Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон барои кӯдакони синнусоли томактабии Тоҷикистон бо теъдоди 34 ҳазору 850 нусха 25 номгӯи китоб ба нашр расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар таҳияи ин китобҳои дар Туркия нашршуда 10 нафар шоирону нависандагон ва 7 нафар рассомони кишвар саҳм гирифтанд. Китобҳо тақриз ва аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф ва Академияи улуми педагогии ҶТ тавсия дода шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, китобҳо дар доираи лоиҳаи «Мутолиа барои кӯдакон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, таҳия ва чоп шудаанд.

Ба қавли менеҷери барномаи маорифи Бунёди Оғохон Зулобӣ Мамдфозилов, барои шоирону навсиандагоне, ки дар таҳияи ин китобҳо саҳм гирифтанд, Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон пешакӣ оид ба рушди қобилияту малака дар омодасозии маводҳо барои хониш ва китобҳо барои кӯдакони синнусоли томактабӣ ва синнусоли барвақти мактабӣ як семинари омӯзишӣ доир намуд. «Ба семинар мураббии хориҷӣ ва бо мақсади табодули таҷриба нависандагони Қирғизистон даъват шуданд, ки дар амалисозии чунин лоиҳа таҷриба доранд», - иброз дошт ӯ.

Китобҳои мазкур дар ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон ва се ноҳияи ВМКБ, ки лоиҳа амалӣ шуда, дастрасии волидони кӯдакони синнусоли томактабиро ба нашрияи хушсифат тақвият мебахшад, паҳн карда хоҳад шуд.

Мамадфозилов ҳамчунин изҳор намуд, ки нашриёти «Истиқбол» ин китобҳоро дубора ба чоп мерасонад, зеро он барои устувории амалисозии лоиҳа ва тавсеъаи дастрасии кӯдакони тамоми манотиқи Тоҷикистон ба китобҳои тозанашр хеле муҳим мебошад.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Мутолиа барои кӯдакон дар Тоҷикистон» бо дастгирии Вазорати маориф, Академияи улуми педагогии ҶТ ва ҳамчунин Донишкадаҳои такмили ихтисоси омӯзгорони ВМКБ ва вилояти Хатлон мавриди амалишавӣ қарор дорад.