Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ДОИШ* бо истифода аз холигиҳои амниятии ҳукумати Толибон* қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар дохили Афғонистонро дорад.
Дар баёнияе, ки ин ҷабҳа рӯзи 17-уми август нашр кардааст, гуфта мешавад, ки ДОИШ* “дар ҳоли тарроҳии як дасисаи хатарнок алайҳи марказҳои дипломатии ва намояндагиҳои кишварҳои минтақа дар Афғонистон аст”.
Ҷабҳаи муқовимат бо такя ба манбаъҳои истихборотии худ иддао кардааст, ки аз ҷумла сафорати Русия дар Кобулро мушаххас ҳамлаи ДОИШ* таҳдид мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷабҳа шоҳид ва далелҳои ба даст омадаро ба пойтахти кишварҳои марказҳи дипломатиашон дар хатар ба таври расмӣ пешниҳод кардааст.
“Ин гурӯҳи террористӣ на танҳо дар талошанд, то муносибатҳои таърихии мардуми Афғонистон бо ҳамсояҳояшро вайрон кунанд, балки бо саҳнасозиҳои дурӯғин қасд доранд нерӯҳои зидди Толибонро бадном карда, ба равобити мардуми Афғонистон бо минтақа ва ҷаҳон осеб бирасонанд”, - омадааст дар баёния.
Ҷабҳаи муқовимат аз ниҳодҳои байналмиллалӣ хостааст, ки аз ин ҳамлаи террористӣ пешгирӣ кунанд.
“Азия-Плюс” ин иддаои Ҷабҳаи муқовиматро мустақилона тавассути манобеи дигар таъйид ё рад карда наметавонад.
Ёдрас мешавем, ки сентябри соли 2022 дар назди сафорати Русия дар шаҳри Кобул таркиши шадид рух дода, дар натиҷа 18 нафар аз ҷумла 2 корманди ин сафорат кушта шуданд.
Расонаҳои афғонистонӣ бо такя ба манбахҳои худ гуфта буданд, ки “ҳадафи аслии таркиш бахши консулии сафорати Русия дар Кобул” будааст.
Пас аз ин ҳодиса ДОИШ масъулияи ин ҳамларо ба дӯш гирифт ва акси нафареро, ки ин амали террористиро анҷом дода буд, нашр кард.
Дар изҳороти ин гурӯҳи террористӣ гуфта шуда буд, ки ҷангии онҳо “камарбанди маргталабро дар маҷлисе назди сафорат, ки дар он кормандони Русия ҳузур доштанд, тарконидааст”.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон 15-уми августи соли 2021 саросари Афғонистонро ғасб карданд ва ба сари ҳокимияти ин кишвар нишастанд. Бо гузашти се сол, баъзе кишварҳои абарқудрат ба мисли Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ошкору пинҳон бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.
Он сделал первые цветные снимки Центральной Азии. Был большим талантом, но умер в безвестности
«Ее действительно избили». Результаты проверки Минобрнауки подтвердили факт нанесения побоев учительнице из Вахдата
Ровно год прошел с нападения боевиков ХАМАС на Израиль и захвата заложников. Хроника войны на Ближнем Востоке
Нобелевскую премию по медицине присудили за открытие молекул микроРНК, важных для диагностики опухолей
Как разбогатеть в Таджикистане, выращивая виноград
Первый микрофинансовый банк: ребрендинг и амбициозные цели
Хакеры атаковали ВГТРК, прервалось онлайн-вещание телеканалов «Россия-1» и «Россия 24»
Япония помогла оснастить медоборудованием Национальный диагностический центр в Душанбе
Четвертый бой в UFC: Муину Гафурову дали не проигрывающего соперника из Японии
Почему Кремль ополчился на мигрантов в России?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста