Донишҷӯдухтар аз Тоҷикистон Ёсамин Мӯсоева, ки дар Донишгоҳи давлатии Беларус таҳсил мекунад, дар озмуни зебогии «Miss Inrnational BSU-206» пирӯз дониста шуд.
Бино ба маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии Беларус, ин озмуни миёни донишҷӯдухтарони кишварҳои хориҷии муассисаи таълимӣ гузаронида шудааст.
Гуфта мешавад. рӯзи 17 март қисмати ниҳоии озмун доир гардида, дар он 8 нафар довталабон аз Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Нигерия ва Туркманистон ширкат варзидааанд ва ҳакамон ба маҳорату малакаҳои гуногуни донишҷӯдухтарон аз қабили рафтор дар ҷамъи мардуми зиёд, латофату назокат, қобилияти андешаронӣ, сарулибос, сатҳи дониши онҳо дар равоншиносӣ, тиҷорат, фарҳанги кишвари худ ва ғайра баҳогузорӣ кардаанд.
Тибқи натиҷагирии ҳакамони озмун, донишҷӯдухтар аз Тоҷикистон Ёсамин Мӯсоева, ки донишҷӯи соли дуюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳ аст, ғолиб эътироф гардидааст. Ҳамчунин Ёсамин дар номинатсияи «Miss Online International» (аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ дар шабакаи иҷтимоии Вконтакте) низ пирӯзӣ ба даст овардааст.
Дар ин маросим намояндагони корпусҳои дипломатии муқими кишвари Беларус низ ширкат варзидаанд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки айни замон дар Донишгоҳи давлатии Беларус беш аз 2300 нафар донишҷӯён аз 50 кишвари хориҷӣ таҳсили илм мекунанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста