Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар остонаи дусолагии ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯи Толибон* дар ҳамоише аз вазъи кунунии мардуми кишвараш нигаронии шадид карда, бори дигар Толибонро ба поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ маҳкум намудааст.
Аҳмад Масъуд рӯзи 15-уми август дар Конфронси байналмилалие оид ба демократия дар Дания аз мушкилоти Афғонистон нақл карда, ба вижа таъкид кардааст, ки ҳоло занон зери султаи Толибон вазъи ногувор доранд ва шаъну шарафи инсонии онҳо поймол шудааст.
“Ман аз ҷаҳониён хоҳиш мекунам, ки барои татбиқи демократия, озодӣ ва ҳуқуқи башар дар Афғонистон дар паҳлӯи мо бошанд”, - гуфтааст Аҳмад Масъуд.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамчунин аз афзоиш ва густариши созмонҳо ва шабакаҳои террористӣ дар кишвараш ёдовар шуда, афзудааст, ки “Толибон Афғонистонро ба лонаи амни террористон табдил додаанд”.
“Феълан 21 гурӯҳи террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон озодона фаъолият доранд, ки барои мардуми Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддие маҳсуб мешавад”, - зикр кардааст Аҳмад Масъуд.
Конфронси байналмилалӣ дар мавриди демократияи Данияро Бунёди Иттиҳоди демократия ташкил кардааст.
Дар ин конфронс бо Аҳмад Масъуд, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, Нэнси Пелоси, раиси пешини Маҷлиси намояндагони Амрико, Лиз Трасс, собиқ сарвазири Англия ва Алӣ Наҷот, муборизи ҳуқуқи занон дар Эрон иштирок доштаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати қаблии Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам ду рӯзи пеш дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” аз вуҷуди гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигаронӣ карда, гуфта буд, ки Толибон ҳамоно барои минтақа ва ҷаҳон хатарзо боқӣ мемонанд.
Ёдовар мешавем, ки ду соли қабл, 15-уми августи соли 2021, гурӯҳи Толибон ҳукумати Афғонистонро ғасб карда, ба сари қудрати ин кишвар нишастанд.
Аммо бо гузашти ду сол ҳукумати ин гурӯҳ то ба ҳол аз сӯи ҳеҷ кишвар ба расмият шинохта нашудааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста