Музокираи аввалини Русия ва Украина барои сулҳ дар Истанбул бо созиши табодули асирон поён ёфт. Ҳамчунин, ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки барои мулоқоти раисони ҷумҳури ду кишвар – Владимир Путин ва Владимир Зеленский талош менамоянд.
Мулоқоти ва музокироти Русия ва Украина 16 май дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуд. Он ҳудуди ду соат идома ёфт.
Баъди анҷоми мулоқот Рустам Умаров, вазири дифои Украина, ки раҳбарии ҳайати кишвараш дар ин музокиротро бар ӯҳда дорад, гуфт, ки тарафҳо дар мавриди мубодилаи асирони ҷангӣ, ба созиш расиданд.
Пеш аз мулоқот, ҷониби Украина зикр карда буд, ки зимни музокирот пеш аз ҳама ба созиши оташбас пофишорӣ мекунад.
Владимир Мединский, мушовири раисҷумҳури Русия ва раиси ҳайати ин кишвар дар ин музокирот, низ аз натиҷаҳои он ибрози ризоят кард ва гуфт, ки Маскав омодаи гуфтугӯ бо Киев аст.
Ӯ ҳам тасдиқ кард, ки Русия ва Украина барои табодули ду ҳазор асири ҷангӣ дар рӯзҳои оянда, ба созиш расиданд.
Ҳамчунин, Мединский афзуд, “тарафи украинӣ хостори гуфтугӯҳои мустақим байни раҳбарони кишварҳо шуд. Мо ин дархостро дар назар мегирем".
Дар ин музокирот созиши оташбас низ баррасӣ гардидааст. Аз ҷумла, Мединский дар ин бора гуфт, ки "мо созиш кардем, ки тарафҳо дидгоҳҳои худ дар бораи оташбаси эҳтимолӣ дар ояндаро ироа кунад".
Дар баробари ин, расонаҳо баъзе ҷузъиёти дигари ин музокиротро низ ироа кардааст. Аз ҷумла, хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як манбааш навишт, ки баъзе хостаҳои ҳайати Русия "рабте ба воқеият надошта, бисёр фаротар аз мавориде аст, ки қаблан мавриди баҳс қарор гирифтааст".
Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз як манбаи худ, зикр кард, ки яке аз хостаҳо ин аст, ки "Украина нерӯҳояшро аз бахшҳои васеъе аз хоки худ хориҷ кунад, то оташбас барқарор шавад".
Ба эҳтимоли зиёд ин ишораи ба чаҳор минтақа - Донетск, Луганск, Запороже ва Херсон аст, ки Русия бахше аз онҳоро ишғол кардааст. Украина то ҳол бахшҳое аз ин минтақаҳо, аз ҷумла, марказҳои Запороже ва Херсонро дар ихтиёр дорад.
Бояд гуфт, ки ин аввалин мулоқоти ду ҷониб пас аз моҳи марти соли 2022, замони оғози ҷанги Русия дар Украина буд. Пешниҳоди мулоқоти мустақим аз сӯйи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия садо дод. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украино пешниҳодро пазируфт ва ҳатто бештар аз он, худаш ба Туркия рафт, то бо раисҷумҳури Русия мулоқоти рӯбарӯ доир намояд, аммо Путин ба ин пешниҳод посухи мусбат надод.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста