Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон чанд рӯз қабл аз солгарди террори падараш, зимни суханронии худ дар парлумони Бритониёи Кабир гуфтааст, Афғонистон бори дигар ба паноҳгоҳи терроризми минтақаӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва онро набояд нодида гирифт. Дар ин бора хабаргузории “Aamajnews” бо истинод ба Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳа хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, Аҳмад Масъуд гуфтааст, ки таҳдид аз Афғонистон на танҳо дар марзҳои он, балки ба тамоми ҷаҳон нуфуз хоҳад кард.
Ба ақидаи раҳбари Ҷабҳа набуди дидгоҳи дурандешона ва монанд ба Аҳмадшоҳи Масъуд Афғонистонро зери султаи Толибон* бори дигар ба як бомби соатӣ барои даргириҳои бузургтар дар оянда табдил додааст.
“Аҳмадшоҳи Масъуд муътақид буд, ки қонунияти сиёсӣ аз мардум аст ва барои Афғонистон ба унвони як кишваре, ки аз лиҳози қавмӣ, мазҳабӣ ва забонӣ гуногун аст, бояд як низоми гуногунандешӣ ва ғайримарказӣ таъсис шавад ва қудрат бояд дар байни шаҳрвандон одилона ва баробар тақсим карда шавад”, - зикр кардааст Аҳмад Масъуд.
Ӯ дар идома изҳор доштааст, ки Аҳмадшоҳи Масъуд тавони муттаҳид кардани тамоми мардумро алайҳи Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дошт ва Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба чунин роҳбар ниёз дорад.
Бояд гуфт, парлумони Бритониёи Кабир ахиран барномаеро барои гиромидошти Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи собиқи зидди Толибон роҳандозӣ намуд, ки дар он теъдоде аз вакилони порлумони ин кишвар ва афғонистониҳои муқими Бритониё ширкат карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, то “аз ҳимояти Толибон” даст кашанд.
Аҳмадшоҳи Масъуд дар соли 2001 аз сӯи ду бомбгузори маргталаби араб, ки худро рӯзноманигор муаррифӣ карда буданд, кушта шуд ва тарафдоронаш ҳамасола ба хотири гиромидошти ин фармондеҳи марҳум маросимҳо баргузор мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста