Тавре ки Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, беш аз 187 ҳазор сокини Навори Ғазза хонаҳои худро тарк карданд. Шумораи қурбониёни ҳарду ҷониб бештар аз 1600 нафарро ташкил медиҳад.
Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ (OCHA) гузоришеро дар бораи он чӣ дар 24 соати охир дар Исроил ва навори Ғазза рух дод, нашр кард, хабар медиҳад BBC.
“Ҳамос” ба сӯи Исроил мушакандозиро идома медиҳад, дар ҳоле ки нерӯҳои исроилӣ рӯзи душанбе ба мавқеъҳои Ҳамос ҳамлаҳои шадид анҷом дода буд.
То шоми рӯзи душанбе дар ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар маҷмӯъ беш аз 900 исроилӣ ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ кушта шуданд.
Ба гуфтаи вазорати тандурустии Исроил, дастикам 2616 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ба гуфтаи вазорати тандурустии Ғазза, 687 фаластинӣ кушта ва 3800 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
17 фаластинии дигар, аз ҷумла чаҳор кӯдак, аз сӯи артиши Исроил дар соҳили Ғарб кушта ва 295 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Муҳоҷирони дастаҷамъӣ дар навори Ғазза дар 24 соати гузашта ба беш аз 187 ҳазору 518 нафар расидааст ва интизор меравад, ки шумори онҳо боз ҳам афзоиш ёбад.
Аз замони авҷ гирифтани амалиёти ҷангӣ дар Ғазза чаҳор мактаб ва 8 муассисаи тиббӣ осеб дидаанд.
Созмони Милал мегӯяд, шумори оворагони муваққат дар навори Ғазза аз замони авҷ гирифтани ҷангҳои 50-рӯза дар соли 2014 баландтарин аст.
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Бывший футболист избран новым президентом Грузии
Жизнь, достойная подражания. Посвящается 100-летию Рауфа Дадабаева
Парламент Южной Кореи объявил импичмент президенту страны
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Праздник Весны: как китайский Новый год объединяет миллионы людей
Потребительская уверенность в Таджикистане выросла после трех месяцев падения
ГЭС, ветровые и гелиостанции. В Узбекистане запустили 18 новых энергетических объектов
Джонибек Муродов: «В жизни не бывает лёгких путей»
Таджикистан и Пакистан указали на важность скорейшей реализации CASA-1000
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста