Акмал Амирӣ, фармондеҳи аршади Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон ва яке аз қумандонҳое, ки ошкоро низоми Толибонро танқид мекард, зимни як даргирӣ бо Толибон* дар Панҷшер ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ" бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.
“Манобеъи мӯътамад дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-субҳ” мегӯянд, ки Амирӣ шаби душанбеи 10-уми апрел дар ноҳияи Шатели Панҷшер ҳамроҳ бо чанд нафар афродаш кушта шудааст”, - навиштааст рӯзнома.
Ба гуфтаи манбаъ, шаби гузашта Толибон ба мавқеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вулусволии Саланги вилояти Парвон ҳамла кардаанд ва пас аз ин ҳамла Акмал Амирӣ ва зердастонаш аз кӯҳистон ба сӯи вулусволии Шатели Панҷшер ҳаракат мекарданд, ки ба камини Толибон дучор шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Абдулҳамид Хуросонӣ, волии Толибон дар Аҳмадободи Пактиё, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ” гуфтааст, ки афроди ӯ Акмал Амирӣ ва ҳашт сарбозашро дар вулусволии Шател куштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин даргирӣ чанд тан аз аъзои Акмал Амирӣ ба дасти Толибон асир афтодаанд.
Алим Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ хабари кушта шудани Акмал Амириро тасдиқ карда, дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки “мубориз ва қаҳрамони орзуи адолату озодии халқи мо, фармондеҳ Акмал Амирӣ ҳамроҳи ҳамсафонаш ҷоми шаҳодатро дар роҳи шаъну шараф ва озодии Ватан нӯшиданд”.
Дар робита ба ин, Назарӣ ба мардуми кишвараш ҳамдардӣ баён карда, навиштааст, ки ҳар қатраи хуни шаҳидони муқобилати халқи афғон ба решаҳои ҳаққонии талаби озодӣ, шаъну шараф ва адолат об дода, моро ба ғалаба наздик мекунад.
Акмал Амирӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои вижаи ҳукумати қаблии Афғонистон буд, ки пас аз суқути он ба Панҷшер рафт ва ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайваст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста