Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар саммити навбатии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки рӯзи 23-уми ноябр дар Минск, пойтахти Белорус, баргузор мешавад, иштирок нахоҳад кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвазири Арманистон хабар медиҳад.
Ба навиштаи манбаъ дар бораи иштирок накарданаш дар саммит Никол Пашинян зимни суҳбати телефонӣ ба Александр Лукашенко, Президенти Белорус, хабар додааст. Сарвазири Арманистон “изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкорон дар доираи СПАД тасмими ӯро дуруст қабул хоҳанд кард”.
Ба ин тартиб, Арманистон аз соли 2009 то ин замон бори аввал аст, ки дар саммити СПАД иштирок намекунад.
Пештар сарвазири Арманистон гуфта буд, ки Ереван маҷбур буд муносибатҳояшро бо кишварҳои дигар бозбинӣ кунад ва ба далели рафтори Русия дар бахши амният шарикони нав ҷӯяд. Вай гуфт, дар низоъи Қарабоғи Куҳӣ Москва натавонист уҳдадориҳояшро ҳамчун шарик дар назди Арманистон иҷро кунад. Пашинян гуфта буд, ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди Арманистон ҳеч афзалияте надорад.




Суд в Кыргызстане освободил из-под стражи директора Temirov Live и «Айт Айт Десе» Махабат Тажибек кызы
Трамп объявил о приостановке на пять дней ударов по Ирану
«Меня спасли мои ремесла». Шарифджон Ниязов — человек, родившийся дважды
Сколько стоит обновленный состав футбольной сборной Таджикистана перед матчем с Филиппинами?
Иран потребовал от Израиля и США возместить ущерб от ударов по его атомным объектам
Почему война против Ирана показала несостоятельность концепции многополярного мира?
Навруз шагает по планете. Об истории праздника и его необычных традициях
Интерес к российскому гражданству среди иностранцев упал до минимума
Кто и в каком объеме инвестирует в госпроекты в Таджикистане?
Сарвар Хамидов готовится к возвращению в PFL: бой перенесен на июнь
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста