Ҳамин шабу рӯз дар Қарабоғ фоҷеаи инсонӣ ҷараён дорад ва тибқи иттилои расонаҳо ҳудуди 70% аҳолии ин минтақа ба Арманистон кӯчиданд ва дар ҳоли парешонию афсурдагӣ қарор доранд. Ояндаи чӣ гуна рушд ёфтани вазъ дар ин минтақа маълум нест. Чун эълон шудааст, ки рӯзи 5-уми октябри соли равон роҳбарони Арманистон ва Озорбойҷон дар шаҳри Гранадаи Испониё бо миёнҷигии роҳбарони Фаронса, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо дидору мулоқот мекунанд. Ба эҳтимоли зиёд созишномаи барқароркунии равобит миёни кишварҳо ва эътирофи марзи давлатии онҳо дар асоси харитаи соли 1991 (марзҳои маъмурии замони Иттиҳоди Шӯравӣ) сурат мегирад. Агар чунин шавад, пас яке аз низоҳои марзии тӯлонӣ дар паҳнои собиқ Шӯравӣ ба анҷом мерасад.

Таърихчаи низоъ

Дар охири солҳои 80-уми асри ХХ сокинони минтақаи Қарабоғи Кӯҳии Озорбойҷон, ки аксаран арманӣ ҳастанд, талаби пайвастан ба Арманистонро карданд. Баъдан, раъйпурсии умумӣ баргузор мешавад ва аксари кулли аҳолӣ пайвастан ба Арманистонро ҷонибдорӣ мекунанд. Табиист, ки чунин рушди вазъ ба Озорбойҷон қобили қабул набуд ва Боку ин равандро пешгирӣ кардан хост. Дар натиҷа низои байниқавмӣ ба вуқуъ пайваст ва теъдоди қобили мулоҳизаи мардум аз ҳарду кишвар гуреза шуданд. Шиддат ёфтани равобити ду кишвар ба кӯч бастани арманиҳо аз Озорбойҷон ва озариҳо аз Арманистон оварда расонид. Ҳамчунин, куштору оташ задани маҳалҳои арманинишин ва озаринишин сурат гирифт, ки ҳарду ҷониб якдигарро ба чунин амалкард мутаҳҳам мекарданд. Ниҳоят, соли 1994 Ҷанги якуми Қарабоғ бо ғалабаи арманиҳо анҷом ёфт ва Арманистон як миқдор қаламрави Озорбойҷонро зери назорат гирифт.

Дар муддати 26 сол миёни ду кишвар ҷанги сард ва гоҳе “гарм” идома ёфт, ки ҳамеша алангаи он дар расонаҳо ва баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасид. Охири соли 2020 ҷанги 44-рӯза ба вуқуъ пайваст, ки бо пирӯзии комили Озорбойҷон ба анҷом расид ва Боку назорати бахши бузурги Қарабоғро ба даст овард. Вале Ҷумҳурии худхондаи Арсах (номи армании Қарабоғ) аз байн нарафт, чун ҷонибҳо аз абзори дипломатӣ барои ҳаллу фасли мавзуъ истифода кардан хостанд ва чунин ба назар мерасид, ки низоъ ҳифозат (консерватсия) шудааст ва то замони номуайян бояд боқӣ мемонд. Рӯзи 19 сентябр ҷанги якрӯзаи Қарабоғ оғозу рӯзи 20 сентябр ба анҷом расид, ки дар натиҷа тамоми неруҳои ҷудоихоҳи арманӣ аслиҳаи худро таслим карданд ва долон барои берун шудани онҳо эҷод гардид. Дертар Самвел Шаҳраманён, роҳбари Ҷумҳурии худхондаи Арсах қарор перомуни аз 1-уми январи соли 2024 барҳам хурдани кишвари худхондаи худро ба тавсиб расонд. Дар натиҷа, Арсах/Қарабоғ аз байн меравад ва ба бистари Боку ҳамчун як музофоти он бармегардад.


Сабақҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ

Ирвон (Ереван) ва Боку дар замони худсолорӣ тамоми роҳбурди сиёсати хориҷии худро барои анҷоми ин низоъ ба нафъи худ роҳандозӣ карда, амалан сиёсати яксамтию бисёрсамтиро пиёда месохтанд. То ҷанги 44-рӯза соли 2020 ҷонибҳо имкони баробари ба нафъи худ ҳал кардани масъаларо доштанд. Чун Боку аз сармояи бузург аз фурӯши нафту газ ва Ирвон аз сармоя аз истихроҷи канданиҳои фоиданок ва аз тавонмандиҳои диаспораи ҷаҳонии арманиҳо истифода мекарданд.

Кадом ҳолат ба пирӯзии Боку ва шикасти Ирвон сабаб гардид ва кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ сабақеро бардошта метавонанд?

Якум, сесадсоли охир минтақаи Қафқози Ҷанубӣ фазои рақобатҳои Русияи подшоҳӣ, Туркияи усмонӣ ва Эрон ба шумор мерафт. Имрӯз низ ин кишварҳо минтақаро фазои роҳбурдии худ медонанд ва дар сафи пеши бозигарон қарор доранд. Ба қудратҳои сафи дуюм Бритониё, Фаронса ва Исроилро ворид кардан мумкин аст, ки ангезаи онҳо аз ҳузур ва таъсир дар ин минтақа гуногун мебошад. Арманистон бо Туркия ва Озорбойҷон бо Эрон равобити ҳасана надоранд, ки баҳси вижа аст. Ирвон ва Боку бо Маскав ҳамкориҳои худро дар сатҳи шарикии стратегӣ таъриф мекарданд. Русия, Туркия ва Эрон дар ин минтақа ҳадафҳои гуногунро пайгирӣ доранд. Бо назардошти равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ҳар кадоме аз қудратҳои боло манфиатҳои худро то ҳудуде пиёдо мекунанд ва ба назар мерасад, ки танҳо мардуми арманитабори Қарабоғ онро бохтанд (ҳарчанд раванд ба анҷом нарасидааст ва ин хулосаи пешакӣ мебошад).

Пас сабақи аввал ин аст, ки шиддат ёфтани рақобати қудратҳои бузург дар минтақа ҳатман барои як кишвари он бо бохт ба анҷом мерасад, ки эҳтимоли сар задани танишу низоро ҳамеша кушод нигаҳ медорад. Чун кишвари пирӯз аз интиқом “метарсад” ва кишвари мағлуб аз пайи “гирифтан”-и интиқом аст. Аз рӯйи асли низошиносӣ – низоъ ҳамон вақт пурра ҳаллу фасл мешавад, ки агар ду ҷониб худро бурдкарда пазиранд, яъне аз рӯйи рӯйкарди “бурд-бурд” роҳҳал ба даст ояд. Аз ин рӯ, роҳ надодан ба оғози рақобатҳои қудратҳои бузург дар Осиёи Марказӣ шарти муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа мебошад.

Акс аз сомонаи cabar.asia

Дуюм, дар баҳси мазкур Озорбойҷон бештар ба Туркия ва Арманистон бошад ба Русия такя мекарданд. Боку ва Анқара консепсияи “як миллат ва ду кишвар”-ро бозтоб медиҳанд. Дар Арманистон низ ба ин мавзуъ аз диди тамаддунию мазҳабӣ менигаристанд ва ҳамчунин, Ирвон узви СААД (ОДКБ) мебошад. Баъди ба сари қудрат омадани Никол Пашинён дар соли 2018 лағзишҳое дар сиёсати хориҷии Арманистон ба мушоҳида расид. Ҳамчунин Озарбойҷон низ амалкардҳои ғайристандартиро пиёда кард. Ҳар ду кишвар бозии мураккабро бо ҳамаи қудратҳои сафи аввалу дуюм дар минтақа, инчунин, бо дигар абарқудратҳо роҳандозӣ карданд. Агар дар марҳилаи то ҷанги 44 рӯзаи соли 2020 Озорбойҷон ризоият барои додани мақоми вижа ба минтақаи Қарабоғро дошт, имрӯз ин нукта ба пуррагӣ аз рӯзномаи музокирот берун шуд. Пас сабақи дуюм барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин аст, ки сиёсати бисёрсамтии худро пайгирона амалӣ кунанд ва ба лағжише ба ҷонибе роҳ надиҳанд. Агар авлавият додан ба ин ё он қудрат ба вуқуъ пайвандад, бозии ҳисобношудаи мураккаб роҳандозӣ шавад ва тавозун камтар ҳам бошад, вайрон гардад, мушкили азимеро барои минтақа дар умум ва барои кишварҳо дар алоҳидагӣ ба вуҷуд оварда метавонад.

Сеюм, ­сиёсати ҷаҳонӣ ба давраи номуайяни фаргашт қарор дорад ва давраи мураккаби худро паси сар мекунад. Ба эҳтимоли зиёд як даҳсолаи дигар чунин моҳияти худро ҳифз мекунад. Дар ин марҳила шарики боэътимоди ҳар кишвар танҳо худашу мардумаш ба шумор меравад, ки бидуни ягон ҳадаф ва манфиат хостори пешрафти устувори Ватанашон мебошанд. Чанд сенарияи ояндаи вазъ дар Қафқози Ҷанубӣ падидор мешавад, ки мавзуи алоҳидаи баррасӣ аст ва ҳатман баъди нишасти 5-уми октябр навишта хоҳад шуд. Чун эҳтимоли кушода шудани зерсохтори нақлиётию транзитӣ миёни Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб аз тариқи Қафқози Ҷанубӣ мавҷуд аст, ки меъмории геосиёсию геоиқтисодии минтақаро комилан дигар мекунад ва падид омадани суботи устуворро низ дар назар дорад. Сарфи назар аз сенарияҳои мухталиф, сабақи сеюм барои кишварҳои Осиёи Марказӣ айни замон ин аст, ки ягон кишваре замонати суботу амният ва кафолати пешрафти устувори онҳоро агар ба манфиатҳои худаш мувофиқ набошад, таъмин намекунад ва ба ӯҳда намегирад. Ба гуфти ­Ғании Кашмирӣ, шоири форсизабони қораи Ҳинд:

Кас нахорад пушти ту, ҷуз нохуни ангушти ту,

Кори худро худ кунӣ, то нек ояд кори ту.

Яъне, мушкилу имконро ҳар кас барои худаш танҳо худаш ҳал мекунаду месозад. Ин асл дар тафсири имрӯза аз андешаи ҷонибдорони равияи воқеагароӣ (реализм)-и назарияи равобити байналмилал бармеояд, ки дар андешаҳои бузургони мо фаровон ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, эътимоди кишвар ба худ ва пайгирии татбиқу ҳифзи манфиатҳои миллӣ шарти муҳимми таъмини амнияту субот ва пешрафти устувор мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.