Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаеро дар бораи зарурати расидан ба сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдор дар Украина бар асоси принсипҳои Оинномаи СММ қабул кард. Тоҷикистон дар ин раъйпурсӣ аз овоздиҳӣ худдорӣ кард. Дар ин бора саҳифаи СММ дар Твиттер хабар додааст.
Ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ тавассути сомонаи расмиаш пахш шуд ва дар он 141 кишвар ба ҷонибдории қатънома, 32 кишвар бетараф ва ҳафт кишвар мухолиф овоз доданд.
Кишварҳои Беларус, Кореяи Шимолӣ, Эритрея, Малӣ, Никарагуа, Русия ва Сурия ба зидди қабули қатънома овоз доданд.
Тоҷикистон дар қатори Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Арманистон, Эрон, Чин ва дар умум, 32 давлат аз овоздиҳӣ худдорӣ кард.
Бояд гуфт, ки соли гузашта низ Тоҷикистон дар қатори 35 давлати ҷаҳон аз овоздиҳӣ дар чунин як райъпурсӣ худдорӣ карда буд.
Ҳамин тавр, дирӯз Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина, дар Твиттер навишт, ки тасвиби қатънома аз ҷониби 141 кишвари ҷаҳон нишон дод, ки бо гузашти як сол аз оғози ҷанг “ҳимоятҳои ҷаҳонӣ аз Украина қавӣ боқӣ мондаанд”.
Бояд гуфт, ки қаблан Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ, тарҳи ин қатъномаро “зидди Русия ва зараровар”, “якҷониба ва аз воқеият дур” хонда буд. Илова бар ин, Небензя қайд карда буд, ки ин санад имкон намедиҳад, низоъ дар Украина бо роҳи мусолиҳатомез ҳал карда шавад.
Дар қатъномае, ки дирӯз қабул шуд, гуфта мешавад:
- зарурати ноил шудан ба ҳарчи зудтар ба сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдор дар Украина мувофиқи принсипҳои Оинномаи СММ таъкид мекунад;
- давлатҳои узви СММ ва созмонҳои байналмилалиро даъват мекунад, ки дастгирии кӯшишҳои дипломатиро барои ноил шудан ба сулҳ дар Украина дучанд кунанд;
- содиқ будани худро ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украина дар ҳудуди сарҳадҳои аз ҷониби байналмилалӣ эътирофшуда, аз ҷумла обҳои ҳудудии он тасдиқ мекунад;
- бори дигар аз Русия талаб мекунад, ки ҳама нерӯҳояшро аз қаламрави Украина дар ҳудуди марзҳои аз ҷониби байнулмилалӣ эътирофшудааш фавран, пурра ва бидуни қайд берун кашад ва ба қатъи амалиёти ҷангӣ даъват мекунад;
- талаб мекунад, ки ба хамаи асирони ҳарбӣ аз тарафи тарафхои муноқишаи мусаллаҳона мувофиқи нуқтаҳои конвенсияи Женева муносибат кунанд;
- тарафҳоро даъват мекунад, ки ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро эҳтиром кунанд ва ба аҳолии осоишта ва объектҳои ғайринизомӣ раҳоӣ диҳанд;
- даъват мекунад, ки ҳамлаҳо ба инфрасохтори муҳими Украина ва ҳама гуна ҳамлаҳои барқасдона ба ҳадафҳои ғайринизомӣ, аз ҷумла хонаҳо, мактабҳо ва беморхонаҳо қатъ карда шавад;
- зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ҷиноят дар Украина тавассути тафтишот ва мурофиаи одилона ва мустақилро таъкид мекунад;
- ҳамаи мамлакатҳои аъзои СММ-ро даъват мекунад, ки барои рафъи оқибатҳои чаҳонии ҷанг ҳамкорӣ кунанд.
«Настоящий квест». Почему оплата электроэнергии через биллинг в Таджикистане – проблема для пользователей?
Сколько будут стоить салаты для новогоднего стола-2025 в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 декабря 2024 года
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Бывший футболист избран новым президентом Грузии
Жизнь, достойная подражания. Посвящается 100-летию Рауфа Дадабаева
Парламент Южной Кореи объявил импичмент президенту страны
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Праздник Весны: как китайский Новый год объединяет миллионы людей
Потребительская уверенность в Таджикистане выросла после трех месяцев падения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста