Дирӯз, 28-уми сентябри соли 2025 таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) алайҳи Эрон, ки соли 2015 бар асоси созишномаи ҳастаии БАРҶОМ миёни Теҳрон ва чанде аз кишварҳои аврупоӣ ва Амрико боздошта шуда буданд, дигарбора баргардонида шуданд.
Сабаби асосии бозгашти таҳримҳо, қатъи ҳамкории Эрон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (IAEA) дар асоси созишномаи БАРҶОМ гуфта мешавад.
Ба гузориши расонаҳо, бо бозгашти таҳримҳои СММ алайҳи Эрон дар чаҳорчубӣ “созукор (механизм)-и моша”, Теҳрон таҳти мамнуияти тамоми фаъолиятҳои ғанисозии уран ва коркарди он, инчунин, мамнуияти фаъолиятҳои марбут ба мушакҳои боллистикӣ, аз ҷумла партоби мушакҳо, қарор хоҳад гирифт.
Хабаргузории “Ройтерз”, бозгашти ин таҳримҳо сафари даҳҳо эрониро ба хориҷ манъ карда, дороиҳои бархе нафарон ва ниҳодҳои эронӣ дар берун аз кишварашонро масдуд ва интиқоли ҳар таҷҳизотеро, ки метавонад дар барномаи ҳастаии Эрон истифода шавад, манъ мекунанд.
Таҳримҳои СММ зидди Эрон пас аз он дигарбора ҷорӣ шуданд, ки Шӯрои амнияти СММ барои бозгардонидани онҳо рӯзи 19-уми сентябр раъй дод. Баъди ин Русия ва Чин қатъномаеро ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳод карданд, ки бозгашти таҳримҳоро 6 моҳ ба таъхир меандохт, аммо он бо 9 овози мухолиф рад шуд.
Кишварҳои ғарбӣ таъкид карданд, ки таъхир додани раванд бемаъно аст, зеро Эрон дар тӯли солҳо имконияти зиёде барои иҷрои таҳҳудот дошт, вале онҳоро иҷро накард.
Эрон ба ин таҳримҳо вокуниш карда, онро "ғайриқонунӣ" ва "мухолифи ҳуқуқи байналмилалӣ" номид. Вазорати корҳои хориҷии Эрон эълон кард, ки ин таҳримҳо натиҷаи фишори сиёсии кишварҳои ғарбӣ мебошанд ва ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд.
Ҷумҳурии Исломӣ таъкид кард, ки барномаи ҳастаии худро бо қудрати бештар идома медиҳад ва ба ҳеҷ маҳдудияте таслим нахоҳад шуд.
Созишномаи ҳастаии БАРҶОМ 14-уми июли соли 2015 байни Эрон ва гурӯҳи кишварҳои "P5+1" (ИМА, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон) имзо шуд. Мувофиқи ин созишнома, Эрон бояд барномаи ҳастаии худро маҳдуд месохт ва ба бозрасҳои байналмилалӣ розӣ мегардид, дар иваз таҳримҳои иқтисодӣ ва молиявӣ бардошта мешуданд.

Аммо дар моҳи майи соли 2018, Доналд Трамп президенти ИМА аз созишнома баромада, таҳримҳои амрикоиро дубора ҷорӣ кард. Пас аз он Эрон низ аз иҷрои таҳҳудоти худ даст кашид ва ғанисозии уранро боз идома дод.
Рӯзи 28-уми августи соли 2025 кишварҳои Фаронса, Олмон ва Бритониё, расман раванди баргардонидани таҳримҳои СММ-ро алайҳи Эрон оғоз карданд.
Ин гурӯҳ дар баёнияи худ таъкид карданд, ки "чораи дигаре надоштанд" ҷуз фаъол сохтани созукори моша (механизми моша), ки дар созишномаи БАРҶОМ пешбинӣ шуда буд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста