Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон, ба дипломатҳои 10 кишвар дар Кобул гуфтааст, ки зарурати таъини намояндаи нави вижаи СММ дар ин кишвар нест.
Ба навиштаи рӯзномаи "8 субҳ", Зиёаҳмад Такал, муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон* дидори Муттақӣ бо сафирон ва сарони намояндагиҳои дипломатии Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ҳинд ва Туркия ва Индонезияро дар Кобул расонаӣ кард.
Муттақӣ дар ин дидор афзудааст, ки кишварҳои минтақа бояд барои “афзоиш ва идомаи ҳамкориҳои мусбат” бо Толибон машваратҳои минтақавӣ диҳанд.
Ба иттилои манбаъ, Муттақӣ аз ин дипломатҳо хостааст, ки паёми ибтикори минтақавии Толибонро ба кишварҳои худ расонанд.
Изҳороти Муттақӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ахиран қатъномаеро тасвиб кард, ки бар асоси он, ин созмон намояндаи вижаеро барои Афғонистон таъйин мекунад ва наҳваи “муомила” бо Толибонро мушаххас мекунад.
Толибон қаблан бо таъйини намояндаи вижа барои Афғонистон мухолифат карда, гуфта буданд, ки таъйини намояндаи вижаи изофӣ лозим нест. Айни ҳол Роза Отунбоева, собиқ раиси ҷумҳури Қирғизистон, намояндаи СММ дар Афғонистон аст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста