Антикоррупционное ведомство Таджикистана возбудило дело в отношении бывших владельцев рынка «Саховат» в Турсунзаде, который сейчас принадлежит супруге лидера Партии исламского возрождения Таджикистана, депутата нижней палаты парламента Мухиддина Кабири. В настоящее время в горсуде Турсунзаде идет судебный процесс по данному делу.
Как сообщил «АП» адвокат семьи Кабири Бузургмехр Ёров, антикоррупционное ведомство убеждено, что участок земли, где расположен рынок, был незаконно приватизирован. До рынка там был расположен спортивный комплекс, а предыдущий владелец рынка Лутфия Негматова приобрела данный земельный участок незаконно.
«Кабири вместе со своими родственниками собрали общий капитал, и приобрели рынок в 2009 году у Лутфии Негматовой. Владельцем рынка стала жена политика Мастура Рахматуллоева, а директором - их другой родственник», - отметил Ёров.
Пока Агентство по госфинконтролю и борьбе с коррупцией никак не комментируют данную информацию, ссылаясь на то, что у них сейчас «нет под рукой никакой информации». Они потребовали от «АП» официальное письмо-запрос.
Ёров сообщил, что свое решение суд вынесет 10 апреля.
Между тем, М.Кабири, выступая накануне на суде, заявил, что дело является политическим. Информация о его выступлении на суде было направлено в СМИ из офиса партии.
Кабири отметил на слушании, что замглавы Комитета по национальной безопасности выслал письмо Налоговому комитету и антикоррупционному агентству, с требованием проверить ряд коммерческих и производственных предприятий.
"Эти предприятия находятся в разных районах и принадлежат различным людям. Однако на вопрос, почему только несколько предприятий ГКНБ хочет проверить, ответ такой - все они реально принадлежат моим родственникам, - заявил Кабири на суде. – Я прошу прощения у своих родственников, потому что они сегодня лишаются своего имущества из-за меня. Меня смущает именно то, что именно я стал причиной того, чтобы они перевели свой бизнес из России в Таджикистан. Они уехали из Таджикистана, работали на московском Черкизовском рынке, имели свои магазины, хороший бизнес, обеспечивали работой несколько других соотечественников. Но я перевез свой бизнес на родину, и агитировал своих родственников сделать это", - отметил Кабири.
По его словам, "рынок "Саховат" функционирует 15 лет, но за эти годы никто не предъявлял претензий к его документации". "И даже если в документации были какие-то недостатки, то период, когда органы могут предъявлять свои претензии, давно прошел. Это знает каждый юрист, что максимальный период предъявления претензий составляет три года", - подчеркивает Кабири.
"Согласно конституции, мы являемся социальным государством, и все приказы, которые могут ухудшить социальную жизнь страны, не могут иметь законодательную основу. И если этот рынок у нас заберут, то по вине государственных органов не только один гражданин, а сотни человек получат моральный и материальный ущерб. На рынке работают более 700 человек, и они одновременно кормят еще нескольких людей", - отметил он.
Кабири в заключении отмечает, что если суд все таки решит изъять у них этот рынок, то он не сможет больше функционировать в качестве рынка. "Однако я надеюсь, что этого не будет: рынок должен работать и его нужно сохранить. Сотни семей находили здесь свой хлеб, и из-за нас этот рынок не должны разрушать", - заявил он.
"Азия-Плюс" намерена в ближайшее время взять комментарий у антикоррупционного ведомства по данному делу.
Ниже приводим полный текст выступления Мухиддина Кабири на суде.
«Мӯҳтарам раиси суд ва ҳозирини гиромӣ!
Ташаккур мегӯям, ки ба ман иҷозати баромад дар ин нишасти додгоҳ додед, то мавқеъи худ ва аҳли хонадонамонро бигӯям, ҳамчун соҳибмулкони муштараки ин бозор. Як чиз барои ман ва хонаводаамон ошкор аст, ки агар супориши сиёсӣ аз болотарин сатҳ барои гирифтани ин бозор аз хонаводаи мо содир шуда бошад, на ин суханронии ман ва на вакилони дифоъу ин додгоҳ, ҳатто сарқонун дигар кумак намекунад.
Дар бораи сиёсӣ будани ин қазия қариб, ки шак надорам. Танҳо сатҳи мақоми супоришдодаро намедонам, агарчи дар даст санади имзокардаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллиро дорам, ки дар як нома ба мақомоти андоз ва Агентии зиддикорупсионӣ номи чанд корхонаи тиҷоративу истеҳсолиро овардааст, ки бояд санҷида шаванд. Ин корхонаҳо дар минтақаҳои гуногун ва мутааллиқ ба шахсони ҷудогона мебошанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро танҳо чанд корхона дар як мактуб зикр шудаанд, ки бояд мақомот бо супориши Кумитаи амният онҳоро бисанҷанд ва чора бинанд? Ҷавоб ин аст, ки ҳамаи ин корхонаҳо ба аъзои хонавода ва хешу табори ман тааллуқ доранд. Пас маълум мешавад, ки мавриди таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифтани ин корхонаҳои мавҷуда дар ноҳияҳои гуногун ва мутааллиқ ба афроди гуногун танҳо ба хотири наздикии соҳибонашон ба ман мебошанд. Ба ибораи дигар, ман сабаб гашатаам, ки хешовандони ман мисли ҳар шаҳрванди дигари кишвар аз ҳаққи тиҷорат ва соҳибкорӣ маҳрум шаванд. Яъне, онҳо наметавонанд соҳиби молу мулке ва шароити беҳтари зиндагӣ бошанд ва бояд барои наздикӣ бо ман ҷазо бикашанд.
Ман аз ҳама наздиконам, ки аз руйи ман шуда имрӯз аз молу мулкашон маҳрум мешаванд ва ин ҳама хасорати моливу равониро мекашанд, узр мепурсам ва воқеан хиҷолатам пеши онҳо. Ва ташаккур ҳам мегӯям, ки то имрӯз касе аз онҳо изҳори нороҳатӣ накарда, баръакс талош мекунанд, ки дар паҳлӯи мо бошанд ва моро дилбардорӣ карданӣ мешаванд. Хиҷолатам на фақат аз он аст, ки имрӯз молашонро аз даст медиҳанд, балки ман сабаб шудам, ки онҳо тиҷораташонро аз Русия ба Тоҷикистон бикучонанд.
Солҳои ҳиҷрат дар қатори ҳазорҳо ҳамватан дар ш. Маскав тиҷорати худро ба роҳ монда, дар бузургтарин бозори молфурушии Черкиз соҳиби мағоза ва тиҷорати хуб буданд, ки чандин ҳамватани дигарро бо кор таъмин мекарданд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва аҳди бародарӣ байни тоҷикон, ман ҳамчун узви Комиссияи оштии миллӣ ва ёвари раиси КОМ, Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тиҷорати худро ба Тоҷикистон кучондам ва дустону хешовандонро низ ташвиқ ба ин кор кардам. Аз ҷумла, писарони аммаҳоямро, ки дар бозори Черкиз машғули тиҷорат буданд, ташвиқ кардам, ки ба ватан баргарданд ва сармояи худро дар тиҷорати ватанӣ ва барои ободонии Ватан сарф кунанд.
Барои он, ки боварӣ дошта бошанд, пешниҳод кардам, ки метавонем шарикӣ кор кунем. Мехостам онҳо бовар кунанд, ки дар кишвари мо сулҳу ваҳдат ҷиддӣ аст ва ҳама шаҳрвандон, новобаста аз тарафдори ҳукумат ё мухолифин будан аз ин пас дар назди қонун баробаранд ва ҳама ҳаққи баробари кору фаъолият доранд. Ва онҳо ҳам бовар карда, тиҷорати худро дар Маскав қатъ карданд ва мо якҷоя ин бозорро харидем. Барои осон шудани кор ва боварии ҳамагон, бозорро дар номи ҳамсари ман, Раҳматуллоева Мастура сабт кардем ва директори бозор яке аз писарони аммаам таъйин шуд. Имрӯз онҳо ҳақ доранд аз ман бипурсанд, ки чи шуд он замонатҳои додашуда, ки тоҷикон ҳамдигарро бахшидаанд ва дигар барои андешаҳои сиёсӣ инсонҳо таъқиб намешаванд. Чун онҳо дида истодаанд, ки танҳо ба хотири хешу табор будан бо ман аз моликияташон маҳрум мешаванд ва сармояи солҳо ҷамъовардаашон бо як супориш ё қарори суд аз онҳо гирифта мешавад. Боз ҳам миннатдорам, ки то ҳол ин ҳарфро ба мо нагуфтаанд, вале ин маънои онро надорад, ки ман эҳсосе масъулият накунам. Аз ҳама аламовараш он аст, ки ҳеч кадоми онҳо ба сиёсат сару кор надоранд ва танҳо аз пайи зиндагии хеш мебошанд.
Мӯҳтарам суд!
Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ин як қазияи сирф ҳуқуқӣ ё гражданӣ мебошад ва мо беасос онро сиёсӣ мекунем. Агар ҳадафи мо сиёсӣ кардани қазия мебуд, аз рӯзи аввал ин корро мекардам. Ҳол он, ки нусхаи номаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи корхонаҳои мо чанд моҳ боз дар дасти ман ҳаст, вале на дар матбуот ва на дар ҷои дигар онро ошкор накардаам, ғайр аз адвокат ва худи кормандони мақомот, ки нусхаи он дар парвандаи шумо низ вуҷуд дорад.
Ин бозор 15 сол боз кор мекунад ва агар камбудие дар санадгузории он бошад, пас тибқи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати даъво аз тарафи мақомот ё шаҳрвандон кайҳо гузаштааст ва инро ҳар як ҳуқуқшинос медонад. Муҳлати ҳадди аксари даъвои иқтисодиро қонунгузор се сол муайян кардааст. Ҳол он, ки дар байн чандин санад, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афви молу мулк аз соли 2007 қабул шудааст, ки тибқи моддаи 7, амволи то лаҳзаи қабули қонун мавриди хариду фуруш ва соҳибмулк қарор гирифта, дар сурати набудани даъвои судӣ то қабули қонун мавриди афв қарор мегирад. Шумо медонед, ки то қабули қонуни мазкур ягон даъво алайҳи ин бозор вуҷуд надошт, пас мавриди афв қарор гирифтааст, агар камбудие дар санадгузориаш дошта бошад. Афв ҳам мантиқан барои амволе қабул мешавад, ки ягон камбудие дар муомилот ё санадгузорӣ роҳ дода шудааст. Агар камбудӣ надошта бошад ва ҳама чиз сад дар сад мувофиқу қонунгузорӣ бошад, пас қонунҳо ва санадҳои зиёди афв барои кадом ҳолатҳо қабул шудаанд? Ҳол он, ки аз тарафи мо, сохибмулкони имрӯзаи бозор бо эътирофи худи мақомоти тафтишотӣ ягон қонуншиканӣ содир нашудааст ва тибқи Сарқонуни кишвар ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ давлат вазифадор аст, ки моликияти хусусии шаҳрвандонро ҳимоят кунад ва кафолат диҳад.
Як қоидаи маъруфи ҳуқуқӣ аст, ки дар сурати баҳси иқтисодӣ байни мақоми давлатӣ ва шаҳрванд, дар сурати гунаҳкор набудани шаҳрванд, бояд манфиати шаҳрванд авлавият пайдо кунад. Дар ҳолати мо, шаҳрванд ҳамчун харидори бовиҷдон назди қонун ягон камбудӣ надорад ва давлат, аз ҷумла мақоми судӣ, ки яке аз шохаҳои мустақили давлатӣ ном гирифтааст, бояд аз манфиати шаҳрванд ҳимоят кунад.
Тибқи Конститутсия, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон шудааст. Ва ҳар қароре, ки вазъи иҷтимоии шаҳрвандро аз пешина бадтар мекунад, наметавонад ҳукми қонунӣ дошта бошад. Агар қарори суд Худое накарда ба гирифтани моликияти мо содир карда шавад, на як шаҳрванд, балки садҳо шаҳрвандон бо айби мақомоти давлатӣ зарари молӣ ва маьнавӣ мебинанд, ки барои давлати иҷтимоӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ муносиб нест. Зеро дар ин бозор бештар аз 700 соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ҳар кадом чандин нафари дигарро мехуронанд.
Мӯҳтарам суд!
Мехостам диққати Шуморо ба як нуқта ҷалб намоям. Тоҷикистон тибқи Сарқонун аз се шохаи ҳокимият иборат аст: иҷроия, суд ва қонунгузор. Салоҳияти фуруши амволи давлатӣ ба души мақомоти иҷроия мебошад ва объекти мазкур дар вақташ барои фуруш аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ омода шудааст. Тавре, ки аз гузориши намояндаи Ҳукумати иҷроия маълум гашт, ин раванд чандин марҳаларо гузаштааст ва чанд маротиба дар расонаҳо эълони фуруш вуҷуд доштааст. Комиссияи дахлдори мақомоти иҷроия онро санҷидааст ва ҳуқуқшиносони мақомот зери он имзо кардаанд. Агар камбудие ҷой дошт, пас камбудии худи мақомот мебошад. Имрӯз намояндагони дигари ҳамин Ҳокимияти иҷроия ҳамчун даъвогар баромад карда истодааст, ки гуё замоне ин моликияти давлатӣ нодуруст фурухта шудааст. Саволе ба вуҷуд меояд, ки агар 15 сол пеш камбудие содир шудааст, ин камбудиро кадом шохаи ҳокимият содир кардааст? Иҷроия? Суд ё қонунгузор? Ё шаҳрвандон, ки ба мақомоти иҷроия бовар карда онро харидаанд ва боз бо қарори ҳукумати иҷроия маблағ сарф карда, бозори калон сохтаанд? Магар худи ҳокимияти иҷроия масъулияти фуруши амволи давлатиро надорад? Магар ҳамин моликият 15 сол пеш аз тарафи мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия ба фуруш гузошта нашуд ва ин камбудиро содир накард? Модоме ки чунин аст, пас мантиқи ҳуқуқӣ куҷо мешавад ки худи гунаҳкор имрӯз аз болои камбудии содиркардаи худ даъво биёрад ва ҷуброни камбудии содиркардаи ӯро шаҳрвандони бегуноҳ пардохт кунанд?
Ин даъво ва ин парванда на танҳо супоришӣ, сиёсӣ ва ноодилона аст, балки ба ягон мантиқ рост намеояд. Ҳам муҳлати пеш овардани даъво гузаштааст, ҳам ин моликият тибқи чандин санади ҳуқуқӣ афв шудааст аа ҳам ягон далеле барои содир шудани камбудӣ аз тарафи соҳибмулкон вуҷуд надорад.
Аз руйи тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ, мантиқӣ ва ахлоқӣ ин даъво бояд баргардонида шавад. Агарчи пештар ҳам нисбати ман ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ҳукми суд содир шуда буд, ки бояд барои суханрониам дар ҷаласаи парлумон узрхоҳӣ намоям. Ин ҳукм на танҳо дар таърихи кишвари мо, балки дар таърихи парламентаризми дунё намунае надорад ва исбот кард, ки мақомоти судии мо ҳанӯз ҳам натавонистаанд ба истиқлолияти комили конститутсионии худ бирасанд ва аз фишори мақомоти иҷроия раҳо ёбанд. Табиист ки вақте вакил наметавонад назари хешро дар парлумон озодона бигӯяд, тибқи фаҳмиши ин мақомот, ӯ чигуна метавонад соҳиби молу мулк бошад ва дар баробари истиқлолияти сиёсӣ боз истиқлолияти иқтисодӣ низ дошта бошад?!
Аниқ аст, ки ташаббускорони ингуна парвандаҳо ҳеҷгоҳ дар фикри манфиатҳои давлату миллат набудаанд ва нестанд. Агар мебуданд, манфиатҳои шахсӣ ва гуруҳии худро болотар аз манфиатҳои дигар шаҳрвандон ва қонун намегузоштанд. Ин маънои онро дорад, на қонун, балки танҳо шахсиятҳои алоҳида муайян мекунанд, ки дар ин Ватан кӣ моликияту тиҷорат дошта бошад ва кӣ муҳтоҷу мунтазири дасти дигарон бимонад.
Мӯҳтарам суд!
Бо назардошти гуфтаҳои боло, агар шумо имрӯз ё ҳар вақти дигар ҳукми гирифтани моликияти моро ҳам содир кунед, аз шумо ва низоми судии кишвар гиламанд нахоҳам буд. Чун мушаххас аст, ки қарор дар он сурат сиёсӣ хоҳад буд, на ҳуқуқӣ. Ҳукми гирифтани моликияти мо танҳо дар як сурат метавонад содир шавад ки агар супориши қатъии мақомоти баланди давлатӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ин сурат шумо илоҷе дигаре надоред. Дигар ягон далел вуҷуд надорад. Ин ҳамаро аз фаъолияти сиёсӣ ва мавқеъи шаҳрвандии худ медонам.
Эътиқод дорам, ки ризқро Худованд медиҳад ва бо гирифтани моликияти мо касе таъсир болои мавқеъҳои шахсии мо расонида наметавонад. Ҳеч тағйире дар мавқеъҳои мо нахоҳад буд. Ва фикр нашавад, ки дар сурати гирифтани моликияти мо мавқеъи тундтаре хоҳем гирифт. Шояд касоне ҳастанд, ки бо фишорҳо алайҳи дигарандешон мехоҳанд сафи норозиёни ҳукуматро бештар кунанд ва бо лой кардани об ба ҳадафҳои худ бирасанд.
Агар ҳадафи мо моликият мебуд, мисли дигарон хушомадгуйӣ мекардем, вале тули фаъолияти соҳибкориам танҳо ба хотири истиқлолияти иқтисодии хеш ва наздиконам фаъолият доштаам. Бо доштани имконият, ҳанӯз ҳам бо ҳафт фарзанд дар хонаи сеутоқа зиндагӣ мекунем, вале даҳҳо варзишгару адибу донишҷуёнро, шукри Худованди карим тавонистем кумаки молӣ намоем.
Агар мабодо қарори суд бар зидди мо содир шавад, умедворам, касоне ки ин моликияти моро дар оянда соҳиб мешаванд, ба назар хоҳанд гирифт, ки ин моликият аз моли ҳаллоли ҳамватанонашон ба даст омада буд ва даромадаш дар кори ҳалол сарф мешуд. Ва онҳо ҳам даромади ин бозорро дар корҳои ҳалол сарф хоҳанд кард.
Инчунин, садҳо хонадон аз ин макон ризқашонро то имрӯз меёфтанд ва умедворам, ки мақомот ба хотири мо онро вайрон нахоҳанд кард. Агарчи, дар сурати қонеъ гардонидани даъво онҷо дигар наметавонад бозор бошад, вале ба таври истисно ё бо тафсири дигари қонун нигаҳ доштани он ба мақсад мувофиқ мебуд.
Бори дигар ташаккур мекунам, ки ба мо фурсати суханро додед, мӯҳтарам суд».




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста
Душанбинец6 апреля, 2014 15:45
Азия Плюс как всегда верен себе Сами пишут статьи и сами же под разными никами пишут комменты Браво! Так держать!
Бахтиёр6 апреля, 2014 09:23
Преподавателям школы №1 Зафарабада не выдают зарплату вот уже 5 месяцев. Вам не стыдно? Куда вы смотрите? Агентство, вам же это известно почему не применяете меры или вы от этого что то имеете? Если не так то докажите это, или вы только политические заказы выполняете? Неужели так трудно это проверить? Вот так вот, вам просто наплевать на это!!! Вы не являетесь независимыми. Лично я уже вам не верю!!!
Дильбар6 апреля, 2014 08:49
ребята вы же все слышали что на Украине лозунг "грабь награбленное" и у нас это повторяется. Сама приватизация ведь называлась ПРИХВАТИЗАЦИЕЙ потому что честно заработать в Таджикистане даже на маленькую однокомнатную квартиру НЕЛЬЗЯ (я не имею ввиду наших гострабайтеров)те кто работал на гос.службе и т.д. За всё в жизни надо платить и рано или поздно но это бывает у всех.
Ahkom5 апреля, 2014 20:07
Вы упоминули следующие:"Где ж соблюдение закона, н-н Кабири о запрете депутатам заниматься предпринимательской деятельностью?" По вашему кроме Кабири нет у нас депутатов занимаюшийся бизнесом ? Если Вы знаете депутаты получают не более 5000 баксов ! Тепер сами сравнивайте откуда же у них коттежди стоимостью более 300 тысяч машины стоимостью не менее 15 Тысяч ? При том что у этих депутатов не одна жена и не маленькие семьи , нука посчитайте покрывает ли все эта... НЕ надо из за личного интереса кто бы нибыл закрыт глаза на все и бросаться за ...
Dima5 апреля, 2014 01:28
Уважаемый господин Кабири,на президеньских выборах многие из нас надеялись,что вы выставите свою кандидатуру или по крайней мере объединитесь с другими опозиционнными партиями,но к сожалению вы устроили какой то спектакаль.Теперь пожинайте плоды.Не знаем что вам там пообещали,но мне кажетя,что вас просто использовали и обманули.Теперь у вас отберут бизнес и может быть посадят.
таджичка4 апреля, 2014 20:20
Почему этот комитет не интересуется кто монополизировал продажу хлопка в республике? или делами сомон эйр? или хлопкоперерабатывкающими заводами-кому они принадлежат? или фирмами, монополизировавшими строительство в душанбе?Кстати, хукумов-младший ,совершивший аварию, в результате которой погибли трое, до сих пор не понес наказание...В своем глазу и бревна не видят...
сафар4 апреля, 2014 17:07
у нас есть закон: кто одобряет политику вышестоящих, тот может свободно воровать, приобрести себе все что угодно. А те, кто не скогласны с выщестоящим, даже если они честные, из них сделяют вора и посадят. Вывод: либо совесть, либо любовь к нему.
Бррр4 апреля, 2014 12:36
Бесконтрольная власть пьянит. Таджикистан превратился в деспотию. Очень темное будущее у Таджикистана.
Pank4 апреля, 2014 11:51
У вас когнитивный диссонанс дамочка. Жирно лизать походу ваше жизненное кредо
Сомон4 апреля, 2014 09:37
Если почитать в СМИ последние за несколько лет статьи и жалобы о работе судьях в Турсунзаде, то можно предположить какое будет решение. Суд Турсунзаде очень редко принимал правильные решения...
Ахмад4 апреля, 2014 08:32
оооо понеслась, наше государство решило теперь отбирать все что люди нажили и заработали, начало конца-----,НЕ ЗАРАБОТАЛИ,А НАВОРОВАЛИ
FARID3 апреля, 2014 21:15
Антикоррупционному ведомству следует направит силы на чиновников воров которые разоряют государство, а не за противниками президента гнаться!!! А вообще данный орган был создан чтобы бороться с коррупцией, а не гнаться за неверными!!! У нас в государстве везде берут взятки и это стало нормой... начиная с социальных служб заканчивая милицией и судами. Работники всех этих служб настолько наглые и аморальны, что противна на них смотреть. Если быть честными, то следует антикоррупционному ведомству заниматься делами окружающих президента, так как и там можно подкопать много интересного.
Бекор3 апреля, 2014 17:56
Какое такое государство? Внуки выросли.
Nodira3 апреля, 2014 17:00
ну вот зачем лапшу вешать насчет жены - предпринимательши? Ясен пень, он сам всем заправляет. Потому так много ездит в командировки, якобы по политическим делам, на самом деле бизнесом ворочает. Где ж соблюдение закона, н-н Кабири о запрете депутатам заниматься предпринимательской деятельностью? И не жирно прогуливать по своим делам работу и еще хорошую депутатскую зарплату получать? Не надо тут привирать по поводу "фас"-а. Сколько можно терпеть этих плутократов, прикрывающихся Исламом и демократией? Помнится этот Кабири в виповском журнале Азии плюс вещал о своем бизнесе. Или закон не знает, или уверовал в свою безнаказанность? Они же чуть что начинают орать о притеснении. Значит, можно вовсю законы нарушать.
Салам3 апреля, 2014 16:25
Рано или поздно нечего будет воровать и начнут воровать у друг друга
Ман Точикам3 апреля, 2014 16:22
Ин Кабири мегуяд ердам додед барои халк? Шумо Бозор сохтен шумо Магазинхои бисеро сохтен Шумо фикр мекунед, ки Халкда ердам додаед? Не шумо хато мекунед. Вакте, ки Шумо ягон заводи калон месозед чои кори барои халк мухае мекунед ана дар ин вакт шумо гуфта метонед. Озир шумо Акаи Кабири ичиз нестен шумо. Ин ришу фаша бинед. Бо ин Ришу фашатон шуморо чихел ба вуруди Парлумон даромадан мемонанд. Шумо бо пули Халк кор кардестен. Шумо ози агар Тагатона кобанд хаминкае Нарушения доред, ки Шумо ин корхоро тарафи Давлат накунед. Шумо хаматон агар Тагмона кобанд мебанд. Дар Точикистон 2 партия хаст ки факад Чангро мехоханд.
kodir3 апреля, 2014 13:47
ооооо понеслась, наше государство решило теперь отбирать все что люди нажили и заработали, начало конца
Fara3 апреля, 2014 13:30
У меня такое ощущение, что команда "фас" хорошо оттренирована и не имеет команду "фу, нельзя"! Завтра дело дойдет до новостроек, общепитов, туалетов, типа незаконнная приватизация и строительство, передать на баланс государства ))). Нам все мало и мало, надо больше и больше! Как тот мультфильм с золотой антилопой! Хочу еще, еще!