Дар пайи ҳамла ба ширкати ҳавонавардӣ ва кайҳоннавардии Turkish Aerospace дар шаҳри Анқара, ки боиси марги 5 нафар ва захмӣ шудани 22 нафар гардид, Туркия ба пойгоҳҳои Ҳизби коргарони Курдистон ё “PKK” дар шимоли Ироқ ва Сурия ҳамла кард. Дар ин бора BBC хабар медиҳад.
Вазорати дифои Туркия рӯзи 23 октябр дар баёнияе эълон кард, ки нерӯҳояш ба пойгоҳҳои вобаста ба ниманизомиёни Ҳизби коргарони Курдистон дар Ироқ ва Сурия ҳамла карданд.
Туркия Ҳизби коргарони Курдистонро масъули эҳтимолии ҳамла ба ширкати саноатӣ дар Анкара медонад. Фаъолияти ин ҳизб дар Туркия манъ аст.
Дар баёнияи Вазорати дифои Туркия омадааст, ки як амалиёти ҳавоӣ алайҳи “пойгоҳҳои террористҳо” дар шимоли Ироқ ва Сурия анҷом шуд ва дар умум 32 ҳадафи вобаста ба “террористҳо” бомуваффақия аз байн бурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 23-юми октябр, ба ширкати ҳавонавардӣ ва кайҳоннавардии Turkish Aerospace дар шаҳри Анқара ҳамла сурат гирифт ва дар пайи он ҳадди ақал 5 нафар ҳалок ва 22 нафар захмӣ шуданд.
Дар наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса паҳн гардид, дида мешавад, ки чанд нафар ба сӯйи одамон тир мекушоянд. Чеҳраи баъзе ҳавлаварон дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст.
Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая гуфт, ки ду ҳамлагар, як мард ва як зан кушта шудаанд. Ангезаи ҳамла ва ҳувияти ҳамлаварон то ҳол маълум нест.
Мақомоти Туркия дар ташкили ҳамла ҷудоихоҳони курдро гумонбар медонанд. Алӣ Ерликая гуфт, эҳтимол дар ин кор Ҳизби коргарони Курдистон, ки дар Туркия мамнӯъ аст, даст дошта бошад. Аммо ҳеҷ далеле пешниҳод накард.
Ҳизби коргарони Курдистон ҳам то ҳол ҳодисаро шарҳ надодааст.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста