Дар Сурия ҳукумати Башор Асад суқут кард ва шӯришиён аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукуматӣ шаби 8-уми декабр вориди пойтахти Сурия, шаҳри Димишқ шуданд. Дар пайи ин кишварҳои абарқудрат, ба мисли Амрико, Русия, Фаронса, Олмон, Эрон ва Туркия вокуниш нишон доданд. Ба иттилои расонаҳо, Башор Асад ва оилаиш ба Русия фирор карданд ва Маскав ба онҳо паноҳандагӣ додааст.
Дар Сурия чӣ гузашт?
Башор Асад 24 сол дар Сурия ҳукмронӣ кард. 29 соли дигар, аз соли 1971 то соли 2000-ум падари ӯ Ҳофиз Асад ин давлатро зери панҷаи оҳанини худ нигоҳ дошта буд.
Ҳофиз Асад дар Сурия низоми худкомаеро ҷорӣ кард ва тамоми мухолифони худро бартараф намуд. Баъди 29 соли ҳукмронӣ давлатро ба писари худ Башор Асад супорид. Дар оғоз аз Башор Асад интизориҳое вуҷуд дошт, ки даст ба ислоҳот мезанад, аммо ӯ ҳам 24 сол бо саркӯбии мухолифону ислоҳотталабон роҳбарӣ намуд.
Соли 2011, зери боди “баҳори араб” эътирози аҳолии кишварашро саркӯб кард. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ бар гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки алайҳаш меҷангиданд ва чанд шаҳри калидиро тасарруф намуда буданд, бо кӯмаки Русия ва Эрон то андозае пирӯз шуд. Аммо охири моҳи ноябр вазъ пурра тағйир ёфт.
Гурӯҳи “Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом” (ҲТШ)*, ки дар гузашта бо гурӯҳи террористии “Ал-Қоида”* иртибот дошт, дигарбора ба ҷанг алайҳи нерӯҳои ҷонибдори Башор Асад оғоз кард.
Давоми қариб даҳ рӯз шаҳрҳои бузурги Ҳалаб, Ҳамо ва Ҳумс ба осонӣ зери назорати ин гурӯҳ даромад.
8-уми декабр Башор Асад пойтахтро тарк кард ва Димишқ низ зери назорати гурӯҳи “Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом” афтод.
Дар паёми телевизиониашон шӯришиён изҳор доштанд, ки “золим”-ро сарнагун кардаанд ва аз мардум хостанд, муассисаҳои “давлати озоди Сурия”-ро ҳифз кунанд, хабар медиҳад “Медуза”.
Ба навиштаи бахши форсии ББС, Абумуҳаммад Ҷулонӣ, раҳбари "Ҳайъат Таҳрир-аш-Шом" эълон кард, ки ниҳодҳои давлатии кишвар то замони таҳвили расмии низом ба нерӯҳои ӯ, таҳти назорати сарвазири собиқ боқӣ хоҳанд монд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, сарвазири Сурия пас аз вуруди мухолифон ба Димишқ омодагии таслими қудратро ба ҳар ҳукумате, ки аз ҷониби мардуми Сурия интихоб мешавад, эълом кардааст. Ӯ аз шаҳрвандони ин кишвар ва шӯришиён хостааст, ки биноҳои давлатиро вайрон накунанд.
Ба гуфтаи Дина Лиснянская, шарқшинос ва корманди илмии Донишгоҳи Тел-Авив, "шӯришиён аз якчанд гурӯҳ иборатанд".
“Бузургтаринашон салафиҳо мебошанд, ки таҳти роҳбарии созмони “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” амал мекунанд. Ин як шохаи “Ал-Қоида” дар Сурия мебошад, ки қаблан ҳамчун “Ҷабҳат ан-Нусра” маъруф буд. Аз соли 2019 онҳо ҳамчун “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” зери пуштибонии Туркия фаъолият мекунанд. Ҳадафи онҳо озод кардани Сурия аз Асад буд ва онҳо ба ин муваффақ шуданд. Дар ин гурӯҳҳо бисёр ҷанговарони аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Доғистон, шомиланд”, - шарҳ медиҳад коршинос.
“Русия ба Башор Асад паноҳандагӣ дод”
Пас аз суқути шаҳрҳо ва таҳдиди мустақим ба пойтахт Башор Асад ҳамроҳи хонаводааш ба Русия фирор карданд. Вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ дод, ки худи Башор Асад аз Сурия фирор намуда, ҳамзамон дастур додааст, ки қудрат ба роҳи осоишта ба мухолифонаш интиқол дода шавад.
Расонаҳои давлатии Русия бо такя ба маноибеи худ менависанд, ки Башор Асад аз ин кишвар кӯмак хост ва Кремл “бо назардошти ҷанбаҳои башардӯстона” ба президенти фирорӣ ва аъзои оилааш паноҳандагӣ дод.
“Мақомоти Русия бо раҳбарони мухолифини мусаллаҳи Сурия тамос доранд, ки амнияти пойгоҳҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои дипломатии Русияро дар ҳудуди Сурия кафолат дода шавад. Умедворем, ки гуфтугӯҳои сиёсӣ ба манфиати мардуми Сурия ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи Русия ва Сурия идома хоҳад кард", - бо истинод ба манбаи худ иттилоъ дод РИА Новости.
Вокуниш ва нигаронии кишварҳои абарқудрати ҷаҳон
Вазорати корҳои хориҷии Русия: “Мо бо нигаронии амиқ рӯйдодҳои фоҷеавӣ дар Сурияро пайгирӣ мекунем. Мо аз ҳамаи ҷонибҳо даъват мекунем, ки аз истифодаи зӯроварӣ худдорӣ кунанд ва ҳама масъалаҳои идоракуниро ба роҳи сиёсӣ ҳал намоянд”.
Ҷо Байден, президенти ИМА: “Ниҳоят, ҳукумати Асад сарнагун шуд. Ин режим ҳазорон нафарро шиканҷа дода, кушта ва бо мардуми бегуноҳи Сурия муносибати бераҳмона мекард. Ин падида як амали асосии адолат аст. Ҳоло барои мардуми Сурия як имконияти таърихӣ фароҳам шудааст, то ояндаи беҳтаре бунёд кунанд”.
Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон: “Башор Асад мардуми худро сахт фишор дод, боиси марги ҳазорон нафар шуд ва бисёриҳо маҷбур шуданд аз кишвар фирор кунанд. Аз ин рӯ, поёни ҳукмронии Асад хабари хуб аст”.
Эммануэл Макрон, президенти Фаронса: “Ниҳоят ҳукумати ваҳшиёна суқут кард. Ман ба мардуми Сурия эҳтиром гузошта, ба онҳо сулҳ ва озодӣ таманно мекунам”.
Вазорати умури хориҷаи Эрон: “Худмуайянкунӣ ва тасмимгирӣ дар бораи ояндаи Сурия танҳо масъулияти мардуми Сурия аст, бидуни мудохилаи харобиовар ва иҷбории хориҷӣ. Мо даъват мекунем, ки ҳукумати фарогир, ки тамоми мардуми Сурияро намояндагӣ мекунад, таъсис дода шавад".
Ҳоқон Фидон, вазири хориҷаи Туркия: “Сурия ба марҳилае расидааст, ки мардуми он ояндаи кишвари худро муайян хоҳад кард ва имрӯз умед ҳаст... Маъмурияти нави Сурия бояд дар асоси иштироки умумибашарӣ таъсис дода шавад, набояд хоҳиши қасос гирифтан бошад. Туркия аз ҳама ҷонибҳо даъват мекунад, ки эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд. Набояд ба созмонҳои террористӣ иҷозат дод, ки аз вазъи кунунӣ истифода баранд. Сурияи нав набояд ба ҳамсоягонаш таҳдид кунад, балки таҳдидҳоро аз байн барад”.
“Толибон”*: “Вазорати корҳои хориҷии Имороти Исломии Афғонистон роҳбарияти ин ҷунбиш ва мардуми Сурияро бо рӯйдодҳои ахир табрик мекунад. Пойтахт Димишқ бо роҳбарии “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” таҳти назорати мардуми Сурия қарор гирифт ва изҳори умедворӣ мекунем, ки марҳилаҳои боқимондаи инқилоб барои эҷоди як низоми сулҳомез, ягона ва устувори давлатдорӣ самаранок идора карда мешаванд. Мо изҳори умедворӣ мекунем, ки интиқоли қудрат мувофиқи ормонҳои мардуми Сурия сурат хоҳад гирифт”.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳҳои террористӣ эътироф шудаанд.
Вылившийся при крушении танкеров в Керченском проливе мазут вынесло на побережье в Краснодарском крае
«Никаких «смотрящих» и воров в законе». Камчыбек Ташиев заявил о победе над ОПГ в Кыргызстане
Таджикистан увеличил импорт зерна из Казахстана: более 1 млн тонн за 10 месяцев
Дефицит воды и ошибки управления. В Таджикистане становится все больше непригодных для сева земель
В Истаравшане возбуждено уголовное дело по факту доведения до самоубийства молодой женщины
Мирзиёев: В Узбекистане уволили почти 300 чиновников за лень и безответственность
Во многих районах ГБАО впервые за последние годы введен энерголимит
Трамп назвал данное Украине разрешение бить по целям в России «ошибкой». Он готов ее пересмотреть
В Футбольной лиге Таджикистана сменился директор
В США ученица устроила стрельбу в школе: трое погибших, cтрелявшая покончила с собой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста