Дар фурудгоҳҳои Русия зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷиконро, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, намегузоранд аз ин кишвар хориҷ шаванд: ба онҳо мегӯянд, мардони синни даъватӣ ҳаққи ба хориҷа рафтанро надоранд.
Тарс аз сафарбаркунии нави низомии Маскав барои пуштибонӣ аз ҷангаш дар Украина, бисёре аз зодагони Осиёи Марказиро дар Русия, ки бештар барои муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, водор кардааст, ки ба ватани худ баргарданд. Аммо бархе аз муҳоҷирон, ки ҳамчунин шиносномаи Русия гирифтаанд ва ҳаққи хидмати сарбозиро доранд, мегӯянд, дар ҳафтаҳои ахир иҷозаи хуруҷ аз Русияро надоранд.
Каримҷон Ёров, вакили дифои муҳоҷирони тоҷик дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки чунин ҳолатҳо ҷой дорад ва 4 рӯз пеш се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доштанд, аз фурудгоҳ гардониданд ва ба онҳо даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ ё шартномаи пайвастан ба артиши Русияро супориданд.
Ӯ гуфт, қариб як ҳафта мешавад, чунин амал аз ҷониби масъулини Русия сурат мегирад ва он хилофи қонунгузории ин кишвар аст.
“Чунин қонун ё фармоне вуҷуд надорад. Ин ҳама ғайриқонунӣ аст. Аслан бояд даъватномаҳоро ҳам ба суроғаи ҷои истиқомат баранд. Вале тоҷикон ё қайд надоранд ё дар маҳали қайд зиндагӣ намекунанд. Аз ин рӯ, дар ҳар куҷое вохӯрданд, даъватномаро ба худи онҳо медиҳанд”, - гуфт Каримҷон Ёров.
Ба таъкиди номбурда, ин амалҳо ба хотири пешгирӣ аз гурези мардони синни даъватии Русия дар пайи эълони сафарбаркунии ҷузъии навбатӣ аст.
Дар ҳин ҳол, дирӯз, 22-юми январ, Радиои Озодӣ навишт, ки Русия чанд шаҳрванди Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, нагузошт, ин кишварро тарк кунанд ва онҳоро ба ҷанги Украина ҷалб кард.
Манбаъ, аз номи Зафар, як муҳоҷири тоҷик навишт, ки ба писари 33-солаи амакаш, ки шаҳрванди Русия низ буд, иҷозаи вуруд ба Қазоқистонро, ки мехост тавассути он ба Тоҷикистон баргардад, надодаанд.
"Ӯро ба Сургут баргардонданд ва ба дигарон, ки бо ӯ сафар мекарданд, иҷозат доданд, ки ба ватан (ба Осиёи Марказӣ) баргарданд, зеро онҳо шиносномаи русӣ надоштанд",- гуфтааст Зафар, ки нахост аз ному насабаш пурра ном баранд. "Сарҳадбонон ба амакам гуфтанд, мардони синни даъватии Русия наметавонанд ба хориҷа сафар кунанд”.
Ин расона ҳамчунин, аз номи як муҳоҷири қирғиз навишт, ки сарҳадбонони Русия ба ӯ фаҳмонданд, ки "ту ба рӯйхати сафарбаркунӣ шомил шудаӣ, ин қонун аст ва шумо ҳуқуқи сафар ба хориҷа то 12 февралро надоред".
Манобеъи дигар мегӯянд, ки дар худи фурудгоҳҳо ба муҳоҷирон даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ медиҳанд ва онҳоро инчунин ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои сӯҳбат даъват карда, мефаҳмонанд, ки фирор аз сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷазои сахт пешбинӣ мекунад.
Зимнан, Валентина Чупик, ҳомии муҳоҷирони меҳнатӣ мегӯяд, чунин амали мақомоти Русия хилофи қонунгузории ин кишвар аст ва чунин қонуне вуҷуд надорад, ки берун рафтани шахсонеро, ки қарздор нестанд, уҳдадории пардохтнашуда ва ҳомили сирри давлатӣ нестанд ё дар иҷрои вазифаҳои махсус нестанд, манъ кунад.
“Он чизе, ки мамнӯъ нест, иҷозат дода мешавад. Ба фаъолияти иҷозатдодашуда дахолат кардан ғайриқонунӣ аст”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.
Валентина Чупик афзуд, дар робита ба манъи сафари тоҷикон, ки шаҳрвандии Русияро доранд, то ҳол шикояте нагирифтааст.
“Мобилизатсия” дубора эълон мешавад?
