Ширкати Qatari Diar Real Estate Investment ба сокинони маҳаллӣ имконияти дидани манзараи беҳамтои маҳаллаи бисёрвазифагӣ аз хонаи намунавии нав пешниҳод мекунад. Дарҳои якумин хонаи намунавии маҳаллаи Диёри Душанберо кушода, ширкати Qatari Diar ба сокинони Тоҷикистон имконияти беҳамтои бевосита дида баромадани ҳаёти бошукуҳ медиҳад.
Тавре аз ширкати мазкур хабар доданд, хонаи намунавӣ ба сокинони маҳаллӣ имконият медиҳад, ки натиҷаи кори ширкати Qatari Diar-ро, ки дар соҳаи рушди устувор пешсафи байналмиллалӣ буда, ҳаёти пуршукӯҳро дар Душанбе аз нав муайян мекунад, назар андозанд.
Хонаи намунавӣ барои меҳмононе, ки мехоҳанд оиди инфрасохтори интегратсияшудаи маҳалла маълумоти бештар гиранд, кушода мебошад. Он фоидаҳои моликони амволи ғайриманқули Диёри Душанберо аз меъёрҳои баландтарини байналмиллалии сохтмон, хизматрасонии коммуналӣ, технологияҳо ва бошукуҳӣ нишон медиҳад.
Кушоишро шарҳ дода, муҳтарам Халед Моҳаммед ал-Сайед, Директори калони иҷроияи ширкати Qatari Diar, гӯфт: "Хонаи намунавии нави мо ба сокинони маҳаллӣ имконият медиҳад, ки тарзи амалӣ гардонида шудани лоиҳаи зеҳниро аз тарафи Диёри Душанбе дар пойтахти Тоҷикистон тавассути сохтмони маҳаллае, ки аз амволи ғайриманқули истиқоматӣ, савдо ва тиҷоратӣ иборат буда, ҳаёти бошукуҳро дар Тоҷикистон аз нав маънидод мекунад, бевосита омӯхта гиранд».
Ӯ афзуд: "Азбаски ҳар як хусусияти маҳалла махсусан барои таъмини инфрасохтор барои зиндагонии "зеҳнӣ", бехатар ва бошукуҳ дида баромада шудааст, Диёри Душанбе бояд макони якуминдараҷаи тиҷоратӣ ва истиқоматии минтақа шавад."
Дар Диёри Душанбе як қатор навъҳои хизматрасонӣ пешбинӣ мешаванд, аз он ҷумла таъмини нерӯи барқ ва об, камераҳои назорати амният, рӯшноӣ бо сенсорҳои ҳаракат ва шабакаи торӣ-оптикӣ барои таъмини пайвасти баландсуръат ба Интернет.
Маҷмаа дар лаби Канали Ҳисор ва назди Кӯли Ҷавонон ҷойгир буда, лоиҳаи мазкур 68 ҳазор метри мураббаъро ишғол хоҳад кард. Маҳалла барои таъмини ҳаёти беташвиши оилавӣ бо кабудизорҳо, роҳҳои пиёдагард ва манзараҳои зебо ороиш дода мешавад.
Илова бар ин, тасмим гирифта шудааст, ки маҳалла барои таъсис додани 1500 ҷои кор саҳм гузошта, баъд аз кушода шудани меҳмонхона, тарабхонаҳо ва идораҳои дигари иҷтимоӣ-маишӣ 400 ҷои кори дигар таъсис хоҳад ёфт.
Халед Моҳаммед ал-Сайед давом медиҳад: "Мо аз пешрафти корҳои марҳилаи якуми сохтмон ба ваҷд омадем. Дар баробари таъсиси шумораи зиёди ҷойҳои кор, Диёри Душанбе барои дастгирӣ кардани иқтисодиёти рӯ ба тарақии Тоҷикистон ва тақвияти муносибатҳои байни Қатару Тоҷиқистон саҳм гузошта, барои ҳамкории оянда имкониятҳо таъмин мекунад.
Иншооти Диёри Душанбе таҳти назорати ширкати маҳаллии масъулияташ маҳдуд Qatari Diar - Tajikistan қарор дорад, ки дар тасарруфи пурраи Qatari Diar мебошад. Мушовирони байналмилаллӣ хизматҳои тарроҳии худро барои маҳалла дар марҳилаҳои дуюм ва сеюм пешниҳод хоҳанд кард, ки биноҳои иловагии истиқоматӣ ва тиҷоратӣ дар бар мегиранд, ки барои мақсадҳои савдо ва идораҳо дорои масоҳаҳои калони бино хоҳанд дошт.
Соли 2011 Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди сохтмончиёни Тоҷикистон Диёри Душанберо "Беҳтарин лоиҳаи омори ороишии" Тоҷикистон номиданд.
Ғайр аз ин, соли 2013 Диёри Душанбе ҷоизаи панҷ ситораи озмуни Asia Pacific Property Awards-ро дар унвони "Лоиҳаи беҳтарини маҳаллаи бисёрвазифагӣ" бурд намуд. Дар соли 2014 шӯрои бонуфуз лоиҳаро такроран сазовори эътироф дониста, ба Диёри Душанбе дар унвони "Меъмори бисёрвазифагӣ" инъоми таҳсиномез бахшид.
Манзили истиқоматӣ соли 2012 сохта шуда ва аллакай барои харид дастрас буда, қисми марҳилаи якуми лоиҳа мебошад. Шахсоне, ки мехоҳанд маҳалларо зиёрат кунанд, ба маркази намоишии ширкат ё ба сомонаи www.diardushanbe.com давъват карда мешаванд.
Ширкати сармоягузори Qatari Diar Real Estate Investment аз тарафи Раёсати сармоягузори Қатар барои дастгирии иқтисоди рушдёбандаи Қатар таъсис дода шудааст. Ширкат дар 49 лоиҳаи бузург дар 29 давлати ҷаҳон иштирок варзида, арзиши он 35 миллиард доллари ИМА тахмин карда мешавад. Ширкати Qatari Diar соли 2005 аз тарафи Фонди некӯаҳволии миллии Давлати Қатар ваколатдор карда шуда, мақсадаш муайян кардани афзалиятҳо ва ҳамоҳанг сохтани рушди соҳаи амволи ғайриманқул дар Қатар мебошад. Дар баробари ин, ширкат ба ҳадафҳои Назари миллии Қатар барои соли 2030 мусоидат мекунад. Qatari Diar дар соҳаи амволи ғайриманқул лоиҳаҳои олии дохилидавлатӣ ва байналмилаллӣ амалӣ гардонида, пайрави ашаддии таъмини сифат ва устувории ҷомеъаи байналмиллалӣ мебошад. Аз ин рӯ, Qatari Diar унвони яке аз ширкатҳои боэътимодтарини дунёро дар соҳаи сохтмон нигоҳ медорад.




«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста