Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо даъвати густариши ҳамкориҳо дар самти таъминот бо сабзавоту мева ба роҳбарони як қатор минтақаҳои Русия муроҷиат кард.
Дар номаи ирсолшудаи раиси ПСС ҶТ рӯйхати корхонаҳои истеҳсолкунандаи сабзавоту мева ва ташкилотҳои савдои яклухт бо ишораи суроғаҳо (реквизитҳо)-и онҳо барои роҳандозии робитаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидории ду кишвар зикр шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон ба имзои қарордодҳо ҷиҳати таъминоти минтақаҳои Русия бо сабзавоту мева, маҳсулоти консервшуда, шарбатҳо, асал, зироати полезӣ ва ҳамчунин хушкмева ният дорад.
Дар номаи Шариф Саид қайд мешавад, ки муддати солҳои тӯлонист, ки миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон Русия мақоми аввалро ишғол менамояд. «Роҳандозии долони устувори интиқоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Русия хеле муҳим аст», - чунин мешуморад ӯ.
Раиси ПСС ҶТ мутмаин аст, ки барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва содироти сабзавоту мева заминаи зарурӣ муҳайё аст. «Истеҳсолкунандагони сабзавоту меваи Тоҷикистон ҳосилнокӣ ва ҳаҷми содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар зиёд карда метавонанд. Танҳо тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон 75 ҳазор гектар майдони токзори нав бунёд шуда, панҷсолаи минбаъда боз дар 20 ҳазор гектар ангурзори нав парвариш меёбад. Дар аксари боғу токзорҳои ангур навъҳои содиротӣ парвариш меёбанд, ки меваашон дар хориҷи кишвар талабгорони зиёд доранд», - қайд кардааст ӯ.
Дар нома зикр мегардад, ки дар бахшҳои сабзавотпарварӣ ва сабзавоти барвақтӣ ва ҳамчунин истеҳсоли лимӯву анор, коркард ва консервкунии маҳсулоти сабзавоту мева, истеҳсоли шарбати сабзавоту мева, афшураи помидор (томат), намакхобонӣ, нӯшокиҳо, мураббо ва асал низ амалисозии тарҳҳои бузургмиқёс дар назар аст.
«Аз ҳисоби ҷалби фермерони хусусӣ Тоҷикистон танҳо ба Русия содироти сабзавоту меваро 5 маротиба зиёд карда метавонад. Аллакай ҷумҳурӣ ба Русия то 80%-и маҳсулоти кишоварзиро содирот мекунад», - таъкид доштааст Шариф Саид.
Бино ба маълумоти ПСС Тоҷикистон, дар посух ба номаи Шариф Саид аз 53 корхонаҳои машғул ба истеҳсол ва фурӯши сабзавоту мева ва ташкилотҳои савдои яклухти шаҳрҳои Санкт-Петербург, Маскав, вилоятҳои Маскаву Пенза ва Ҷумҳурии Бошқирдистон пешниҳодҳо фиристода шудаанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста