Ҳаракати Толибон* аз тасмими Додгоҳи олии Русия ҷиҳати боз доштани амали қарори пешин оид ба манъи фаъолияти ин гурӯҳ дар қаламраваш ва берун кардани номи он аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ истиқбол кард ва онро таърихӣ номид.
Ба иттилои телевизиони "Ому" Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар мулоқоти худ бо Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон аз қарори Додгоҳи олии Русия истиқбол карда, гуфтааст, ин тасмим “охирин монеа” дар баробари густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии миёни ду кишварро бардоштааст.
“Ин тасмими Додгоҳи олии Русия қадами мусбат ва муҳим барои ояндаи Афғонистон аст. Он заминаро барои рушди робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни Русия ва Афғонистон фароҳам меорад”, - зикр кардааст Муттақӣ.
Бояд гуфт, Додгоҳи олии Русия дирӯз, 17-уми апрел, амали қарори пешин оид ба манъи фаъолияти Толибон дар қаламравашро боздошт ва ба дархости берун кардани номи он аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ розигӣ дод. Ин дархостро додситони кулли Русия карда буд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2021 дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, Толибон дубора сари ҳокимият омада, таъсиси Амороти исломии Афғонистонро эълон кард. Аммо ин ҳеҷ як давлати ҷаҳон ин низомро ба расмият нашинохт ва эътироф накард. Аз Толибон хоста шуд, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил бошад, давлати фарогир таъсис диҳад ва намояндагони халқҳои дигарро ҳам шомили он кунад.
Дар баробари ин, робитаҳои сиёсии Русия бо Толибон ҳамеша барқарор буд. Моҳи январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия бо Толибон робита дошта, лекин ҳукумати онро то иҷрои уҳдадориҳои сиёсӣ эътироф намекунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста