Амруллоҳ Солеҳ яке аз машҳуртарин ва таъсиргузортарин шахсиятҳои сиёсӣ дар Афғонистон аст. То ба ҳол, ӯ расман ба унвони раисҷумҳури муваққати Ҷумҳурии исломии Афғонистон (ҶИА) шинохта мешавад – раиси қонунӣ ва шинохташудаи байналмилалии ин кишвар, ки тавассути Толибон* (як созмони террористии мамнуъа дар Федератсияи Русия) беш аз ду сол ба ин сӯ тасарруф шудааст.
Зиндагиномаи Амруллоҳ Солеҳи 51-сола сафаҳоти дурахшони бисёре дорад. Солеҳ пас аз оғози вуруди худ ба сиёсати Афғонистон ба унвони муттаҳиди наздики раҳбари “Эътилофи шимол”, “Шери Панҷшер”-и афсонаӣ Аҳмадшоҳ Масъуд, баъдтар ба яке аз муассиртарин раҳбарони неруҳои амниятии Афғонистон табдил шуд. Ӯ вазири дохила ва раиси идораи амнияти миллӣ – созмони истихборотӣ ва зиддиҷосусии Афғонистон дар замони ҷумҳурӣ буд.
Имрӯз Солеҳ яке аз раҳбарони муқовимати мусаллаҳонаи зидди Толибон ва аз муттаҳидони наздики раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд аст. Амруллоҳ Солеҳ арзёбиҳо ва пешбинииҳои худро барои авзоъи сиёсӣ дар ҷаҳон, минтақа ва Афғонистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Андрей Серенко, сутуннависи “Независимая газета” баён кард.
"Забони русиро аз интернет омӯхтам"
- Оқои Солеҳ, ин аввалин мусоҳибаи шумо бо як расонаи русӣ, яъне "Независимая газета", мебошад. Бароям ғайримунтазира буд, ки Шумо бисёр хуб ба забони русӣ сӯҳбат мекунед ва фавқулода забони русиро мефаҳмед. Ин алоқаатон аз куҷо сарчашма мегирад? Чаро ва чӣ вақт Шумо шурӯъ ба омӯзиши он кардед? Дар Афғонистон ин комилан ғайримаъмул аст, ҷое, ки 20 сол забони инглисӣ машҳуру маҳбуб буд...
- Ташаккури зиёд, ман ҳам хушҳолам, ки аввалин мусоҳибаи худро ба забон русӣ дорам. Ман забони русиро ба воситаи барномаи мутарҷими “Яндекс” омӯхтаам ва барои касоне, ки мехоҳанд забони русӣ биёмӯзанд, ин барномаро тавсия мекунам. Қаблан дар кишвари ман теъдоде аз таҳсилёфтаҳо ба забони русӣ сӯҳбат мекарданд. Магар, мутаассифона, равобити байни кишварҳои мо ошуфта гардид. Агарчи таомули фарҳангии васеъ байни Русияву Афғонистон вуҷуд дошт. Равобити Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бо Афғонистон қабл аз даҳаи ҳаштод аз диди мардуми мо як давраи ниҳоят хуб талаққӣ мегардад. Умедворем ба чунин даврае бозгардем.
Мумкин ман шахси истисно аз ҷамъи раҳбарии низоми ҷумҳурияти Афғонистон бошам, ки бидуни таҳсил забони русӣ омӯхтаам. Далели муҳимме, ки ман тасмим ба омӯзиши забони русӣ гирифтам, ин забони русӣ аст, ки назми ҷаҳонии дурӯғинро ба чолиш кашидааст. Ва агар мехоҳед гузинаҳои дигареро бидонед, бояд забонҳоеро бишносед ва ёд бигиред, ки дидгоҳҳои ҷойгузинро ироа диҳанд. Дар дунёи имрӯз қатъан ин забон русӣ аст.
“Толибон - як бомби соатӣ, ки рӯзе метаркад”
- Мушкили Афғонистон дар куҷои дастури кори имрӯзи ҷаҳонӣ қарор дорад? Мафҳуми “Бозии Бузург”, ки таърихи Афғонистон дар 200 соли ахир бо он пайвасти ногусастанӣ дорад, феълан ҳам қобили баҳс мебошад? Агар бале, пас ҷойгоҳи он (Афғонистон) дар “Бозии Бузург” куҷост?
- Мутаассифона, имрӯз Афғонистон дар миёни ахбори муҳими ҷаҳон қарор надорад. Мо дар ин бахш таваққуфи стратегиро мебинем, ки зиёд идома нахоҳад кард. Ғарб, муттаҳиди бузурги қаблии мо, сирф дар мавриди ҳуқуқи занон дар Афғонистон сӯҳбат мекунад. Инҳо дар мавриди мушкилоти дигар намехоҳанд сӯҳбат кунанд, ки худ дар Афғонистон ба вуҷуд оварданд. Инҳо мехоҳанд гуноҳу тақсири худро дафн кунанд, зеро хиёнат карданд ва Афғонистонро барои толиб супурданд.
Ман ба Толибон ба унвони як бомби соатӣ нигоҳ мекунам ва қатъан як инфиҷор рух хоҳад дод. Ҳар таҳлили дигар дар иртибот ба Толибон аз ду ҷо сарчашма мегирад, яъне ҳамсӯӣ бо Ғарб ва ё соддаандешӣ дар иртибот ба Афғонистон. Толибон Афғонистонро аз диди сиёсӣ аз ҳам пошонидаанд ва ҳеҷ кас бо режими Толибон ҳисси тааллуқ намекунад.
Имрӯз бозигари аслӣ дар саҳнаи Афғонистон Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо мебошад, чун инҳо пули зиёдеро барояшон пардохт мекунанд.
Осмони Афғонистон таҳти назорату идораи Амрико боқӣ монда ва дар он тайёраҳои бесарнишин парвоз доранд. Мо тавофуқномаи Доҳа (байни Амрико ва Толибон дар феврали 2020 - рӯзнома)-ро ба унвони як тавтеа нигоҳ мекунем, ки равобит байни Толибон ва маҳофили ғарбиро танзим мекунад. Дар ин санад Афғонистон чӣ нақше ва ҷойгоҳеро бояд дар минтақа дошта бошад, ишорае нашудааст. Дар натиҷа, баъд аз мардуми Афғонистон, минтақа акнун барои соддаандешии худ ҳазинаи болое мепардозад. Толибон ҳаммонанди ғаддаи саратонӣ густариш меёбанд.
Толибон 19 ҳазор макотиби мазҳабӣ - мадраса дар кишвар эҷод кардаанд ва ин иттифоқ бо ҳимояти молии воқеии Амрико рух додааст. Амрико медонад, ки онҳо чӣ анҷом медиҳанд, кӯмакҳои феълӣ аз тарафи Амрико ва Ғарб, бидуни шак, Толибонро кӯмак ва ёрӣ мерасонад. Кӯмакҳои Амрико барои Толибон бидуни қайду шарт сурат мегирад. Шояд ин қайду шарт дар бахшҳои пинҳони қарододи Доҳа зикр шуда бошад, ки аз диди мардуми мо дур аст. Рехтани даҳҳо миллион доллар ба сурати нақд барои Толибон шигифтовар аст.
Баъзеҳо мепурсанд, агар Толибон дӯсту муттаҳиди Амрико мебошад, пас чаро Амрико онро ба расмият намешиносад? Посух ба назарам возеҳ аст: ба хотире ки навъи ҳамкории имрӯзӣ бисёр арзон мебошад, аз нигоҳи иқтисодӣ ва сиёсӣ барои Вашингтон судовар аст. Амрико намехоҳад барои ин ҳамкорӣ қимати боло пардохт намояд ва барои Ғарб низ чунин равиш муфиду судовар аст. Ман бо мавқифи раисҷумҳури шумо (В.В.Путин - идора) ҳамназарам, ки мегӯяд, “стратегияи таниш” – ин стратегияи ИМА мебошад. Вақте ки ба ақиб нигоҳ карда ва фикр мекунам, муборизаи тӯлонии Ғарб бо Толибон дар Афғонистон чӣ буд? Оё дар ҳақиқат ҷанг алайҳи "Толибон" вуҷуд дошт ё ин дар ҳақиқат омӯзиши Толибон буд?
Ёдовар мешавам, ки ҷанг 21 сол идома дошт ва талафоти амрикоиҳо ҳамагӣ 2300 нафар буд. Ин талафот дар ҷанги воқеӣ аст ё кадом амалиёти дигаре ҷараён дошт, ки дар натиҷаи омӯзиши Толибон сурат мегирифт? Талафоти амрикоиҳо, ки 2300 нафар ёдовар шудам, ин рақами талафот дар бист солу анде худ нишон медиҳад, ки Амрико бо Толибон дар ҷанг набуд.
Шарикони ғарбии Афғонистон имрӯз мехоҳанд ба чӣ ҳадафе даст ёбанд? Мо мебинем, ки "Бозии Бузург" идома дорад. Ман бовар надорам, ки 60 миллион долларе, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳар ҳафта барои толиб таҳвил медиҳад, кӯмаки башардӯстона бошад. Агар Амрико воқеан холисона нигарони буҳрони башарӣ дар ҷаҳон мебошад, пас чаро чунин маблағеро барои кишварҳои фақири дигар нуқоти ҷаҳон тахсис намедиҳад?
Замоне ки мехоҳем дар мавриди пулҳои кӯмакшуда ҳар ҳафта бештар бидонем, ки дар куҷо масраф мегардад, саволоти бепосухи бештаре ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид шаффофият вуҷуд надорад, бадеҳист, ки онҳо ба афғонҳои одӣ намерасанд. Ҳамин чанд рӯз пеш намояндаи Амрико аз интиқоли бахши баъдии 80-миллиондолларӣ ба Толибон хабар дод. Аз тариқи чӣ механизме ин анҷом мегирад, чӣ касе ин кӯмакро дарёфт мекунад, аз тариқи миёнҷигарии кадом созмон ҳеҷ чиз маълум нест...
Сирф мехоҳам ёдоварӣ кунам, ки баъди суқути ҷумҳурият дар Афғонистон дар августи соли 2021, Толибон 900 ниҳоди ғайриинтифоъӣ ё тиҷоратӣ эҷод кардаанд ва аз тариқи ҳама созмонҳои ғайридавлатӣ аз Амрико ва кишварҳои ғарбӣ пул дарёфт мекунанд. Ба назари ман, Толибон аз даромади миллӣ, кӯмакҳои иқтисодии Амрико барои таҳкими пояҳо ва тақвияти зарфияти низомии хеш истифода мекунанд.
"Эътимод ба Амрико иштибоҳ буд"
- Чаро, ба назари Шумо, бештар аз 20 сол муборизаи муштараки эътилофи байнулмилалӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар Кобул бо Толибон номуваффақ буд? Оё натиҷаи мутафовите мумкин буд?
- Суқути ҷумҳурият афғонҳоро шокӣ кард. Инҳо бовар намекарданд, ки Амрико ва НАТО инҳоро фиреб медиҳанд. Ин “сюрприз” ё шигифтзадагии бузурги нохушоянд барои мардуми мо буд. Онҳо бовар намекарданд, ки ҳар ҳарфи намояндагони Ғарб дурӯғу фиреб будааст. Замоне ки Амрико ва НАТО ба Афғонистон омад, онҳо мегуфтанд, ки Толибон ҳаргиз барнахоҳанд гашт, террористҳо дигар барнамегарданд, ҳуқуқи занон ҳаргиз нақз нахоҳад шуд...
Мо ба ин дурӯғ бовар кардем. Мо фаромӯш кардем, ки Толибон то 11 сентябри соли 2001 барои Амрико касони дигаре буданд. Ва ба амрикоиҳо эътимод кардем. Ва ин бузургтарин иштибоҳи мо буд. Ва мо ҳоло ҳазинаи хеле болое барояш мепардозем. Ман бисёр возеҳ дар ин маврид сӯҳбат мекунам, чун намехоҳам, наслҳои ояндаи афғон иштибоҳи муштарак ва шахсии моро такрор кунанд. Бармалосозии ин ҳарф як масъулияти ахлоқӣ аст, ки бояд ман онро ба хотири мардум ва таърихи мо адо созам. Ҳавзаи зиддитолибонӣ дар муҳосибаи ғарбиҳо муттаҳид шумурда намешавад. Ин иштибоҳи мо буд, ки бо Ғарб бидуни қайду шарт таомул кардем.
Метавонист ин достон/таърих натиҷаи дигаре дошта бошад? Бале, агар амрикоиҳо моро фиреб намедоданд. Агар инҳо музокираи пинҳонеро бо Толибон оғоз намекарданд, агар замоими сиррӣ дар тавофуқномаи Доҳа бо толиб вуҷуд намедошт. Дар ин сурат, бале, натиҷаи дигаре медошт.
Ҳодисаи ёздаҳуми сентябр (ҳамлаи террористии гурӯҳи Алқоида, ки фаъолияташ дар Русия мамнуъ аст, бар бурҷҳои Ню-йорк дар сентябри 2001 – ёдошт аз рӯзнома) ин як иштибоҳи муваққат дар равобити байни Амрико ва Толибон буд, ки тавассути Усома ибни Лодан эҷод шуд. Равобити имрӯзӣ байни Амрико ва Толибон равобите мебошад, ки инҳо рӯёи онро доштанд.
Ман дар ин бозӣ саҳим будам, ба он аз дохил нигоҳ мекардам. Ман дар мубориза бо терроризм нақши қобили мулоҳизае бозӣ кардаам, то марги Усома ибни Лодан дар соли 2011 мелодӣ. То ин вақт мубориза бо терроризм воқеӣ буд. Баъди марги Усома ибни Лодан тағйир кард, то ин ки тавофуқномаи Доҳа дар соли 2020 рух дод: пружаи Доҳа, ки мунҷар ба тавофуқ шуд, дарвоқеъ 11 сол тӯл кашид. Баъди марги Усома ибни Лодан амрикоиҳо дубора фикр карданд, ки чӣ тур метавонанд аз исломи радикал ба унвони абзори сиёсӣ истифода кунанд, ҳамонанди чизе, ки дар солҳои 70-80 мелодӣ, замоне, ки аввалин бор иттиҳоди созмонҳои ҷосусии Ғарб ва исломи радикал сурат гирифт.
"Мулло Ҳайбатуллоҳ вуҷуди физикӣ дорад"
- Чӣ фикр мекунед, Толибон муддати тӯлонӣ дар қудрат боқӣ хоҳанд монд? Ҳамчунон, Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ, амири Толибон кист? Дар мавриди шоеъоте, ки ӯ чанд сол қабл вафот карда, чӣ назар доред?
- Дар мавриди авоқиби ҳукумати инҳо дар Афғонистон. Ибтидо ин ки нисфи ҷамъият Афғонистонро занон ташкил медиҳанд, ҳамонанди бардагон зиндагӣ мекунанд, инҳо ҳеҷ ҳаққу ҳуқуқе надоранд, наметавонанд озодона сафар кунанд, таҳсил кунанд, дар шифохона дармон шаванд, наметавонанд кор кунанд. Мо имрӯз фикр мекунем, ки бо вуруди Толибон, занони афғон танҳо ҳаққи таҳсилро аз даст додаанд. Масъала ин тавр нест, онҳо ҳама чизро аз даст доданд. Инҳо мисли як зиндонӣ дар зиндон зиндагӣ мекунанд.
Сониян, ду миллион афғон аз кишвар фирор карданд – бештар ба Эрон, ҷамъи маҳдуде ба Покистон ва ҳудуди сесад ҳазор нафар ба Аврупо. Далел чист? Агар дар кишвари таҳти ҳокимияти Толибон амният вуҷуд дорад, агар иқтисод пешрафт дорад, агар хушбахтӣ ба Афғонистон омадааст, пас чаро мардум аз он ҷо фирор мекунанд?
Солисан, Афғонистон дар инзивои комили байналмилалӣ қарор дорад. Чаҳорум ин ки ҳеҷ сармоягузории воқеӣ дар Афғонистон вуҷуд надорад ва ҳеҷ иқтисоде бидуни он наметавонад тавсеа ёбад. Панҷум. Толибон як сохтори қудрати амудии рокид эҷод кардааст, ки фақат барои Толибон, аз тариқи Толибон ва барои манофеъи Толибон кор мекунад. Дар ин системи сохташуда ба воситаи Толибон ҳеҷ чизе барои миллат вуҷуд надорад, ҳама чиз барои Толибон мебошад.
Пас чаро онҳо аз равишҳои интихоботӣ дар ҳаросанд ва тарс доранд, чаро онҳо интихоботи умумӣ ё ҳадди ақал як референдум дар мавриди эътимод ба режими худ баргузор намекунанд? Бале, чун медонанд, ки дар ин сурат дигар Толибон қудрат нахоҳанд буд. Дарвоқеъ Толибон як диктатории мазҳабӣ ва қабилавиро мехоҳанд болои мардум таҳмил кунанд, ки дар ин аср бисёр сахт хоҳад буд.
Муваффақияти умдаи Толибон ин ки дар ҷараёни ду сол инҳо ба қисми муназзам пулҳои ҳангуфтеро аз Амрико ба воситаи созмонҳои ғайридавлатии таҳти назорати худ дарёфт мекунанд.
Бо вуҷуди бархе ошуфтагиҳо дар равобити Толибон ва Исломобод, артиши Покистон ҳамчунон аз Толибон ҳимоят мекунад. Ин низ дастоварди қобили таваҷҷуҳе аз режими Толибон аст. Шӯрои марказии Толибон ва раҳбарони Толибон барои бист сол дар Покистон иқомат доштанд ва инро Амрико медонист. Яке аз хабарнигорони ғарбӣ навишта буд, ки Амрико бомбаҳояшро дар мавқеияти ғалат истифода мебарад, зеро Толибон дар Афғонистон на, балки дар Покистонанд. Рост гуфта буд.
Толибон дар Афғонистон чӣ чашмандозе доранд? Буҳрони паноҳндагон дар ҳоли бозгашт аст (тасмими давлати Покистон барои ихроҷи беш аз яку ним миллион паноҳандаи афғон ба Афғонистон аз 1 ноябри 2023 – ёддошти рӯзнома). Сармоягузории хориҷӣ ҳаргиз ба ин кишвар барнамегардад. Таассубу догмаандешии мазҳабӣ рушд хоҳад кард. Барои чӣ касоне 19 ҳазор мадраса тавассути Толибон сохта мешавад? Мо дар кишвари худ ба он рақам масҷид надорем, он теъдод мулло вуҷуд надорад. Ба ин маънӣ, ки инҳо ҷангҷуёне барои артиши ниёбатӣ хоҳанд буд, ки тавассути Толибон сохта шудааст.
Дар мавриди Мулло Ҳайбатуллоҳ, бале ӯ вуҷуди физикӣ дорад. Баъди марги Мулло Ахтар Мансур ӯ номзади мавриди назар барои вазифаи раҳбари Толибон буд, ӯ мавриди ҳимояти созмони истихборотии Покистон қарор дошт. Гоҳе таҳлилгарони чиноӣ ҷиддӣ ва ё шӯхӣ гуфтаанд, ки Ҳайбатуллоҳ ҳамонанди Мао Сзедуни мо мебошад. Ман бо ин назари онҳо мувофиқ нестам, Мулло Ҳайбатуллоҳ Мао Сзедуни Толибон нест, ӯ Пол Пот мебошад. Инро ҳама касоне, ки фикри дӯстӣ бо Толибонро доранд, дар зеҳн дошта бошанд. Пол Пот низ аз аксу зоҳир шудан хушаш намеомад ва худро ҳисобдеҳ ба мардум намедонист.
"Ман аз оқои Масъуд ва мавқифи сиёсии ӯ ҳимоят мекунам"
- Чаро дар муддати ду соли ҳукумати Толибон дар Афғонистон, ҳаракати муқовимати миллӣ алайҳи диктатории Толибон ҳамагир нашуд? Афғонҳо Толибонро хуш доранд? Ё онҳо бо режими Толибон оштӣ кардаанд? Дурнамои муқовимати зидди Толибон ва хосатан Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъудро дар ду ё 3 соли оянда чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Се рӯз то соқит шудани ҷумҳурият, дар августи 2021, раҳбарии Афғонистон тамосҳое аз муттаҳидони мо дар Ғарб дарёфт кард, ки пешниҳоди берун шудан аз Кобул барояш дода мешуд. Бо ман ҳам чунин тамосҳое гирифта шуд. Ман муттаҳиди аслии созмонҳои ғайридавлатӣ ва истихборотии ғарбӣ дар мубориза бо терроризм дар Афғонистон будам, ин чизи пинҳоне нест. Муборизаи муассир бо терроризму гуруҳҳои муртабит ба инҳо бидуни ҳамин қисм ҳамкорӣ ва тамос бо бахшҳои истихборотӣ имкон надошт. Магар ман ин пшниҳоди фиребандаи рафтан ба Ғарбро рад карда, ба Панҷшир рафтам, ҷое, ки бо оқои Аҳмад Масъуд ҳаракати муқовиматро таъсис кардем.
Мо гуфтем, ки Толибон ва режими онҳоро ҳаргиз ба расмият нахоҳем шинохт. Ман хушҳолам, ки чунин интихобе кардам ва ба он ифтихор мекунам. Мухолифати мо бо Толибон воқеӣ аст, на ҷаълӣ ва сохтагӣ. Толибон як ҳокимияти номашруъанд, Толибон ба воситаи тарҳи тавтиаи Амрико ҳукуматро гирифтанд. Магар бо чунин тарҳу тавтиа, ҳукумати инҳоро машрӯъият намебахшад. Шумо мебинед, ки пас аз гузашти бештар аз ду сол ҳеҷ як аз ҷараёнҳои сиёсӣ бо Толибон ҳамкор нашудаанд.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд раҳбари дорои машрӯъияти воқеӣ мебошад, ӯ ҷузъи қудрат дар 20 соли гузашта набуд. Ман аз оқои Масъуд ва мавқифи сиёсии ӯ ҳимоят мекунам.
Дар мавриди ин ки чаро то ҳанӯз дар Афғонистон муқовимати ҳамагир алайҳи Толибон намебошад, чун то ҳанӯз шокӣ шудани мардум аз суқути ҷумҳурият ва ҳама ҷавониби тавтиа тавассути дӯстони ба зоҳир муттаҳиди мо ба мардум ҳувайдо нагардидааст.
Бале, баъзеҳо дар Афғонистон бо толиб созиш карданд, кишварҳое вуҷуд дорад, ки мехостанд сарзамини Афғонистон ба пойгоҳе барои Толибон табдил шавад. Афғонистон аз назари ақвом ва забонҳо кишваре бисёр мутанаввеъ аст. Толибон дар талош аст то ҳамаро яксон кунад ва ин дарвоқеъ ғайримумкин аст ва ин яке аз далоилест, ки муқовимат дар баробари Толибон тавсеа хоҳад кард. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин бор ҳаракати Толибон қабл аз гирифтани Кобул шимолро тасхир карданд. Соҳаи нуфузи муқовиматро. Чаро? Ҷузъиёт зиёд аст. Яке он ҷузъиёт ин аст, ки амрикоиҳо ҳеҷ гоҳ аз амалиёти артиш, масалан, дар Бадахшон алайҳи Толибон ҳимоят накарданд. Ҳеҷ гоҳ. Ҳоло, ки мебинем он адами ҳимоят амдӣ буд.
Анвоъи мухталифе аз муқовимат вуҷуд дорад. Муборизаи мусаллаҳона сирф як навъи он мебошад. Имрӯз мо се то чаҳор унсури аслии муқовимати муваффақ дорем: созмони бузурги "Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон", як раҳбари машҳуру маҳбуб, раҳбарии мунсаҷаме бо ирода ва ангезаи сиёсӣ. Аммо мо ин мушкилро ҳал мекунем ва ба ҳимояти дӯстону муттаҳидони воқеиамон бовараманд мебошем.
Ҳамчунон ёдоварӣ мекунам, ки таърихи Афғонистон як таърихи достонҳои мамлув аз шигифтиҳо аст, мутанаввеъ ва ғайри мутараққиба, "қуи сиёҳ", ки касе аз вуҷудаш намедонист. Чӣ касе медонад, фардо мо бедор шуда ва эътирозоти умумиро дар Афғонистон шоҳид бошем. Ин кишвар беҳамто ва мунҳасир ба худаш аст. Агар шумо сирф дар мавриди хомӯшӣ мешунавед, ба ин хомӯшӣ ва сукут бовар накунед. Дар он замон ҳам ҳеҷ касе фурӯпошии ҷумҳуриятро пешбинӣ намекард, шак накунед, ҳамин иттифоқ метавонад ногаҳон дубора дар мавриди режими Толибон рух диҳад.
"Ба мо кӯмак кунед"
- Сиёсати феъли Русияро дар иртибот ба Афғонистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Фикр намекунед, ки бо омадани Толибон дар қудрат, ҷойгоҳи Маскав дар ин кишвар ба таври қобили таваҷҷуҳе заиф гардид? Тавсияву пешниҳодатон барои сиёсатмадорон ва дипломатҳои Русия, ки болои тавсеа ва иҷрои сиёсати Русия дар қиболи Афғонистон кор мекунанд, чист? Ба чӣ чизе таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд?
- Баъд аз ёздаҳуми сентябри 2001 ва дар ин 23 соли ахир, Русия чаҳор марҳаларо дар стратегияи равобит бо Афғонистон сипарӣ кардааст. Дар марҳалаи аввал Русия ҳамонанди бисёр кишварҳои дигар ба Амрико эътимод кард, Амрикоро кӯмак намуд, чун инҳо ҷанг дар миқёси ҷаҳонӣ алайҳи терроризмро эълом карда буданд. Русия дар он вақт иҷоза дод, ки Амрико аз арозиаш истифода кунад, ба лутфи ин хат таъмини манобеъ аз самти шимол, ки аз тариқи он ниёзҳои нерӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон бароварда мешуд.
Дар марҳалаи дувум, замоне ки Русия дарёфт, Амрико воқеан корҳои дигаре анҷом медиҳад, ки шаффофият ва хулуси ният дар он вуҷуд надорад. Дар ин замон буд, ки Русия хатти шимолии таъмини лужистикиро баста ва оғоз ба интиқод аз Амрико кард. Сипас, дар поёни соли 2013 - авоили соли 2014, Путин аз Амрико пурсид, ки чаро ҳеҷ натиҷаи воқеӣ дар мубориза бо терроризм дар тӯли 14 соли фаъолияти ошуфта вуҷуд надорад ва аз Вашингтон тавзеҳ хост.
Мутаассифона, дар он замон "Иттиҳоди Шимол"-и собиқ барои оғози марҳалаи ҷадиде аз равобити хуб бо Русия омода набуд. Мо решаҳои худро фаромӯш карда будем, фаромӯш кардем, ки мавқеияти мо бисёр заиф аст. Сипас, Русия шурӯъ ба таомул бо Толибон кард, ки гуфтанд, онҳо душмани Иёлоти Муттаҳида ва ишғолгарони ғарбӣ ҳастанд. Бо ин ҳол, вақте Русия мехост музокирот бо Толибонро ба Маскав мунтақил кунад, Амрико гуфт, на ва Толибон бо ин тавофуқ карданд. Дар натиҷа, Русия аз раванди музокираи Ғарб бо Толибон ҳеҷ чизе дарёфт накард ва Русия дар ниҳоят қурбонии тавтеаи Толибон ва амрикоиҳову дурӯғҳои онҳо шуд.
Ман ба ин бовар дорам, ки агар пружаи сулҳ дар ҳар ҷои дунё ғайр аз Қатар сурат мегирифт, эҳтимол натиҷа дигар мебуд. Қатар дарвоқеъ як пойгоҳи ҳавоии Амрикост. Ман шахсан – такрор мекунам - дар Олмон, ки бо раисҷумҳур Ғанӣ будам, аз амири Қатар пурсидем, ки чаро ин қадар озодӣ барои Толибон додаед, дар ҳоле ки онҳо ҳар рӯз инфиҷор медиҳанд? Чаро барои оташбас фишор намедиҳед? Ӯ содиқона сӯҳбат кард. Гуфт, ки мо сирфан мизбон ҳастем. Ин пурсишҳоро аз Созмони истихборотии Амрико ва ё СӣАйЭй кунед. Ин посух содиқона буд.
Марҳалаи севум баъди суқути ҷумҳурият ва дар соли 2021 оғоз гардид. Русия фикр мекард, ки Амрико аз Афғонистон рафта ва як халои сиёсӣ ба вуҷуд омадааст ва Маскав метавонад бо интихоби равиши ҳамкорӣ бо Толибон онро пур намояд. Магар Толибон ба даъвати Маскав ҳурмате нагузоштанд, ба вазнаи сиёсии Русия ҳатто дар минтақа эҳтироме қоил набуданд. Ба ҳамин сабаб, иттиҳоди воқеӣ байни Русияву Толибон сурат нагирифт.
Имрӯз мо дар марҳалаи чаҳоруми сиёсати Русия дар Афғонистон ҳастем. Русия дар талош аст то як "нақшаи роҳ"-и қонунӣ барои созмондеҳии кӯмак ба мардуми Афғонистон пайдо кунад. Бале, таомул байни Русия ва Толибон вуҷуд дорад, аммо Маскав ҳанӯз Толибонро ба расмият намешиносад ва дар канори ин, таомул байни Маскав ва мухолифони Толибон вуҷуд дорад. Оқои Масъуд ба Маскав рафта буд ва омодагии рафтани дубора ба он ҷоро дорад. Ман медонам, ки 23 ноябр конфронсе бо иштироки мухолифини Толибон дар Маскав баргузор хоҳад шуд. Ин як аломати хубест. Ин нишон медиҳад, ки Маскав ба танаввӯъи ҷомеаи Афғонистон ва тайфи сиёсии Афғонистон эҳтиром мегузорад. Мо аз Маскав барои ин тасмимоти машрӯъи хуб ташаккур мекунем.
Муҳимтарин тавсияи ман ба мутахассисони русӣ, ки дар истиқомат бо Афғонистон кор мекунанд, ин аст, ки лутфан ба мардуми Афғонистон кӯмак кунед, то як давлати қонунӣ эҷод кунанд. Бидуни машрӯъият, бидуни Қонуни Асосӣ, бидуни пояи қонунӣ, ҳеҷ давлати одӣ дар Афғонистон вуҷуд нахоҳад дошт, як халои сиёсӣ бо авоқиби ғайриқобили пешбинӣ барои ҳама боқӣ хоҳад монд. Мутаассифона, имрӯз афғонҳо дар кишвари худ ҳокимияти қонун, низоми ҳуқуқиро намебинанд, онҳо ҳатто чеҳраи раиси расмии давлати худро намебинанд…
"Амрико ҳамоно дар Афғонистон аст"
- Тавоноиҳои Амрико ва кишварҳои НАТО-ро дар Афғонистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Дар Маскав баъзе сиёсатмадорони барҷаста аз баргашти ҳузури низомии амрикоиҳо дар Афғонистон ва дар минтақа дар умум нигаронӣ ва тарс доранд. Ба назари Шумо, ин тарс чӣ қадар муваҷҷаҳ мебошад?
- Ман фикр намекунам, ки Амрико аз Афғонистон рафта бошад. Онҳо сирф навъи ҳузур ва иттиҳоди худро бо Кобул тағйир доданд. Қаблан шарики Амрико давлати ҷумҳурият буд, қонунӣ ва машрӯъ буд, бар асоси асноди қарордодӣ ва қонунӣ, мо як парлумони миллӣ, Қонуни асосӣ, расонаҳои мустақили худ ва ғайра доштем. Мо равобити боз бо Вашингтон доштем, аммо ин ҳазинаи бисёр зиёде барои Иёлоти Муттаҳида дошт. Дар натиҷа Амрико тасмим гирифт, ки ин ҳазинаҳоро кам кунад. Ба ҳамин сабаб, барои Амрико шарикӣ ва иттиҳоди ҷадиде бо Толибон, ин дастнишондагони пинҳони Вашингтону Ғарб, ба вуҷуд омад.
Амрико ба таври комил аз Афғонистон хориҷ нашуд. Инҳо ин ҳама вақт таҳти пӯшиши созмонҳои ғайридавлатӣ ва ба номҳои дигар он ҷо кор мекунанд, ба воситаи тайёраҳои бидуни сарнишин ҳар рӯз осмони Афғонистонро таҳт контрол доранд... Иёлоти Муттаҳида ҳудуди 3 миллиард доллар аз будҷаи давлати Афғонистонро ба далели тардид дар машрӯъияти Толибон масдуд кардааст, аммо то кунун ҳадди ақал 5 миллиард доллар ба Толибон пардохт кардааст. Ин хеле хандадор аст, агар ғамангез нест.
Паёмадҳои чунин сиёсате на танҳо афғонҳо, балки кулли минтақаро низ таҳдид мекунад. Қаламрави Осиёи Марказӣ барои Русия муҳим аст ва зери чатри амниятии Маскав қарор дорад. Ва дар он ҷо ҳамоҳангӣ, ҳамкорӣ, амнияти воқеиро мебинем. Ин дақиқан ба ин далел имконпазир шуд, ки Русия тавтеа ва фиреббозӣ намекунад ва сиёсати бозу дурустро думбол кардааст. Баракс, ҳар ҷое, ки Ғарб аст, дар Африқо, дар Ховари Миёна, дар Афғонистон, он ҷо субот нест, даргириҳо ва ҷангҳо доиман дар он ҷо рух медиҳад.
Дидгоҳи ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва Авруосиё нисбат ба Русия мамлув аз эътимод аст ва Маскавро ҳамкор ё шарики субот мебинанд. Ин дидгоҳ дар иртибот ба Амрико вуҷуд надорад.
Толибон имрӯз муттаҳиду шарики аслии Ғарб дар Афғонистону минтақа мебошад. Толибон бар зидди таъриху фарҳанги мо қарор доранд, бар зидди танаввӯъи мо, онҳо ҳеч касеро ба ҷуз худ қабул надоранд. Ба ҳамин далел, мо, ҳаракати муқовимати мо алайҳи Толибон меҷангем. Мо ҳадафи муштараке бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дорем. Толибон бар зидди суботи минтақа кор мекунад, ки ин таҳдиде барои машрӯъияти минтақа аст, аз ҷумла таҳдиде барои манофеъи Русия дар минтақа. Ва умедвор ҳастем, ки муштаракоти стратегии мо боиси иттиҳоди мо бо Маскав шудааст. Толибон таҳдид барои суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад ва он ҳузури машрӯъи Русияро мавриди таҳдид қарор медиҳад.
- Назаратон дар мавриди нақши Чин дар “бозии афғонӣ”-и модерн чист? Чӣ қадар умеди бархе сиёсатмадорон ва коршиносон дар мавриди ҷойгузинии нақши Чин ба ҷои Амрико дар Афғонистон муваҷҷаҳ аст?
- Ман ба Чин ба унвони ҳамсояи бузургамон эҳтиром мегузорам. Ман бо шарикони чинӣ иртиботи хубе доштам. Ба назари ман, Чин дар "бозии Афғонистон" риски бузурге нахоҳад кард. Ҳанӯз мушаххас нест, ки Пекин имрӯз аз чӣ арзишҳое ҳимоят мекунад. Тиҷорат, пул, сармоягузорӣ арзиш нест...
Ман ба қобилиятҳои иқтисодии Чин эҳтиром мегузорам, магар бар эътимоди сиёсӣ ва арзишгузорӣ бар Толибонро наметавонам ҳурмат намоям.
Оё Чин халои сиёсии мавҷуд дар Афғонистонро баъди хурӯҷи НАТО метавонад пур кунад, на хайр, наметавонад. Мо ҷоҳталабиҳои сиёсӣ ва низомии қобили муқоисаеро аз сӯи Пекин намебинем, чунин стратегияе ба назар намерасад.
"ДОИШ ва Толибон ҳамкорӣ доранд"
- Арзёбиатон дар мавриди таҳдидоти “Давлати исломӣ” ё ДОИШ барои Афғонистон ва минтақа, хосатан шохаи “Вилояти Хуросон” (созмони терористии мамнуъа аз сӯи СММ) чист? Ривояти ДОИШ дар Афғонистон чист ё чӣ навъи он аст? Чӣ касе дар ақиби ин гурӯҳи ҷиҳодӣ қарор дорад? Ба назари Шумо, як рӯзе имкони ин ки ДОИШ дар Афғонистон қудратро ғасб кунад, вуҷуд дорад?
- Як рӯз субҳ хондам, ки Амрико ва НАТО аз Багром (як пойгоҳи нерӯи ҳавоӣ дар наздикии Кобул - ёддошт аз рӯзнома) фирор кардаанд ва ба ҳеҷ кас дар мавриди он чизе нагуфтаанд. Пас аз он, ҳама ба фурудгоҳ рафтанд ва амволи боқимондаро зеру рӯ карданд. Дар он замон мо дигар қувваи кофӣ ва захираии ҳифозату нигаҳдории Багромро надоштем. Чаро амрикоиҳо ва аъзои НАТО ба мо, муттаҳидони афғон, дар бораи барномаҳои худ чизе нагуфтанд? Агар барои мо аз қабл гуфта мешуд, ҳадди ақал омодагӣ барои ҳифозати Багром рӯи даст мегирифтем. Ин дар ҳоли ҳозир як саволи лаффозӣ/забонбозӣ аст - ҳеҷ посухе барои он вуҷуд надорад. Онҳо монанди роҳзанон рафтор мекарданд, касоне ки махфиёна дуздӣ мекунанд. Дар он вақт дар Багром то 5 ҳазор зиндонии Давлати исломӣ ё ДОИШ нигаҳдорӣ мешуд. Ҳамчунон 3 ҳазор бандии дигар дар зиндони Пуличархии Кобул буд. Дар натиҷа 8 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ, бо омадани Толибон дар қудрат аз зиндонҳо озод гардиданд. Пурсиш ин ҷост, оё Амрико намедонист, ки бо хуруҷи ғайримасъулона ва бидуни ҳамоҳангӣ бо ҳукумат дар Кобул ин зиндониҳо фирор мекунанд?
Қобили зикр аст, ки бо хурӯҷи охирин генерали амрикоӣ аз Афғонистон, FBI (Бюрои федеролии таҳқиқотӣ-идора.) барои сари Саноуллоҳ, раҳбари Вилояти Хуросони ДОИШ, 10 миллион доллар ҷоиза таъйин кард. Ин чӣ буд - ҳушдоре ба ҷангҷуёни афғони ДОИШ ё майли содиқона барои дастгирии раҳбари онҳо? Дарвоқеъ ин фақат як таблиғи бузург барои ДОИШ дар Афғонистон буд, ки пас аз он афғонҳо ва ғайриафғонҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки як фарди бисёр хатарнок зоҳир шудааст, ки иттиҳоди ғарбӣ барои раисаш ҳозир аст пули ҳангуфте бидиҳад, иттифоқан ҳамонанди ҷоизае бар сари Сироҷуддин Ҳаққонӣ (раҳбари созмони дар Федератсияи Русия мамнуъаи террористии "Шабакаи Ҳаққонӣ" - ёддошти рӯзнома). Пас аз ин, набояд аз афзоиши теъдоди ҷангҷӯёне, ки мехоҳанд таҳти фармони чунин фармондеҳи террористе, ки тавассути Ғарб ба расмият шинохта шудааст, тааҷҷуб кард.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавзӯъи ДОИШро дар Афғонистон ба унвони далеле бар ҳамкорӣ бо Толибон арзёбӣ мекунад. Барои инҳо як чизи одӣ аст. Дирӯз инҳо аз шарикони давлати ҷумҳурӣ дар Кобул алайҳи Толибон истифода карданд, ҳоло бо Толибон алайҳи ДОИШ ҳамкорӣ мекунанд. Кӣ медонад, фардо чӣ иттифоқе рух хоҳад дод…
Ҳамин дирӯз, Толибон душмани Амрико маҳсуб мешуданд, ҳоло дӯсташ ҳастанд. Чаро намояндагони Амрико мегӯянд, ки мухолифи ҳаракатҳои муқовимати мусаллаҳона бо Толибон ҳастанд? Чаро муқовимат дар баробари Толибон дар Афғонистон дар нигоҳи амрикоиҳо се сол пеш машрӯъ буд ва акнун ин тур нест? Посух возеҳ аст - Иёлоти Муттаҳида намехоҳад Толибонро ба унвони шарики ҷадиди худ бесубот кунад. Даҳҳо нафар аз афсарони амрикоӣ дар ҷанг бо Толибон ба рутбаи генералӣ расиданд, аммо акнун барои мо ҳушдор медиҳанд, ки бо толиб ҷанг накунед. Магар фарқ байни ин толиби имрӯз бо толиби соли 2010 чист? Ҳатто хашинтар ва ботакаббуртар шудаанд.
Дар айни ҳол, Иёлоти Муттаҳида ва бархе дигар аз ширкаткунандагон дар "Бозии Бузург" намехоҳанд ДОИШро дар Афғонистон ба таври комил шикаст диҳанд. Чаро? Бояд далеле барои ҳарҷу марҷи мудовим вуҷуд дошта бошад. Дигар ин ки чӣ гуна метавон тавзеҳ дод, ки ҷангҷуёни ДОИШ аз кишварҳои ғарбӣ дар мавриди ин мубориза зиёд сӯҳбат мекунанд, аммо худи ДОИШ ҳамчунон ба афзоиши қудрати худ ва ҷазби шабҳинизомиёни ҷадид ба самти худ идома медиҳад.
Дар ин ҳол, чанд ҳафта пеш, шохаи афғонии Давлати исломӣ 1 миллиону 200 ҳазор доллар аз ҳомиёни хориҷии ношинохтаи худ дарёфт карда ва билофосила фаъолиятҳои террористии худро ташдид кард. То он вақт ДОИШ дар Афғонистон дар муддати 4 ило 5 моҳ фаъолияте надошт. Ҳамзамон хонаводаи баъзе аз раҳбарони калидии шохаи афғони ДОИШ дар оромиш ва роҳатӣ дар Покистон зиндагӣ мекунанд.
Мумкин ДОИШ як замоне бар қудрат ҷулус намояд? Раҳбари вилояти Хуросон Саноуллоҳ ҳамин дар гузаштаи начандон дур дар ҷамъи наздикони худ изҳор кард, 15 ҳазор узви ДОИШ дар ҳоли ҳозир ба таври махфиёна дар сохторҳои Толибон хидмат мекунанд ва қавл додаанд, ки як рӯз "кудатои бузург" ба нафъи ДОИШ дар Афғонистон рух хоҳад дод…
Матлаб бо ихтисор ва аз сомонаи “Sangar” интишор мешавад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Жизель», вечер японских мотивов и гастротур к аметистовым шахтам
В Душанбе наградили лучших женщин-госслужащих
FORMULA55 продлила контракт с двукратной обладательницей Кубка мира по боксу Мижгоной Самадовой
В Исфаре сотрудники военкомата получили 40 тысяч сомони за поддельные военные билеты
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами при въезде в страну
Президент COP29 призвал радикально увеличить климатическое финансирование
Как исследовательница культуры из Таджикистана рассказывает миру о женской боли на войне
IOM объявляет тендер на реконструкцию здания Центра языка и профобучения Миграционной службы РТ
Центральная Азия рискует потерять до 6% своего ВВП из-за стихийных бедствий
Таджикско-кыргызский товарооборот начал восстанавливаться после трехлетнего падения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста