Генерал-лейтенант Игор Кириллов, фармондеҳи Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия дар таркише дар чанд километрии Кремл кушта шудааст. Ҳодиса субҳи имрӯз, 17-уми декабр дар хиёбони Рязани Маскав, дар назди манзили зисти Игор Криллов рух додааст.
Кумитаи тафтишотии Русия бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки “маводи таркандае, ки дар дохили самокат пинҳон буд, фосилавӣ фаъол гардонида шуд”.
Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷа ҳангоми берун шудан аз манзилаш генерал лейтенант Игор Крилов ва як афсари ҳамроҳаш ҷон бохтаанд.
Кумитаи тафтишоти Русия ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Мақомоти Русия расман омили кушторро нагуфтаанд, вале ангушти иттиҳомро ба сӯи Украина равона мекунанд. Мақомоти Украина то ҳанӯз дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст.

Дар ҳамин ҳол BBC бо такя ба манбаъҳои худ дар Хадамоти амнияти Уркаина навишт, ки “таркише, ки дар он Игор Кирилов ҷон дод, натиҷаи амалиёти махсуси Хадамоти амнияти Украина аст.
«Кирилов ҷинояткори ҷангӣ буд..., зеро ӯ фармонҳои истифодаи силоҳи кимиёвии манъшударо бар зидди низомиёни украинӣ содир мекард. Чунин расвоӣ ҳамаи онҳое, ки украинҳоро мекушанд, интизор аст. Ҷазо барои ҷиноятҳои ҷангӣ ногузир аст», – изҳор доштааст манбаъи ин расона аз Хадамоти амнияти Украина.
Як рӯз пеш аз ин, Хадамоти амнияти Украина Кириловро дар истифодаи оммавии силоҳи кимиёвии манъшуда бар зидди Неруҳои мусаллаҳи Украина дар шарқ ва ҷануби кишвар гумонбар дониста гуфта буд, ки таҳти фармондеҳии генерал лейтенант Кирилов қариб 5 ҳазор дафъа аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдааст. Хадамоти амнияти Украина Кириловро шахсан масъули ин амал номида, зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Генерал пас аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина бо баргузории брифингҳои мунтазам барои рӯзноманигорон маъруф гардид. Ӯ борҳо иддао карда буд, ки Киев ба таҳияи силоҳи кимиёвӣ ва биологӣ даст дорад.
Кириллови 54-сола аз моҳи апрели соли 2017 сардори неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия буд. Ӯ Академияи ҳарбии ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологӣ ба номи Тимошенкоро хатм кардааст. Пеш аз соли 2017 ӯ роҳбари ҳамин академия буд.
Медиа-группа «Азия-Плюс» поздравляет всех женщин с Днем матери и Международным женским днем!
Цветы, улыбки и подарки: как прошла ежегодная акция «Азия-Плюс» - «Модарони мо»
Официально: Первый пункт выдачи заказов Wildberries в Душанбе откроется в апреле
Politico: Трамп ограничил полномочия Маска и его DOGE в вопросах увольнения госслужащих
ICB поддерживает развитие национального футбола
Иди Сари сол: Что это за праздник, который отмечают худжандцы?
В Узбекистане банки обязали снизить процентную ставку по ипотечным кредитам
Цветочный бум на 8 марта. Почему в Таджикистане так дорого стоят цветы?
Эмомали Рахмон: «В Таджикистане сегодня нет такой сферы, в которой бы не работали женщины»
В программу Азиатских игр включили смешанные единоборства (ММА)
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста