Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи суқути як ҳавопаймо дар Куриёи Ҷанубӣ, ки бар асари он 179 нафар ҷон доданд, ба Чҳве Сан Мок, иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар таслият баён кард.
Ба навиштаи хадамоти матуботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 30-юми декабр гуфтааст, ки ин ҳодиса ӯро сахт андӯҳгин кардааст.
Вай ба иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Корея ва пайвандону наздикони ҷонбохтагон таъзия баён карда, барои осебдидагон шифои комил хостааст.
Бояд гуфт, ки субҳи 29-уми декабр як ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Jeju air”-и Куриёи Ҷанубӣ зимни бозгашт аз шаҳри Бангкоки Тайланд ба садама дучор шуд.
Дар ҳавопаймо 175 мусофир ва 6 сарнишин қарор доштанд, ки 179 нафар ҷон бохтаанд. Танҳо ду нафар аз хидматрасонҳои ҳавопаймои “Boeing 737-800” зинда мондаанд ва ҳоло дар бемористонанд.
Дар наворҳое, ки нашр шудаанд, дида мешавад ҳавопаймои ширкати куриёӣ ҳангоми фуруд аз хатти парвоз берун шуда, ба девор бармехӯрад.
Сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешаванд, вале ҳоло бархурди паррандаҳо ба чархҳои ҳавопаймо ва аз кор мондани онҳо яке аз омилҳои эҳтимолии сонеҳа гуфта мешавад.
Ба навиштаи “Yonhap”, 173 мусофир аҳли Куриёи Ҷанубӣ ва ду нафари дигар аз Тайланд будаанд.
Давлати Куриёи Ҷанубӣ дар робита ба ин садама 7 рӯз, аз 29-уми декабри соли 2024 то 4-уми январи соли 2025 мотами миллӣ эълон кардааст.
Ёдрас мешавем, ки дар чанд рӯзи охир ин дуввумин ҳодисаи суқути ҳавопаймо бо марги даҳҳо нафар аст.
Қаблан, ҳавопаймои масофирбари ширкати “Azerbaijan Airlines"-и Озарбойҷон, ки аз Боку ба шаҳри Грознийи Чеченистон парвоз мекард, дар наздикии фурудгоҳи минтақаи Оқтауи ҷануби Қазоқистон суқут кард. Аз 67 мусофири дохили ҳавопаймо, 38 нафар ҳалок шудаву 29 нафар наҷот ёфтанд. Ду зодаи Тоҷикистон ҳам дар ин ҳавопаймо буданд, ки яке ҷон ба сломат бурда дуввумӣ, ҳалок шудааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста