Ҳоло, ки артиши Исроил бо ҷангиёни ҳаракати фаластинии “Ҳамос” дар ҷануби кишвар ҷанг мекунад, гурӯҳи шиаёни Лубнон - “Ҳизбуллоҳ” фронти дуюмро боз намуда, тариқи миномёт ноҳияҳои шимоли Исроилро тирборон карданд.
Рӯзи 8 октябр ҳаракати лубнонии “Ҳизбуллоҳ” масъулияти тирборони мавқеъҳои артиши Исроилро ба дӯши худ гирифт. Дар гурӯҳ аз ҳамраъйӣ бо Ҳамос изҳори назар карданд. Изҳор шуд, ки амали Ҳамос огаҳиест барои ҳама барои муътадил кардани муносибат бо ин кишвар. Дар ҳаракат илова намудаанд, ки дар робита ба вазъияти ҳозира бо фаластинҳо дар тамосанд.
Роҳбари Шӯрои иҷроияи Ҳизбуллоҳ Ҳошим Сафӣ ад-Дин таҳдид кардааст, ки ба амалиёти Ҳамос “ҳамаи мардуми мусалмон”-ро ҳамроҳ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ин дар сурате амалӣ хоҳад шуд, ки агар ИМА ва Исроил “дар аблаҳии худ пофишорӣ кунанд, менависад Интерфакс.
Артиши дифои Исроил дар бораи талафот аз тирборон хабар надод. Дар он ҷо зикр карданд, ки дар посух низомиёни Исроил ба “зерсохтори Ҳизбуллоҳ” зарба задаанд.
Пас, “Ҳизбуллоҳ” чист, ки дахолаташ метавонад вазъро ба куллӣ тағйир диҳад ва ҷангро минтақавӣ кунад? Тафсилот дар маводи MASH.
“Ҳизбуллоҳ” чист?
Номи “Ҳизбуллоҳ” - “Ҳизби Оллоҳ” тарҷума мешавад. Ин ҳамзамон ҳаракати ҳам низомӣ ва ҳам сиёсӣ дар Лубнон мебошад.
Ҳаракат шиаёнро, ки хоҳиши дар Лубнон роҳандозӣ намудани сохти исломиро ба мисли Эрон доранд, муттаҳид мекунад. Қобили зикр аст, ки Лубнон бо шимоли Исроил ҳамсарҳад аст.
Дар омади гап, Эрон созанда ва сарпарасти асосии “Ҳизбуллоҳ” мебошад.
Ҷангиён дар урдугоҳҳои Эрон машқ карда, бо аслиҳаи эронӣ муҷаҳҳаз мешаванд.
Эрону Исроил сари чӣ мувофиқ нестанд?
Агар мухтасар гӯем, пас сари таъсир дар минтақа. Эрон аз нигоҳи идеологӣ ва тамаддунӣ барои Исроил таҳдидовар аст. Илова бар ин, вай инчунин кӯшиш мекунад, ки силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ) созад. Таҷрибаи муваффақи сохтани он тавозуни неруҳоро дар минтақа тағйир медиҳад ва Исроил дигар аз доштани қудрати ҳастаии худ бо амният таъмин нахоҳад шуд.
“Ҳизбуллоҳ” чӣ?
“Ҳизбуллоҳ” ба Исроил хусумати хосса дорад. Артиши он замоне бахшҳое аз зодгоҳи ин созмон - Лубнонро ишғол карда буд.
Ҳизбуллоҳ беш аз 150 ҳазор системаҳои гуногуни ҷангӣ, аз ҷумла системаи мушакии оташфишон (РСЗО), мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ихтиёр дорад. Илова бар ин, ҷангиёни ин созмон дар набардҳо бо артиши пешқадами ғарбӣ, аз ҷумла артиши Амрико, таҷриба андӯхтаанд.
Агар онхо аз шимоли Исроил ба ҷанг дохил шаванд, миқьёси ҷанг ба таври фалокатбор тағйир меёбад.
То Байтулмуқаддас?
Лекин агар Эрон бевосита дахолат кунад, низоъ воқеан фалокатбор хоҳад шуд.
Ва Теҳрон барои пирӯзӣ бар Исроил ҳазорон сабабу ангезаҳо дорад.
Аз куштори аршади физикҳои маъруфи эронӣ дар соҳаи силоҳи ҳастаӣ то аз байн бурдани иншооти комплекси саноатӣ-ҳарбӣ дар қаламрави Эрон.
Ҳоло фаъолияти “Ҳизбуллоҳ” маҳдуд аст. Ва он дар сатҳи тирборони алоҳидаи қаламравҳои яҳудӣ ва изҳороти пурсарусадо амал мекунад.