Бо гузашти ду сол аз сари қудрат омадан дар Афғонистон, ҳаракати “Толибон”* ба нақзи зиёди ҳуқуқи башар идома медиҳанд, аз ҷумла тавассути амалисозии як низоми табъизи сартосарӣ ва ғуломии занону духтарон, изҳор доштаанд коршиносони мустақили СММ. Изҳороти онҳо дар сомонаи Маркази иттилооти СММ нашр шудааст.

Ба гуфтаи онҳо, тафовут байни ваъдаҳо ва амалкардҳои воқеъии мақомоти Афғонистон зиёд шуда, умеди аз ҷониби Толибон тағйир додани сиёсати худ амалӣ нашудааст.

"Ду сол пеш Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд ва аз он вақт инҷониб сиёсатҳое, ки онҳо алайҳи аҳолии Афғонистон таҳмил мекунанд, ба мунтазам поймол шудани як қатор ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, кор, озодии баён, ҷамъомад ва муттаҳид гардидани онҳо боис гардид», - гуфта мешавад дар изҳорот.

Коршиносон ҳамчунин аз гузоришҳои доимӣ ва мӯътамад дар бораи қатлҳои ғайрисудӣ ва ғайб задани маҷбурӣ, боздошти густурдаи худсарона, шиканҷаву рафтори бераҳмона ва ихроҷҳои худсарона нигаронанд.

Муаллифони изҳорот зикр мекунанд, ки аз ҳама бештар занону духтарон, аққалиятҳои этникиву динӣ ва дигар аққалиятҳо, шахсони имконияташон маҳдуд, афроди кӯчонидашуда, ҳамҷинсгароҳо (ЛГБТК+), ҳомиёни ҳуқуқ ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, ходимони фарҳанг, омӯзгорон, инчунин собиқ хидматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти амният азият мекашанд.

Бо вуҷуди итминони мақомоти Толибон дар бораи он, ки ҳама гуна маҳдудиятҳо, бахусус дастрасӣ ба таҳсил, муваққатӣ хоҳад буд, далелҳо "низоми суръатбахш, доимӣ ва фарогирандаи ҷудосозӣ, канорагирӣ ва таъқиботро нишон медиҳанд".

Моҳи декабри соли 2022 мақомоти Толибон амалан кори занонро дар созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва дар моҳи апрели соли ҷорӣ - дар СММ манъ карданд.

Ҳоло, тибқи гузоришҳо, воқеан мақомот дар чанд музофот ба мактабҳо дастур додаанд, ки духтарони аз 10-сола болоро ба таҳсил роҳ надиҳанд, қаблан манъи таҳсил аз синфи 6-ум оғоз мешуд.

"Ҳам занон ва ҳам мардони афғон, аз ҷумла бисёре аз раҳбарони ҷомеа ва омӯзгорон аз он изҳори таассуф кардаанд, ки духтарону занон наметавонанд таҳсили худро идома диҳанд", - таъкид мекунанд коршиносон.

Ба эътиқоди онҳо, "иқтисоди дар ҳоли таназзул қарордошта, хушксолӣ ва дигар таконҳои иқлимӣ ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии афғонҳо таҳдид карда, ниёз ба кумакҳои башардӯстонаро бештар кардааст".

Тибқи арзёбиҳо, тақрибан 16 миллион кӯдак дар Афғонистон аз маводи ғизоии заминавӣ ва кумаки тиббии зарурӣӣ барои некӯаҳволӣ ва рушд маҳруманд.

Таназзули иқтисодӣ равишҳои зараровар ва зӯроварӣ, аз қабили издивоҷи иҷборӣ ва хонадоркунии кӯдакон, рафтори бераҳмона, истисмори иқтисодӣ ва ҷинсӣ, фурӯши кӯдакон ва узвҳо, меҳнати маҷбурӣ ва кори кӯдакон, хариду фурӯши одамон ва муҳоҷирати хатарнокро афзоиш медиҳад.

Коршиносони мустақили СММ амалан аз мақомоти Афғонистон даъват мекунанд, ки сиёсати худ дар мавриди ҳуқуқи занону духтаронро фавран тағйир диҳанд: ба занон барои кор ва тиҷорат иҷоза диҳанд, озодии ҳаракати занони афғон ва ширкат дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро таъмин кунанд, инчунин фаъолияти мактабу донишгоҳҳоро барои занону духтарон дар ҳама зинаҳо барқарор намоянд.

Коршиносон ҳамчунин аз Толибон даъват мекунанд, ки ба саркӯби мансабдорони собиқи давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хотима бахшида, авфи умумии эълоншударо риоя кунанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки мақомот бояд амалан ба боздошти худсарона, шиканҷа ва кирдори бераҳмона хотима бахшида, дастрасии озоду бидуни монеъаро барои нозирони ҳуқуқи башар таъмин кунанд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки коршиносони мустақил аз ҷониби Шӯрои ҳуқуқи башар барои баррасии вазъ дар кишварҳои мушаххас ё масоили ин ё он соҳа дар тамоми манотиқи ҷаҳон таъйин мешаванд. Онҳо дар СММ кор намекунанд ва ба ягон ҳукумат ё созмон вобаста нестанд. Онҳо мустақил буда, барои корашон музд намегиранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.