ва авҷ гирифтани амалиёти ҷангӣ дар ояндаи наздик бошад нишон диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Думаи давлатии Русия чанд ибтикори марбут ба “амалиёти вижа дар Украина” ва безараргардонии “нерӯҳои душман” дар ҷомеаи Русияро баррасӣ мекунад.
Аз ҷумла, баҳс дар бораи то 30-солагӣ боло бурдани ҳадди болоии синни даъват ба хидмати ҳарбӣ дар артиши Русия (ҳоло он 27 аст), ки аллакай дар маъракаи даъвати баҳори соли 2023 оғоз гардид, ҷараён гирифт. Ин дар ҳоле ки синни поёнӣ бетағйир мемонад - 18 сол.
Агар ин тавр шавад, пас аллакай дар фасли баҳор-тирамоҳи соли ҷорӣ теъдоди зиёди шаҳрвандони 20-30 сола, ки бо ягон сабаб (таҳсил дар донишгоҳ, ба таъхир андохтани сабабҳои саломатӣ) хизмати ҳарбиро хатм накардаанд, метавонанд ба артиши рус даъват карда шаванд.
Ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2022 роҳбарияти Русия дар вокуниш ба ин гуна ташаббусҳо аз мардумаш даъват карда буд, ки шитоб накунанд.
Кремл расман манъи хуруҷи афроди қобилияти хидмати ҳарбӣ дошта аз Русияро, ки мухолифони давлат ва манобеъи хориҷӣ расонаӣ карда буданд, рад кард. Рӯзи 11-уми январ котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков ин маълумотро “иттилои носаҳеҳ ва муғризона” номид.
Аз сӯйи дигар, рӯзи 12 январ Думаи давлатӣ дархости таъсиси “рӯйхати ҳунармандони ба ватан хиёнаткарда”- кард. Тибқи ин дархост рӯйхати санъаткорон тартиб дода шуда, онҳоро аз ҳаққи иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ, телевизионҳои федералӣ ва дигар лоиҳаҳои фарҳангие, ки аз ҷониби давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, маҳрум менамоянд.
Дар идомаи ин мавзӯъ, рӯзи 13 январ раиси Думаи давлатӣ Володин пешниҳод кард, ки ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид карда шавад, то моликияти онҳое, ки ошкоро ба ҷанг мухолифат мекарданд, аз Украина ҳимоят мекарданд ва ё ба бадном кардани нерӯҳои мусаллаҳ машғул буданд, мусодира карда шавад.
Ба ақидаи ӯ мухолифин “амволи ғайриманқулро дар хориҷа ба иҷора медиҳанд, ба гирифтани маблағ идома медиҳанд... иҷоза медиҳанд, ки ба сари Русия хок рехта, сарбозону афсарони моро таҳқир кунанд. Онҳо беҷазо будани худро эҳсос мекунанд ва бовар доранд, ки адолат ба онҳо намерасад”.
СААД – тамринҳои низомӣ бекор мешаванд
Рӯзи 10-уми январ вокуниши қобили мулоҳизае дар фазои пасошӯравиро изҳороти ғайричашмдошти Ереван дар бораи мувофиқ набудани баргузории тамринҳои СААД дар Арманистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ шудааст, ба вуҷуд овард. Ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2022 Вазорати дифои Русия эълон карда буд, ки воҳидҳои нерӯҳои хушкигарди Русия дар машқҳои нерӯҳои посдори сулҳи СААД, ки дар Арманистон баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Аммо дар аввали соли нав Вазорати дифои Арманистон ба Ситоди муштараки СААД дар бораи номуносиб будани ин машқҳо “дар шароити кунунӣ” ба таври хаттӣ хабар дода буд.
Раисиҷумҳури Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки бекор кардани машқҳо изҳори ноумедӣ аз СААД аст, ки натавонистааст ӯҳдадориҳои худро дар назди кишвараш дар ҷанги дуввуми Қарабоғ иҷро кунад.
23 ноябри соли 2022 Пашинян дар нишасти сарони ин созмон дар Ереван тарҳи Эъломияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД-ро имзо накарда, изҳор дошт, ки набуди роҳи ҳалли низои Арманистону Озарбойҷон зарба ба эътибори ин созмон аст.
Ҳамзамон, дар Ереван бори аввал дар бораи хуруҷи эҳтимолии Арманистон аз ин созмон ҳарф заданд. Баъд аз ин Нэнси Пелоси, раиси палатаи поёнии Конгресси ИМА, ба ин кишвар ташриф овард ва аз он ҳимоят кард. Даст кашидан аз машқҳо як ҳодисаи бесобиқа дар таърихи СААД аст, созмоне, ки моҳи майи соли гузашта 30-солагии таъсисёбии худро таҷлил кард. Вазъ дар атрофи машқҳо то андозае бӯҳрони эътимод дар СААД ва баҳсҳои дохилии рушд ва рисолати ояндаи онро инъикос мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ба СААД ба ҷуз аз Русия, Беларус ва Арманистон се кишвари Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро низ шомиланд. Баррасиҳо дар бораи ояндаи созмон дар давраи ташдиди буҳрони сиёсӣ дар кишварҳои узви СААД ва низоъҳои фаромарзӣ миёни онҳо мунтазам нав мешавад.
«Ҳуҷҷатҳои махфӣ» — силсилаи нав
Ҳафтаи гузашта дар Иёлоти Муттаҳида ҷанҷоли сиёсии марбут ба президент Байден авҷ гирифт. Рӯзи душанбеи 10-уми январ хабаре паҳн гардид, ки дар бинои маркази таҳлилии Ҷо Байден дар Вашингтон асноди махфии давраи маъмурияти Барак Обама пайдо шудааст.
Гап дар сари он аст, ки раисиҷумҳури феълӣ дар замони Обама ба ҳайси ноиби президент кор мекард ва зоҳиран бархе аз асноди махфиро бо худ бурдааст. Ёрдамчиёни ӯ чанде пеш аснодро кашф карда, ба бойгонии миллӣ супурданд ва ин боиси он шуд, ки Байден ба нақзи махфият муттаҳам шавад.
Дар натиҷа, Додситонии кулли ИМА аз таъйиди як додситони вижа барои таҳқиқи “ҳаракати эҳтимолии беиҷозат ва нигаҳдории асноди махфӣ”-и Ҷо Байден хабар дод.
Ҳамзамон чанд моҳ аст, ки дар кишвар тафтишоти мушобеҳ алайҳи Доналд Трамп идома дорад, ки дар қароргоҳи ӯ садҳо ҳуҷҷате пайдо шудааст, ки раисиҷумҳури пешин аз Кохи Сафед гирифта буд.
Моҳи августи соли гузашта ФБР ба қароргоҳи Трамп бо баҳонаи он ки ӯ бо вуҷуди талаби Бойгонии Миллӣ аз баргардонидани ҳуҷҷатҳои расмӣ худдорӣ мекунад, рейд кард.
Силсилаи нави ҷанҷолҳои сиёсӣ инъикоси авҷ гирифтани муборизаи сиёсӣ дар пешорӯи интихоботи президентии соли 2024 мебошад. Доналд Трамп ва Ҷо Байден аллакай эълом доштанд, ки ният доранд номзадии худро барои як давраи дигар пешбарӣ мекунанд.
Бо вуҷуди ин, Трамп ҳоло якбора бо чанд иттиҳоми ҷиноӣ “мубориза” мебарад: дар мавриди тақаллуб дар интихобот дар Ҷорҷия, даъвои шаҳрвандӣ барои тақаллуб дар тиҷорати ӯ, даъвои тӯҳмат дар бораи иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ва тафтишоти федералии нақши ӯ дар ҳамла аз Капитолия дар интихоботи гузашта.
Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, ки интихоботи соли 2024 ҳам барои Иёлоти Муттаҳида ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти хоса дорад.
Ин 60-умин интихоботи президентӣ дар таърихи кишвар хоҳад буд, ки рушди сиёсати хориҷӣ ва дохилии ИМА-ро то охири даҳсола муайян мекунад. Аз ҷумла, сухан дар бораи сиёсат дар қиболи Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ, кишварҳои ҷаҳони сеюм, масъалаҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва экология ва ғайра меравад.
Нерӯгоҳи Қамбарота-1 дар Қирғизистон се давлат бунёд мекунанд
Рӯзи 6 январ дар Бишкек вазирони энержии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон “харитаи роҳ”-и сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 ва сарбандро имзо карданд. Бар асоси ин тавофуқ, се кишвари ҳамсоя қасд доранд, барои сохтани сарбанд ва нерӯгоҳи барқи обӣ дар вилояти Норини Қирғизистон бо ҳам муттаҳид шаванд.
Созишнома таъсиси корхонаи муштараки мутааллиқ ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро пешбинӣ мекунад. Қарор аст, пас аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳ Қирғизистон 34% ва Қазоқистону Ӯзбекистон 33% саҳмияро соҳиб шаванд.
Сохтмони нерӯгоҳ як лоиҳаи дарозмуддат аст, ки на як бору ду бор аз нав cap шуда, боздошта шудааст. Сохтмон дар соли 1986 оғоз шуда, соли 1991 бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ қатъ шуд. Соли 2008 Русия ин тарҳро аз сар гирифт, вале баъдан ба далели таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ аз он даст кашид.
Ҳоло худи кишварҳои минтақа ба сохтмон шурӯъ мекунанд, ки ин худ як ҳодисаи бесобиқа дар таърихи пасошӯравии он аст.
Дар сурати муваффақ шудан, сохтмони НБО Қамбарота метавонад намуна барои амалисозии дигар лоиҳаҳои бузурги энергетикии минтақа, аз қабили НБО-и Роғун ва CASA-1000 бошад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи таҳлилгарон, сохтмон 4-5 миллиард доллар арзиш дошта, дар беҳтарин ҳолат танҳо дар соли 2024 оғоз мешавад.
Савол ин аст, ки оё давлатҳои иштирокчии лоиҳа барои анҷом додани он дар шароити бӯҳрони давомдор дар иқтисоди ҷаҳонӣ захираву имкониятҳои кофӣ хоҳанд дошт - бахусус вақте хароҷоти ниҳоӣ дар чунин лоиҳаҳо, чун қоида, аз ҳисобҳои аввалия хеле зиёданд?
Моҷарои дипломатӣ байни Лондон ва Теҳрон
Дар Эрон муовини собиқи вазири дифоъ Алиризо Акбарӣ, ки ба ҷосусӣ ба нафъи Бритониё муттаҳам буд, эъдом шуд. Акбарӣ дар замони раисиҷумҳур Муҳаммад Хотамӣ, ки солҳои 1997-2005 раҳбарии ин кишварро бар ӯҳда дошт, ба ҳайси муовини вазири дифоъ кор мекард - шаҳрвандии дугонаи Бритониё ва Эронро дошт.
Ин мансабдори собиқ дар соли 2019 боздошт ва ба ҷосусӣ барои хадамоти иктишофии бритониёии MI-6 муттаҳам шуд, ки гӯё барои ин беш аз ду миллион доллар бо асъори гуногун гирифтааст. Эъдоми ӯ мавҷи нави буҳрон байни Ғарб ва Эронро ба вуҷуд овард.
Лондон дар посух ба эъдоми Акбарӣ алайҳи додситони кулли Эрон Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ таҳрим ҷорӣ кард. Фаронса низ ин эъдомро маҳкум кард ва сафири Эрон дар Порис дар ин замина ба вазорати хориҷа эъзом шуд. Дар навбати худ вазорати умури хориҷаи Эрон сафири Бритониёро ба далели “дахолат ба умури дохилии кишвар” даъват кардааст.
Дар маҷмуъ, Эрон як кишваре боқӣ мемонад, ки аз ҳама бештари ҳукми эъдом дар ҷаҳон он ҷо содир мешавад ва равобити Эронро бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ печидатар мекунад.
Ҳамин тавр, танҳо дар ҷараёни тазоҳуроти оммавии дар Эрон, бино ба маълумоти расмӣ, дастикам 10 эътирозгар ба эъдом маҳкум шуданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар ҷараёни эътирозҳо аллакай беш аз 500 нафар, аз ҷумла 70 ноболиғ кушта шудаанд. Зиёда аз 19 000 эронӣ боздошт шуданд.
Чин: кушодани сарҳад ва пандемия
Ҳафтаи гузашта, 14-уми январ, мақомоти тандурустии Чин гузориш доданд, ки баъди бекор кардани “сиёсати бидуни таҳаммулпазирӣ бо COVID-19” тақрибан 60 ҳазор нафар фавтидаанд.
Қабл аз ин эълон, сарфи назар аз далелҳо дар бораи серодам будани беморхонаҳо ва крематорияҳо дар Чин, танҳо аз марги даҳҳо нафар иттило дода мешуд.
Ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ Чин афзоиши босуръати пандемияро аз сар гузаронидааст.
Мақомоти баландпояи беҳдошти Чин тахмин мезананд, ки дар як рӯз тақрибан 37 миллион нафар дар ин кишвар метавонистанд ба коронавирус мубтало шаванд, ки ин авҷи бузургтарин дар ҷаҳон аст.
Дар ҳамин ҳол, дар авохири моҳи декабр карантин дар Чин расман лағв шуд ва аз 8-уми январи соли 2023 марзҳои кишвар барои вуруду хуруҷи сайёҳон боз шуданд. Кушодани сарҳадҳо, дар навбати худ, дар бисёр кишварҳо ва ҳамсояҳои Чин, ки аз хуруҷи нави пандемия метарсанд, боиси нигаронӣ гардид.
Аз ҷумла, мақомоти Иёлоти Муттаҳида, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Испания, Канада, Австралия, Олмон ва Шветсия аллакай дар бораи ҷорӣ кардани чораҳои нави маҳдудкунанда алайҳи сайёҳони Чин дар пасманзари COVID-19 эълон карданд.
Сардиҳои ғайриоддӣ дар Осиёи Марказӣ
Тайи чанд рӯзи ахир кишварҳои минтақаро сардии густарда фаро гирифтааст, ки дар даҳсолаҳои ахир мушоҳида нашудааст. Ҳарорати ҳаво дар Осиёи Миёна аз меъёри иқлимӣ 9—12 ва дар баъзе ноҳияҳо ҳатто 16 дараҷа паст аст.
Одатон дар ин манотиқ ҳарорат аз 10—14 то 40—50 дараҷа гарм мешавад. Сардиҳои ғайримуқаррарӣ аллакай ба иқтисодиёт ва инфрасохтори минтақа таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Ҳамин тавр, бар асари сармо дар баъзе мавридҳо парвозҳо дар фурудгоҳҳо лағв шуданд; иртиботи байналмилалии автомобилӣ байни кишварҳои минтақа низ қатъ карда шуд - аз ҷумла, ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ аз Русия ба минтақа.