Маскав сафарбаркунии ҷузъии навбатии артишро рад мекунад. Вале мақомоти истихборот ва коршиносон дар Украина ва Русия пешгӯӣ мекунанд, ки ба зудӣ як чолишҳои дигар ба миён меояд. Ин сокинони Осиёи Марказиро, ки дар Русия зиндагӣ карда ё шиносномаи ин кишвар ё иҷозаи иқомати муваққатиро доранд, нигарон кардааст.
Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия, рӯзи 13 январ гуфта буд, ки хориҷиён, аз ҷумла тоҷиконе, ки шаҳрвандии ин кишварро доранд, бояд ба ҷанги зидди Украина сафарбар шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, тайи панҷ соли ахир беш аз ним миллион нафар аз Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шиносномаи Русия гирифтаанд ва акнун онҳо "вазифаи дифоъ аз кишвар" доранд. Вай ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки тартиби соддашудаи дарёфти шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирони ширкаткунандаи ҷанг ҷорӣ карда шавад.
Ба гуфтаи мақоми баландпояи Русия танҳо дар шаш моҳи соли 2022 бештар аз 60 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои мазкур ҳаққи шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд ва аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, “бояд масъалаи сафарбар кардани ингуна шаҳрвандон” ба ҷанг дар Украина баррасӣ шавад.
Моҳи январ маъмурияти президент дар посух ба дархости вакили ҳизби “Яблоко” Артур Гайдук эълон кард, ки сафарбарӣ дар моҳи сентябр эълоншуда идома дорад: фармон дар бораи эълони он ҳоло ҳам амал мекунад. Дмитрий Песков, котиби матбуотии Владимир Путин, борҳо итминон дод, ки ҷалби сарбозони сафарбарӣ ба анҷом расидааст ва фармони иловагӣ лозим нест”. Ба гуфтаи Песков, ин "як нозукии ҳуқуқӣ" аст.
Тоҷикистон бо Русия созишномаи душаҳрвандӣ дорад, айни замон бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҳар касе, ки дар ҷангҳои хориҷӣ ширкат мекунад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. То кунун даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина кушта ва ё захмӣ шудаанд.
Мақомот ҳам аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостаанд, ки дар ҷанги Русия ба зидди Украина ширкат накунанд.
Марги тоҷикони зиндонӣ дар ҷанги Украина
Гузоришҳои зиёде дар бораи фиристодани муҳоҷирони тоҷик ва ҳатто маҳбусон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Украина мерасад. Дар ду моҳи охир хабари марги камаш чаҳор шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Украина тасдиқ шудааст.
Имрӯз, 23-юми январ, Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) мардеро дафн карданд, ки ба қавли наздиконаш дар Русия зиндонӣ буд, аммо дар ҷанги Украина кушта шуд. Шамсиддин Қодиров 47-сола рӯзи 19-уми январ дар зодгоҳаш, ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун, гӯронданд.
Пайвандонаш гуфтанд, ду сол пеш ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир 14 сол аз озодӣ маҳрум шуда, дар шаҳри Волгогради Русия адои ҷазо мекард ва моҳи майи соли 2022 ба ҷанги Украина бурда шудааст.
Ба қавли бародараш, Шамсиддин Қодиров рӯзи 20-уми ноябри соли 2022 ҳалок шуда, ҷасадашро пас аз ду моҳ аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд. Дар санадҳо сабаби расмии маргашро “зарба ба пой” номидаанд.
Инчунин, ҷасади Булбул Давлатшоеви 47-соларо аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон рӯзи 11-уми январ дар зодгоҳаш гӯронданд. Наздиконаш гуфтанд, ӯ ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир аз соли 2007 дар зиндони Санкт-Петербург буд, вале “дар Украина кушта шуд".
Дар моҳи декабри соли 2022 дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шудаанд. Бобоазиз Тӯйдиев 22-сола буд, Манучеҳр Шодов 28 сол дошт.
Бино ба баъзе гузоришҳо, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла дар тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, то рафтан ба артиш дар зиндони вилояти Брянск будааст. Аз ӯ Меҳроб Раҳмонов ном мебаранд. Мақомоти Тоҷикистон аз зиндон ба ҷанг рафтани шаҳрвандони ин кишварро тасдиқ ё рад накардаанд.
СПИД в Таджикистане: Как и кто в Таджикистане рассказывает детям об этом заболевании?
Сам заразил, но жену обвинил. Женщины с ВИЧ подвергаются в Таджикистане дискриминации
Шириншо Шотемур. Первый гражданин Таджикистана
Ноябрь-2024: Климатические инициативы, процесс за закрытыми дверями, падение рубля и горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 1 декабря 2024 года
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста